Қонун ва иҷрои он

Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад?

№54 (3691) 18.05.2017

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо таҳрири нав тасдиқ шудааст, вале то ҳол дар миёни андешамандон баҳси он идома дорад.

Дар хусуси забони давлатӣ бисёр мегӯем, вале то ҳол дар навишт ба қоидаҳои имлои он риоя намекунем. Дигаргуниҳои рӯзафзуни иҷтимоию иқтисодӣ боиси арзи вуҷуди идораю муассиса, хоҷагиву корхонаҳои гуногуни шахсӣ гардид. Ҳар кас мехоҳад бо хост ва фаҳмиши худ ба онҳо номгузорӣ кунад. Корхонаи шири «Шафоат», фабрикаи шири «Саодат», шириниҳои «Шафоат», дӯкони «Тезтайёр», даҳонпизишк, бозори «Балеҷавон». Яъне чӣ? Балҷувон чаро Балеҷавон шуд? Чаро вожаҳои худсохтро истифода барем? Инҳо маҳсули «зеҳнӣ»-и кадом ашхос мебошанд?

Ин гуна мафҳумҳои хато хеле зиёданд ва ба ин шакл дар фонди луғавии забон роҳ ёфтаанд. Ҷузъитарин меъёрҳои забониро риоя накардан ба он оварда мерасонад, ки калимаю ибораҳо маънои луғавии худро гум мекунанд.

Ҳолати дигари нигаронкунанда дар номгузории хонаводагӣ дида мешавад. Тибқи қонуни забон, номро тоҷикӣ карданд, аммо хатоиро ислоҳ накарданд. Як ҳарф тоби комилан дигар кардани маънои луғавии номро дорад:

Муъмин — Мумин: муъмин шахси имондор, мумин аз мумсохташуда.

Дар забон ҳолати дигар мушоҳида мегардад — номҳои бемаъно ва хато. Ном бояд ифодагари хислатҳои ҳамида бошад, сифатҳои олии инсониро ифода кунад. Хоҳ дар шакли маҷозӣ бошад, хоҳ дар шакли аслӣ. Номи зебо ҳусн аст ва он латофату нафосати забонро афзун мекунад.

Шахс даъво мекунад, ки номи ман Табар не, балки Тавар аст. Ҳотаммурод не, Ҳотамурод аст. Агар ин исмҳоро бо таркиб ҷудо кунем, чӣ маъно медиҳанд?!  Тамдиди ҳамсадоҳо ҳолати серистеъмолии фонетикӣ буда, риоя нашудани он риоя нагардидани қонуни забон мебошад.

Маданияту фазилат ба воситаи забон ифода меёбад.

Насриддини Тӯсӣ дар «Ахлоқи Носирӣ» мегӯяд: «Чун фарзанд дар вуҷуд ояд, ибтидо ба (тасмия) номгузории ӯ бояд кард, ба номи хушу наку, чӣ агар номе номувофиқ бар ӯ ниҳанд, муддати умр аз он нохушдил бошад».

Агар сарчашмаи ин ғалатнависиро ҷӯем, мебинем, ки риоя накардани қонуни соҳа аз ҷониби кормандони САҲШ ва котибони ҷамоатҳо сар мезананд. Онҳо ба имло кам аҳамият медиҳанд ё имлоро умуман намедонанд. Хуб мешуд, ки кормандони ин идораҳо аз аттестатсияи забон гузашта, баъд ба кор қабул шаванд. Барои мисол, шахси масъул дар шаҳодатномаи кӯдак дар як тараф Муҳаммадро бо як «м» ва дар тарафи дигараш бо ташдид менависад, Усмонро дар як шаҳодатнома бо ҳарфи «у» менависанд, дар шаҳодатномаи дигар дар шакли Исмон. Кас ҳайрон мешавад шакли дурусти ном кадом аст?

Ҳар сол 5 октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво, ғанӣ аз алфози гуворо баромад мекунем. Дар бораи тозагии забон, хоса шукӯҳу шаҳомати он гап мезанем. Чун он рӯз гузашт, забон боз ба гӯшаи фаромӯшӣ меафтад.

Як сабаби ривоҷ ёфтани ғалатнависиҳо ин аз имтиҳонҳои қабули довталабон бардош­тани методҳои анъанавӣ — нақли хаттӣ ва иншо низ мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар кишварҳо ба имтиҳоноти хаттӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Имрӯз дар амалӣ гардидани муқаррароти қонуни соҳа ва қавоиди имло ягон рӯзномаю нашриёт намуна шуда наметавонад. Агар гузоштани аломатҳои китобатӣ шарт намебуд, онро ба қоидаи имлои забони тоҷикӣ дохил намекарданд. Нагузоштани аломатҳои мазкур хатои хеле дағал мебошад.

Ҳатто байни мубтадо ва пуркунанда, ки чида омадаанд, ба ҷои вергул тире гузошта мешавад. Ё дар рӯзномаҳо як сарлавҳаи одиро чанд тарз менависанд. Масалан, «Темурмалик: «Офати табиат масъулинро ҳушдор дод».

Ин ҷумларо бе аломати баён, бе нуқта ва бо нуқта менависанд. Дар ҳолати баъди «Темурмалик» нуқта гузоштан ин мафҳум як ҷумла маҳсуб меёбад ва бо ду ҷумла як сарлавҳа намесозанд.

Дар забони русӣ аломати тире 15 мавқеи гузориш дорад. Он барои пуробуранг ва гуворо кардани ифодаи фикр ва ғунҷоиши матлаб дар қолабҳои ҷолиб, ки шахсро ба фикр кардан водор мекунад, истифода мешавад. Масалан: «Ментальная арифметика: все новое – хорошо забытое старое».

Мактаб –дабистон. Манзур аз мактаб — даргоҳи илму адабомӯзӣ аст. Он як ҷузъи сарвати луғавии забон аст, ки дар гӯйишҳо хеле хуш садо медиҳад. Имрӯз ин мафҳум бори луғавии чор калимаи дигарро мекашад, ки ҳар як маънии луғавии хос доранд – «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ». Вақте мо барои ифодаи як мафҳуми хос ибораҳои болохонадорро истифода мебарем, риояи меъёрҳо ва услубҳои забонӣ – калимасозӣ, калимабандӣ ва иборасозиро вайрон мекунем.

Агар мо мафҳуми мавриди назарро бо калимаҳои зиёд ифода кунем, балоғати сухан гум мешавад. Мафҳум бо як калима ифода гардад хуб аст ё бо чор калима?

Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад?

Каломи андаку маънии бисёр.

Дар ифодаи ибораҳои либоси ягонаи мактабӣ, синни томактабӣ, бачаи мактабхон – мафҳуми мактабро истифода мебарем дар акси ҳол чӣ?! Мо бидуни истифодаи вожаи мактаб ин матлабро ифода карда наметавонем.

Бузурге гуфтааст.

Рӯйи дарёи суханро хору хас пӯшонда буд,

Ин хасу хошокро ман бар карон андохтам.

Мафҳуми мактаб хеле серистеъмол буда, ончунон оммафаҳму сода шудааст, ки ҷои онро дигар ягон калима чун истилоҳ иваз карда наметавонад:

Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон: Ин таркиби дар назари аввал шевою гуворо дорои иштибоҳи мантиқӣ мебошад. Саволе ба зеҳн меояд, ки дар Тоҷикистон чанд забон аст? Ашхоси огоҳ медонанд, ки дар он забонҳои романию германӣ, англисӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ омӯзиш дода мешавад. Биноан, донишкадаро табдили ном мебояд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин: Агар ин ибораро мавриди таҳлил қарор диҳем, ноҳия аз они Шоҳин қаламдод мешавад, вале манзур ноҳия ба номи Шамсиддин Шоҳин гузошта шудааст. Ин гуна хатоҳоро ривоҷ надода, бояд ислоҳ кунем. Як хато ислоҳ шуд, як олоиш пок мегардад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»