Бахши нави омӯзишӣ дар «Сомон Эйр»

№136 (4242) 03.11.2020

Аз Маркази таълимии авиатсионии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки он ҷо курси нави омӯзишии «Амалиёти операторони (кассирҳои) агентиҳои аккредитатсияшудаи фурӯши интиқолот дар асноди интиқолии стандартии низоми ҳисоббаробаркунии нақлиёти ҳавоӣ»  ба фаъолият оғоз менамояд.

Бо ин мақсад қабули шунавандагон эълон шудааст ва ба онҳо дар ҳашт рӯз маълумоти таълимии барои кори кормандони низоми ҳисоббаробаркунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ зарур пешниҳод гардида, тарзи корбарӣ дар низомҳои бандкунӣ ва барасмиятдарории интиқолот омӯзонида мешавад. Баъди хатм таълимгирифтагон соҳиби шаҳодатномаи корбарии низоми ҳисоббаробаркунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2019 аз Палатаи клирингии нақлиёт оид ба аккредитатсияи маркази таълимӣ шаҳодатнома ба даст овард, ки ваколати марказро барои омӯзонидани кормандони вобастаи низоми ҳисоббаробаркунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ тасдиқ мекунад. Бо гирифтани рамзи ДШБ01 Маркази таълимии авиатсионии (МТА) Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад курсҳои омӯзиширо ба роҳ монад.

 МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» фаъолият мекунад ва дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯйизаминӣ мебошад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла, дастурдиҳандагоне гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодаи ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии шуҳратманди ҷаҳон дарс омӯхтаанд. Маркази таълимии авиатсионии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад, ки ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад. Илова бар ин, зерниҳоди мазкур курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳои «Boeing 737 Classic» ва «Boeing 737 Next Generation», ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати сарнишинон, инчунин, мутахассисон оид ба бехатарии авиатсиониро ташкил намояд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»