Адиб ва ҷомеа

Бозгӯйкунандаи моҳияти ду асрор

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

Рангхо Мукова 2 копия«Рангҳо» ном гирифтааст китоби ба тозагӣ интишорнамудаи адиб ва рӯзноманигори хушнигор Абдуқодири Раҳим. Дар он  ду асар: «Рангҳо» ва «Марг» ҷой дода шудааст, ки дар яке аз маънии рангҳо баҳс мераваду дар дигаре асрори марг. Онҳо ҳарчанд мазмун ва мундариҷаи гуногунро фаро гирифтаанд, аммо аз лиҳози моҳият ва  мантиқ ба ҳам иртиботи наздик доранд. Онро дар чанд ҷиҳат муайян кардан мумкин аст. Аввалан, рангҳо ба зиндагии инсонҳо тобиш мебахшанду марг аз он подош меҷӯяд. Баъдан, рангҳо ва марг унсури табиии зиндагии инсонианд. Солисан, қаҳрамонҳо на бо зикри ному насаби мушаххас, балки аз рӯйи касб амал мекунанд. Шуғли онҳо ба мавзӯи асарҳо басо мутобиқ омадааст. Ба ин маънӣ, агар дар «Рангҳо» образи рассом фаъол бошад, дар «Марг» симои муллои деҳа фаъолтар аст. Чаҳорум, сужаи ҳар ду асарро фикр ва андешаи фалсафию равонӣ ташкил медиҳад. Панҷум, услуби асарҳо шабеҳи ҳамдигар буда, дар онҳо аз усули қисса андар қисса ва андешаҳои ҳикматангез фаровон истифода шудааст. Шашум, услуби нигориши ҳам «Рангҳо» ва ҳам «Марг» ҳамсон аст. Муаллиф дар баёни матлаб, ташреҳи мавзӯъ, исботи андеша ва вусъати фикр аз суханони ҳикматомез, оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ бомаврид ва зебо кор мегирад.

Рангҳо чӣ дар табиат ва чӣ дар ҳаёти инсонӣ нақши намоён доранд, барои инсонҳо хидмат мекунанд.

Муаллифи асар мехоҳад хонандаро ба чунин олам шиносонад, балки сирру асрори рангҳо, маъниҳои зоҳиру ботини онҳоро нишон диҳад. Ба ин мақсад ӯ бо тасвири олами рангҳо тадриҷан моро ба олами бароямон зоҳиран ошно мувоҷеҳ сохта, бо нақли ҳодисаҳои ҳикматомез, тасвири лаҳзаҳои ҷолибу муассир ва баёни андешаҳои ирфонӣ ба асли мақсад мекашад.

Асли мақсад дарки чеҳраи аслии рангҳоеанд, ки аз ботини инсон бармеоянд, балки ботини ӯро намо медиҳанд. Рангҳо дар зоҳир гуногун: сиёҳу сафед, сурху кабуд, хокиву хокистарӣ, зарду бунафш ва амсоли ин мебошанд. Аммо дар тасвироти муаллиф рангҳои сиёҳу сафед, зарду сурх ва кабуду осмонӣ афзалият доранд. Ин рангҳо дар баробари маънои зоҳирӣ, дар муносибат ба рафтору ахлоқи одамон маъниҳои равонӣ пайдо кардаанд, ки бозгӯ ва ё ифшогари вуҷуди аслии инсонҳо мебошанд. Нависанда талош бар он дорад, ки тавассути ниҳон сохтани хосияти рангҳо хислатҳои наҷиб ва манфуру номатлуби инсонҳоро ифшо намояд.

Рангҳо дар зоти худ мушаххасанд, аммо агар онҳоро омезиш диҳем, маънии дигар пайдо мекунанд, балки вуҷудашон мураккаб ва фаҳмашон душвор мегардад. Ин мураккабиву душворӣ аслан омили бад нест, он маҳсули ақли инсон аст, ки фоидаву зарари худро дорад. Суди он ба инсон вобаста ба муносибат ҳосил мешавад. Ин гуна манфиат бидуни зарар овардан ба дигарон ҳосил намешавад. Инсонҳо ба хотири судҷӯйии шахсӣ рангҳоро дигар мекунанд, асалҳои сафеду зардро барои бозоргузар шудан дар оташ гарм мекунанд, то ранги сурхча пайдо кунад, ба ҷурғот ва ё чака ранги зард меомезанд, то шабоҳати қаймоқ шавад. Ин тоифа, ҳамчунин сад бор ранги худро иваз мекунанд, сурх мешаванду сиёҳ, кабуд мешаванду бунафш. Дар ин ҳолат агарчи ранги рӯ, ранги чашм ҳақиқатро пинҳон намедорад, аммо манфиати шахсӣ ҳосил мешавад. Ин гуна одамон дурӯғгӯянд, дурӯяанд, қаллоб, тамаъҷӯ, бахилу нотавонанд. Аммо баъзан тангиҳои зиндагӣ онҳоро ба чунин ҳол маҷбур мекунад. Ба мисли посухи бобо, ки ба саволи аберааш «як умр аз шогирдон дар донишгоҳ пул гирифтӣ, сер накардӣ?» мегӯяд: «Барои шумо гирифтам. Бо он аз гушнагӣ, сарафкандагӣ наҷотатон додам, раҳоятон намудам. Пул гирифтан осон набуд. Сурх мешудаму сиёҳ мешудаму кабуд….».

Рангҳо ифодагари ахлоқи инсонҳоянд. Ахлоқи инсонҳо гуногун аст, ки дар маҷмӯъ онро ба неку бад ҷудо мекунанд. Дар тиннати инсон  аломатҳои ахлоқи бад, ҳамчунин наку якбора ба вуҷуд намеояд, дар зуҳур ва шаклгирии он муҳит, ҷомеа, шароити зиндагӣ ва иродаи худи шахс таъсир мерасонад. «Агар пул дорӣ, ҳама касӣ, агар надорӣ, ҳеҷ касӣ. Бо ҷомеаи фасод бояд фасод бошӣ»

Рангҳо баёнгари вазъ ва ҳоли инсонҳоянд. Онҳо аз гуруснагӣ, бехонагӣ, танҳоӣ, ғарибӣ, бекасиву ятимӣ ишора мекунанд. «Зани сияҳпӯш мегуфт, ки нон надоштем, марди муҳоҷири сабзпӯш мегуфт, ки хона надоштем, ҷавони чолоки кабудпӯш мегуфт, ки муҷаррад будем». «Мехостам бовар бикунанд, мо ятимонем, аҳли дардем ва ба ранги зардем, агарчи аз ранги зард дар рӯйҳоямон ҳеҷ нишоне набуд. Ин ранг дар вуҷуди мо буд, дар андешаи мо буд, дар хаёли мо буд».

Рангҳо одамонро ҳушдор медиҳанд, ҳушдор аз зиндагонии дуня­вию улявӣ. Рангҳо зиндагонии инсонҳоро рангин мегардонанд, аммо тароват ва суду зиёни онҳо ба муносибати инсонҳо вобаста аст. Шинохти рангҳо шинохти моҳияти зиндагӣ, маърифати рангҳо расидан ба маънии ҳаёт ва эҳтирому гиромидошти рангҳо баракат ба зиндагии имрӯзу фардо аст.

Марг низ муаммост, он дар фосила ва вақти муайян насиби мавҷудоти олам мегардад, аммо чӣ гуна ба одамон насиб мегардад ва онро чӣ гуна истиқбол мегиранд, боиси андеша аст. Посух ба ин ва амсоли ин масъалаҳои ҳаётӣ сюжети асосии романи «Марг»-ро ташкил медиҳанд.

Асари мазкур бо фабулаи «Дигар ҳама фаслҳо бароям як фасланд-хазон. Ман ҳақиқатро бе парда мебинам. Гуфтугӯям низ аз пушти он нест» оғоз мешавад. Дар ин се ҷумла мақсад ва муҳтавои асар маънидод шудааст.

Марг низ мисли рангҳо рамз дорад. Марг танҳо аз дунёи фонӣ ба дунёи абад сафар кардан нест. Инсонҳо то ба марги аслӣ расидан чанд маротиба мемиранду зинда мешаванд. Ин мурдану зиндашуданҳо, албатта, ба дарди одамон ва дилсӯзии онҳо низ рабт мегирад, аммо аксар аз ҳасуду ҳасрат ба ин ҳол гирифтор мешаванд. Агар аз ин мурдану зинда шуданҳо сабақ наомӯзанд, садҳо маротибаи дигар мемиранд ва ё мехоҳанд бимиранд, аммо намемиранд. Баъзе худ ба суроғи марг мераванд, ба худкушӣ даст мезананд, маргро орзу ё барои он дуо мекунанд. Онҳо намедонанд, ки зиндагӣ неъмати бузург аст, ба қадри он бояд расид. Муаллифи асар ин маъниро ба хонанда талқин мекунад ва ҳикмати маргро дар дӯст доштани зиндагӣ медонад. «Марг ҳамеша ҳушдорамон медиҳад, то зиндагиро дӯст дорем». Яъне, зиндагии мо амонат аст, эҳдои Офаридгор аст, ки ба қадри он бояд бирасем, умри худро зоеъ нагузаронем, кинаву туҳмат, фитнаву фиреб ва хусумату бадбиниро дар худ ҷой надиҳем.

Ҳарчанд дар асар ҷанбаи ирфонӣ ва рамзии марг бартарӣ дорад, аммо ағлаби лаҳзаҳои дар он тасвирёфта ба ҷомеа ва зиндагонии имрӯза иртибот мегирад. Аз ҷумла, фаъолияти духтур, мубталои консепсияи Дарвин будани ӯ, бо иллати никоҳи хешутаборӣ фавтидани се фарзандаш дар овони кӯдакӣ, аз доғи фарзанд марги бармаҳал дидани завҷааш, аз аҳамият ва зарурати манъи никоҳи хешутаборӣ, ки имрӯз ба ҳукми қонун даромадааст, дарак медиҳад.

Мавзӯи ин ду асар дар адабиёти муосири тоҷик нисбатан нав аст. Дар зоҳир чунин менамояд, ки ранг ва марг барои таълифи  асарҳои мукаммал маълумот дода наметавонанд. Аммо вақте кас асарҳои фавқуззикрро мутолиа мекунад, яқин мешавад, ки мумкин будааст. Агар нависанда боистеъдод ва аз маънии иҷтимоиву фалсафии ҳаёт хуб бархӯрдор бошад, офаридани осор барояш имконпазир мешудааст. Метавон гуфт, ки нависандаи соҳибмаҳорат Абдулқодири Раҳим аз уҳдаи ин кор бомуваффақият баромадааст.

Мурод Муродӣ,

профессор