Андеша ва пешниҳоди омӯзгор

Ба таълиму тадрис афзалияти бештар бояд диҳем!

№6 (3800) 13.01.2018

Tajikistan EducationТавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (22-юми декабри соли 2017) иброз намуданд: «Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд». Ҳукумати кишвар барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, тайи ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуд.

Бахусус, дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, ислоҳот ва нав­созиҳо босуръат пеш рафта истодаанд. Барои мисол, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 — 2020» қабул гардида, саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуд.

Инчунин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ироа гашт,  мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом доданд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро гирифт. Яъне, аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Дар панҷ соли охир маб­лағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 ва 25 фоиз афзоиш ёфт. Бинобар ин, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷет, аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд мегардад.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд.

Дар робита ба ин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маҳсулот аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шуд. Инчунин, зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Мо — омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳама зина беҳтар намоем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имкон истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшида, самарабахшии фаъо­лиятро таъмин созем.

Саратон Маҳмудова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

№ 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе