Бозёфти нодири таърих

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар ҷараёни гирудорҳои сиёсӣ ҳар як миллат ва давлат барои аз вартаи нобудӣ раҳо ёфтан, ба сарваре ниёз дорад, ки афкори ҷомеаро ба танзим дароварда, роҳнамоӣ намояд.

Мусаллам аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба бесарусомонӣ ва роҳгумзадагӣ рӯ ба рӯ гашт.

Дар он баҳри пуршӯру туғёни буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ бояд шахсияте зуҳур мекард, ки сафинаи умеду ормонҳои миллатро роҳбаладӣ намояд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шохаҳои ҳокимият ва рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаи Тоҷикистон калобаи пургиреҳеро мемонд, ки барои кушодани печидагиҳояш фаросати баланди сиёсӣ зарур буд. Бо тақозои замон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат зуҳур кард ва бо дарки баланди худшиносиву эҳсоси ибратомӯзи ватандорӣ ба майдони сиёсат ворид шуд. Бо ҳама гурӯҳҳои тундраву радикалӣ забон ёфту созиш кард. Он замон меҳру муҳаббат, садоқату самимият ва худшиносиву худогоҳӣ аз миён рафта буд. Ватан дар оташи кину адоват месӯхт. Дар чунин ҳолат дар миёни мардум будану дар масоили сулҳу осоиштагӣ гуфтугузор кардан кори саҳлу сода набуд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба коми худ кашида буд, қувваҳои радикалии хориҷ пайваста ба оташи ҷанг равған мерехтанд, шаҳрвандони зиёде аз ин ҳолати ногувори ҷомеа ба танг омада, тарки ватани аҷдодӣ мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон ин бесарусомониҳоро бо рӯҳияи устувори хештаншиносӣ таҳаммул карда, бо сарварони гурӯҳҳои тундрав роҳи созишро пеш гирифт. Суханрониаш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии мардумро ба ояндаи неку осоишта афзуд. Миллат эътимоди қавӣ ҳосил кард, ки ин шахсияти таърихӣ Ватанро аз нобудӣ раҳоӣ мебахшад, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз нав месозад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омадан дар шоҳроҳи бузурги бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошт ва сулҳу ваҳдати милливу арзишҳои муқаддаси ватандориро дар дохил ва хориҷи мамлакат аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфуз ҳифзу ҳимоят кард. Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуду дар гуфтугӯйи тамаддунҳо алорағми бархӯрдҳои сиёсиву фарҳангӣ саҳми арзандаву ибратомӯз гузошт ва дар тафаккури оламиён, дар мақоми бозёфти нодири таърихӣ шинохта шуд. Ин аст, ки дар донишкадаҳои дипломатии бонуфузи дунё сулҳу ваҳдати Тоҷикистон манбаи таҷрибаомӯзӣ қарор гирифтааст. Оре, ин дастовардҳо маҳз ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

 Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон