Собиқадорони маориф

Бахти баланди Ҳоҷӣ Раҳмон

№151 (3136) 30.11.2013

Бахти баланди Ҳоҷӣ РаҳмонУстоди варзиши Тоҷикистон, Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштии миллӣ ва тарзи озод, Аълочии маорифи Тоҷикистон Раҳмон Гандумовро дар ҷумҳурӣ чун  паҳлавони шинохта ва омӯзгори шоиста хуб мешиносанду дар ҷамъомаду маъракаҳои хурсандӣ эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Синну соли Раҳмон-паҳлавон имсол ба 70 расид. Аз ин миқдор зиёда аз 50 солашро ӯ ба  тарбияи насли наврас ва паҳлавонҳои  имрӯзаи тоҷик бахшидааст.

Чанде пеш ӯ меҳмони рӯзномаи мо буд ва  аз роҳи тайнамудааш суҳбат доштем.

Ӯ зодаи деҳаи Жамаги водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ мебошад. Баъди хатми мактаби миёна якчанд муддат дар ноҳияи Куйбишев (ҳоло  ноҳияи А.Ҷомӣ) муаллимӣ кард. Соли 1961 дар назди Институти такмили ихтисоси муаллимони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курсҳои дусолаи муаллимони забони русӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ифтитоҳ ёфт. Раҳмони ҷавон низ баробари дигарон ба Хоруғ фиристонида шуд. Дар ин курсҳо омӯзгорони ботаҷриба Зайд Назиров, Нина Башева,  Ақризобек Алиназаров ва дигарон тайи се сол шогирдонро тайёр намуданд, ки баъдҳо на танҳо дар вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ, ба таълими забони русӣ дар мактабҳо машғул шуданд.

Азбаски он солҳо гӯштигирӣ ва паҳлавонӣ дар Бадахшон ба қуллаи баланд расида буд, Раҳмон низ баробари омӯзиши забони русӣ фурсат ёфта, ба толори варзишӣ мерафт ва зери роҳбарии Устоди спорти СССР Шамшербек Қурбонбеков ва Устоди спорти Тоҷикистон Шанбе Навҷавонов гӯштии тарзи озод машқ мекард. То хатми курсҳо аллакай ӯро чун паҳлавон дар вилоят мешинохтанд.

Баъди хатми курсҳо Раҳмони ҷавон ҳам тарзи дарс додани забони русиро аз худ карду ҳам чун паҳлавони шинохта ба зодгоҳаш -деҳаи Жамаги водии Язгулом баргашт. Ӯ ифтихор дошт, ки нахустин омӯзгори забони русӣ дар ин водии дурдаст  буд. Минбаъд паҳлавони ҷавону шинохтаи язгуломӣ Раҳмон Гандумовро тез- тез ба  мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ даъват мекарданд ва ӯ дар бештари мусобиқаҳо дастболо мешуд.

Дар чунин мусобиқаҳо ӯ бо паҳлавонҳои шинохта Асайнӣ  Шоқаландаров, Қурғанқадам Саодатқадамов, Назармамад Мералишоев, Шодмон Алифбеков, Шанбе Навҷавонов, Шодихон Муборакшоев, Нодил Лифаев, Сангалӣ Наврӯзбеков, Писар Бекмамадов, Мамадорис Асаншоев ва дигарон шинос шуд ва аз ҳар кадоме чизе омӯхт.

-Он солҳо дар вилоят беҳтарин паҳлавонон ба воя расида буданд ва қариб дар ҳама мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дастболо мешуданд. Вале, ба пиндори ман, гӯштигирони беҳтарини Бадахшон Шамшербек Қурбонбеков, Қурғанқадам Саодатқадамов ва Нодил Лифаев ба ҳисоб мерафтанд, -мегӯяд ӯ.

Соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ барпо гардид. Дастаи яккачини гӯштигирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин мусобиқа иштирок карда, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Нодил Лифаев, Писар Бекмамадов, Ҳукуматшо Ғайратов, Булбулхон Шаҳбозбеков аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Худоназар Боқиев, Ғиёсиддин Намозов, Абдусалом Раҳимов ва дигарон аз шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ҷойи якумро ишғол намуда, Чемпиони Тоҷикистон шуданд. Паҳлавони шинохта Раҳмон Гандумов дар вазни 76 кило бар ҳарифонаш ғолиб омада, Чемпиони Тоҷикистон гардид ва меъёри Устоди спорти Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Пас аз ду соли омӯзгорӣ раҳбарияти вилоят маҳорати баланди варзишии омӯзгори ҷавони мактаби ҳаштсолаи деҳаи Жамаги водии Язгуломро ба назар гирифта, барои такмили ихтисосу маҳорати варзишӣ ба факултети тарбияи  ҷисмонии Институти давлатии тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко фиристонид. Вай солҳои 1965-1970 дар институт таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ шуд.

-Вақте ки барои таҳсил ба институти педагогӣ омадам, аллакай Устоди спорти Тоҷикистон ва Чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштии миллӣ будам. Ҳангоми таҳсил аз устодон Наим Турсунов, Михаил Абрамов, Ғиёсиддин Қаюмов, Абдулло Муродов сабақҳои хуби варзишӣ ва педагогӣ гирифтам.

Шарикдарсони солҳои донишҷӯиям паҳлавонҳои шинохта Худойназар Боқиев, Абдуманон Зокиров, Саид Ҷалолов ва дигарон буданд, ки дар мусобиқаҳо иштирок карда, якҷо шаъну шарафи институтро боло мебардоштем.

Дар маҷмӯъ ман дар ёздаҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ ва тарзи озод иштирок намуда, бештар вақт ҷойҳои намоёнро соҳиб мешудам. Бар замми ин, грамотаву диплом ва туҳфаҳои зиёди хотиравӣ гирифтаам, -мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Михаил Абрамов дар симои Раҳмон паҳлавони  ояндадорро медид. Аз ин рӯ, пешниҳод намуд, ки барои кори минбаъда дар пойтахт бимонад. Вале он айём дар водии Язгулом омӯзгорони ботаҷриба намерасиданд ва ӯ лозим донист, ки ба зодгоҳаш баргашта, ба тарбияи насли наврас машғул шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳмон Гандумов чун омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ва инкишофи варзиш, махсусан гӯштии миллӣ ва тарзи озод, дар водии Язгулом кӯшиши зиёд кард. Имрӯзҳо шогирдонаш дар навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ пешаи омӯзгорӣ ё паҳлавониро касб кардаанд.

Солҳои минбаъда (1974-1992) Раҳмон Гандумов омӯзгори мактаби миёнаи №49-и ба номи  Э.Телмани шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), ҷонишини директори Хонаи пионерон ва директори мактаби варзиши шаҳр софдилона кор карда, шогирдони зиёдро ба шоҳроҳи ҳаёт раҳнамоӣ намуд.

Раҳмон Гандумов то ин дам қувва ва маҳораташро дар варзиш ва омӯзгорӣ санҷида, таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхт. Бо оғози ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ӯро лозим омад, ки боз ба зодгоҳаш баргашта, ба таълиму тарбия машғул шавад. Баъди чанд моҳи кори омӯзгориаш роҳбарони ноҳияи Ванҷ ӯро раиси Ҷамоати деҳоти Язгулом (моҳи январи соли 1994) таъин намуданд. Ин масъулият бар дӯши вай айёме гузошта шуд, ки дар вилоят ҳам вазъият хеле мураккаб ва тезутунд буд. Ба раиси ҷамоат Раҳмон Гандумов лозим омад, ки дар байни мардум ва силоҳдорон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд. Кӯшиш ба харҷ медод, ки дар Язгулом сулҳу оромӣ бошад. Сокинони водиро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Нагузошт, ки ҷангу ҷидол бо ин водии афсонавӣ роҳ ёбад. Раиси  навинтихоб ба ҳадафҳояш расид.

Баъди он ки дар ҷумҳурии азияткашидаи мо сулҳу Ваҳдат расид, ӯро ба ҷойи кори пештарааш даъват намуданд. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Раҳмон Гандумов то ба нафақа баромаданаш дар шаҳри Ваҳдат, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №91-уми шаҳри Душанбе ва Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №3  шаҳри Душанбе ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон машғул шуда, соли 2005 ба истироҳат баромад.

Ӯ ҳафт фарзандро тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки алҳол дар вазифаҳои гуногун хизмати халқу Ватанро ба ҷо меоранд. Дар сояи фарзандону наберагон ба бобои Раҳмон муяссар гардид, ки соли 2006 ба ҳаҷ сафар карда, шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро зиёрат кунад.

Магар аз ин дида  бахти баландтаре ҳаст? Ба Ҳоҷӣ Раҳмон Гандумов сарбаландиҳо таманно дошта, хоҳони онем, ки ҳамчун пири хирад боз солҳои зиёд дар тарбияи ҷавонон саҳм гузорад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»