Қонун ва иҷрои он

Аз тадбирандешӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ набояд нороҳат шуд

№131 (4237) 24.10.2020

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли равон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд.

Тибқи муқаррароти онҳо, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷазо пурзӯр мегардад. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон, бинобар огоҳӣ надоштан аз моҳияту муҳтавои қонунҳои зикршуда ва ҳадафи ин иқдом, муқаррароти онро сарфи назар менамоянд.  Ба назар чунин мерасад, ки тадбирандешии мазкур боис ба нороҳатии ашхоси мавриди назар шудааст. Ҳол он ки ибтикори мазкур ба ҳифзи неъмати бебаҳо – саломатӣ дахл дошта, иҷрои талаботи зикршудаи қонун зарур ва ногузир мебошад.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо сари вақт пешгирӣ кардани он таҳдидҳое мебошад, ки дар оянда метавонанд ба вуҷуд оянд.  Бегуфтугӯ, иқдоми мазкур дар шароити кунунӣ, вобаста ба мавҷи дуюми бемории сирояти коронавирус муҳиму саривақтӣ аст. Тибқи иловаҳои воридшуда, агар шахс дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор дошта бошад, аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима хоҳад гашт.

Қаблан дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии мамлакат барои риоя накардани қоидаҳои ҳатмӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ба миён омадан ё паҳн шудани бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сирояткунандаи барои инсон хавфнок қабул шудаанд,  ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардида буд. Сухан сари он аст, ки ин муқаррарот моҳияти умумӣ дошт. Ба ибораи дигар, қабули қонунҳо «ихтироъ» набуда,  ҳадаф мушаххастар кардани муқаррарот маҳсуб мешавад.

Моҳиятан таҳия ва қабули қонуни мазкур идомаи мантиқии корҳои аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардида мебошад.  Шоҳиди он ҳастем, ки вобаста ба ҳолати баамал­омада Ҳукумати кишвар бетаъхир чораандешӣ намуда, маҳз дар ин замина шиддати сироятёбӣ ба ин беморӣ хеле кам шуд.

Таъминот бо доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ низ дар сатҳи хубу сифати баланд буда, аксари сироятёфтагон шифои комил ёфтанд. Ҳар рӯз хушхабар мешунавем, ки дар пойтахт ва манотиқи гуногуни мамлакат беморхонаҳо, ки вобаста ба зарурат барои қабули сироятёфтагони коронавирус пешбинӣ шуда  буданд, ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргаштанд.

Вале ин омил набояд боис ба   фориғболу бетафовут  гардидани шаҳрвандон шавад. Баръакс, таҷрибаи ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон далели он аст, ки пастшавии шиддати сироятёбӣ набояд замина барои муносибати дуюм­дараҷа зоҳир намудан  ба беморӣ бошад. Зеро хавфи аз нав доман паҳн кардани коронавирус то ҳанӯз боқист.

Ҳадафи ибтикори мазкур якто – ҳифзи саломатии аҳолӣ буда, ба ҷанбаҳои дигар вобаста донистани он мантиқан нодуруст аст, зеро мавҷуд набудани муқаррароти зикршудаи қонунгузорӣ то андозае мардумро фориғбол карда, метавонист ба зуҳури такрории коронавирус замина фароҳам орад. Бо дарназардошти ин метавон гуфт, ки муқаррароти мазкур ҳисси масъулиятшиносии аҳолиро тақвият бахшида, муҳимтар аз ҳама, барои ҳифзи неъмати бебаҳо – саломатӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби дигар, пешбинӣ гардидани чунин намуди муҷозот падидаи нав ва танҳо хоси кишвари мо набуда, дар марҳилаи паҳншавии коронавирус дар аксар кишварҳои олам роиҷ гардид.

Сайлигул ҲОМИДОВА,

омӯзгори МТМУ №77-и шаҳри Душанбе