Боздиди вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон аз Академияи илмҳо

№ 02.05.2018

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар дар доираи сафари худ ба кишвари мо дуюми майи соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гӯшаи навтаъсиси омӯзишии ба номи Раҳул Санкритяян, ки бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз шудааст, шинос шуд.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммад Ниёзӣ меҳмони олиќадрро хайра маќдам гуфта, аз ҳамкориҳои самарабахши Сафорати Ҳиндустон бо пажӯҳишгоҳ изҳори сипос намуд. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов мухтасар дар бораи раванди омӯзиши забони ҳиндӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Донишҷӯёни бахши ҳиндии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ дар бораи ҷараёни таҳсили худ бо Мубашшир Акбар ба забони ҳиндӣ сухан карданд.

- Ҳамкорӣ дар соҳаи илм мисли донаест, ки аз он ниҳоли дарахт мерӯяд. Ба мо лозим аст, ки парвариши ин ниҳолро дуруст ба роҳ монем. Дар ин боргоҳи илм ҷавонони зиёдро дида хушҳол шудам. Ҷавононе, ки ба илм сарукор мегиранд, ояндаи нек доранд. Замоне мо дар як минтаќаи ҷуғрофӣ ќарор доштем. Мутаассифона, гузашти рӯзгор моро аз ҳам дур намуд. Хуб мешуд, имрӯз тавассути сохтани роҳҳо дуриҳоро наздик созем,- гуфт Мубашшир Акбар.

Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон дар бораи густариши робитаҳои иќтисодию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон ҳарф зад ва аз баргузории силсилаи лексияҳои ҷашни «Ҳиндустону Тоҷикистон, 25 соли дӯстӣ» изҳори ќаноатмандӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ифтитоҳи гӯшаи омӯзишии ба номи Раҳул Санкритяян иќдоми нек ва сариваќтист. Раҳул Санкритяян адиб, сайёҳ, тарҷумон ва донишманди маъруфи Ҳиндустон дар асри ХХ маҳсуб меёбад. Ӯ муаллифи 125 асар, аз ҷумла нуҳ роман, чор маҷмӯаи ҳикояҳо, 16 асар оид ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ, 22 китоби хотираҳои сафар, 11 асари фалсафӣ, 10 рисолаи илмӣ бахшида ба адабиёту таърих, 11 асари тарҷумавӣ ва ғайра мебошад. Мавсуф ҳанӯз соли 1948 якбора ду асари Садриддин Айнӣ — повести «Одина» ва романи «Дохунда»- ро аз забони тоҷикӣ ба ҳиндӣ тарҷумаву чоп кардааст.

Сафири фавќулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош иброз дошт, ки дар гӯшаи навтаъсис омӯзиши забони санскрит ба роҳ монда мешавад.

- Ҳар ташаббусе, ки ба нафъи ҳамкориҳои дуҷониба бошад, мо минбаъд низ дастгирӣ хоҳем кард, — гуфт сафир.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»