Бозгашт ба мавзӯъ

Балҷувону Темурмалик комёб шуданд, Восеъ чӣ?

№120 (3600) 20.09.2016

Рӯзномаи «Садои мардум» 11-уми ноябри соли 2015 дар мақолаи «Восеъ аз Ховалинг чӣ тафовут дорад?» иштироки ғайриқаноатбахшу нокифояи хонандагони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон, вобаста ба солҳои қаблӣ, минҷумла соли хониши 2014-2015 натиҷагирӣ карда, сабабҳои ноком мондани хонандагони ноҳияҳои мазкурро аз мудирони шуъбаҳои маориф пурсон гашта, нақшаҳои онҳоро дар ин самт манзури хонандагон намуд.

 Онҳо бо дилпурӣ иброз дошта буданд, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои зарурӣ комёб мешаванд. Чунончӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик Шамсулло Сатторов, баъди аз ҷониби раиси вилоят танқид шунидан, ба муаллифи мақола гуфт: — Аз лаҳзаи ба ин вазифа таъин шудан, сари ислоҳи мушкилот талошу андеша дорам. Барои рафъ нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ кардаем ва боварӣ дорем, ки соли равон ислоҳ мешаванд.

Олимпиадаи соли хониши 2015-2016 доир гардид ва мо хостем муътақид гардем, ки масъулони қавлдода то кадом андоза нақшаву орзуҳои хешро амалӣ намудаанд? Олимпиада дар се шакл-анъанавӣ, даставӣ ва инфиродӣ сурат гирифт ва намояндаи ноҳияи Балҷувон дар шакли инфиродии он соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар робита ба ин комёбӣ, ёдрас мешавем, ки касе дар даҳ соли охир ба ин сатҳ даст ёфтани хонандагони ин ноҳияи кӯҳистонро дар хотир надорад. Хонандагони ноҳияи Темурмалик дар гурӯҳи анъанавӣ ва даставӣ ҷойи сеюмро гирифта, соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд. Нишондодҳои ёдшуда бозгӯйи ба аҳди хеш вафо кардани мудирони шуъбаи маорифи ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки раисони ноҳияҳои мазкур Маърифат Зоирзода ва Мирзохон Гулмаҳмадзода пайи ҳалли мушкилоти соҳа чораҳои мушаххас андешиданд.

Пас, чӣ омиле садди пешравиҳои маорифчиёни ноҳияи Восеъ шудааст, ки бо доштани беш аз 42 ҳазор хонанда ҳатто дар қатори ноҳияҳои кӯҳистон қарор гирифта наметавонад?! Дар ҳоле ки ҷамъи хонандагони 5 ноҳияи кӯҳистони минтақа ба ҷамъи хонандагони ноҳияи мазкур баробаранд.

Ба андешаву мушоҳидаҳои фардӣ ва назарсанҷиҳои як гурӯҳ аз ҳамкасбонам метавон гуфт, ки ин марбут ба омилҳои ҳавасмандгардонист, ки мисли дигар ноҳияҳо таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои намуди нави минтақа, якҷоя 22 ҷойи ифтихориро соҳиб шудаанд. Аз ин ҳисоб 16 ҷойи он мансуби мактабҳои намуди наванд. Нигаронии мо ҳам дар ҳамин муқоиса аст, ки аз 546 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки зиёда аз 130 ҳазор хонанда доранд, фақат 6 ҷойи ифтихорӣ насиби онҳо гаштаасту халос.

Айни ҳол фаъолияти на ҳама мактабҳои намуди нави минтақа, ҷавобгӯйи талаботи рӯзанд. Мактабҳои намуди нави ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод ва Балҷувон дар олимпиада ягон натиҷаи чашмрас надоранд. Ҳамон 16 ҷойи ишорашуда маҳсули ранҷи хонандагони мактабҳои намуди нави ноҳияи Данғара (9), шаҳри Кӯлоб (6) ва ноҳияи Темурмалик (1) аст.

Дар хусуси олимпиада як омили начандон хубро ёдовар шуданием, ки боиси манфиат аст. Масалан, дар бисёр вохӯрию чорабиниҳои расмӣ шоҳиди ҳол будем, ки мудирони шуъбаҳои маориф барои аз муҳокимаю мазаммати раиси ­вилояту ноҳия халос шудан, дарҳол аз натиҷаҳои даври сеюми олимпиада, ки маъмулан дар ин давр мактаббачагони ҳама ноҳия соҳиби медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ мегарданд, ёдовар мешаванд. Ба наздикӣ ин ҳолат дар нишастҳои матбуотии раисони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ховалинг такрор шуд. Ҳол он ки хонандагони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар ин даври олимпиада, ки вилоятӣ ном дорад, миёни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аз ҳама беш, яъне 19 медали тиллоро соҳиб гардидаанд, вале дар даври ниҳоӣ ҳатто яктои онро ба даст оварда натавонистанд.

Олимпиадаҳо, ки маъмулан дар ду шакл- варзишию фаннӣ ва дар сатҳу зинаи гуногун баргузор мегарданд, воситаи муайянсозии неруи ҷисмонӣ ва зеҳнии наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳамеша баҳсу гуфтугузорҳои ҷиддиро ба думбол доранд. Ин навбат натиҷагирии мо аз рӯйхати ғолибони олимпиадаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сурат гирифт.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»