Чанд махсусияти паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

№33 (3827) 13.03.2018

УниверситетТибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, вазифаҳои авлавиятдори идораи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро муайян месозад ва паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ василаи муассири шаклгирии роҳи сиёсии кишвар мебошанд.

 Тавассути онҳо Президенти мамлакат рӯзномаи сиёсии замонро шакл медиҳанд, масоили асосии дар назди мамлакат истода ва роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳоро муайян, дастурҳои худро ба идораҳои қонунгузор ва иҷроияи ҳокимият пешниҳод ва фаъолияти онҳоро дар боби татбиқи паёмҳои пешина арзёбӣ мекунанд. Ба ҳамин навъ метавон гуфт, ки паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакли хоси инъикоси роҳи сиёсии мамлакат дар марҳила ва шароити мушаххаси таърихӣ аст.

Дар адабиёти илмӣ оид ба муҳтавои паёмҳои Президенти мамлакат тафсиру шарҳҳои зиёд навишта шудаанд, ки паҳлуҳои гуногуни табиати сиёсиву ҳуқуқии онҳоро инъикос менамоянд. Ҳоло вақти он расидааст, ки доир ба паҳлуҳои гуногуни Паёмҳои Сарвари давлат ҳамчун воситаи муҳими давлатдории муосир дар раванди таҳияву таъини барнома ва дурнамои сиёсии пешрафти мамлакат рисолаҳои илмии бунёдӣ иншо шаванд.

Ҳоло дар асоси мушоҳидаҳои чандинсола чанд махсусияти паёмҳои Пешвои миллатро таъкид кардан мехоҳам.

Махсусияти аввалин ва муҳими паёмҳои Пешвои миллат аз мақоми конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, салоҳиятҳояшон дар Ҳукумат, мақоми афзалиятнок дар низоми тақсими шохаҳои ҳокимият ва амалияи сиёсӣ бармеояд. Дар ҳамин замина ва ба далели чанд омили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ андешаҳои дар паёмҳо баёншаванда барои ҳокимияти иҷроия хис­лати ҳатмӣ ва барои ҳокимияти қонунгузор хислати тавсиявӣ доранд.

Махсусияти дигари паёмҳо ҳамчун санади сиёсии таъиноти стратегидошта дар он аст, ки онҳо дар робита бо сиёсати давлатӣ ва субъектҳои дигари идораи давлатӣ нақши сафарбаркунанда доранд. Дар онҳо вазифаи муттаҳид сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ дар доираи роҳи ягонаи стратегии муайянкардаи Президенти кишвар ба чашм мерасад. Кӯшишу талошҳои ҳокимияти президентӣ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти қонунгузор ва муайян кардани самт ва мундариҷаи аслии онҳо далели гуфтаҳои болост.

Паёмҳои Сарвари давлат аз рӯи мундариҷа доираи васеи масъалаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ фаро мегиранд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ, сохтори сиёсӣ ва иқтисодӣ инъикос мегарданд, таваҷҷуҳи хос ба сиёсати иҷтимоӣ ва мушкилоти демографӣ равона шуда, аксаран андешаҳои фалсафӣ дар мавзӯи муносибати шахс ва давлат, озодӣ, адолат, ахлоқ ва амсоли инҳо баён карда мешаванд. Ин нукта боз як махсусияти паёмҳои Президентро муайян мекунанд, ки дараҷаи олии ҷанбаи консептуалӣ доштани онҳост. Роҳи сиёсии дар паёмҳо шаклёфта комил, муназзам, пайгирона ва таърихан муттасил буда, ҳамчун консепсия пешниҳод мешавад.

Омӯзиши паёмҳои Сарвари давлат нишон медиҳад, ки дар ҳар кадоми он на танҳо шароити кишвар ва ҷаҳон баҳогузорӣ мешавад, балки афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, дохилӣ, хориҷӣ, амният ва мудофиа муайян карда мешаванд.

Паёми Сарвари давлат, ки 22 декабри соли 2017 садо дод, махсусиятҳои хоси худро дошт. Он дар шароити мураккаби вазъи ҷаҳонӣ, вусъати раванди ҷаҳонишавӣ, афзудани мушкилот ва таҳдидҳо ба насли нав, ки на танҳо ба амнияти миллӣ, балки ба амнияти байналмилалӣ ҳам беасар намемонанд, ироа гардид. Аз ин хотир, аз таҳлили вазъи байналмилалӣ ва муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар маҷрои бузурги ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Истифода аз истилоҳот ва мафҳумҳои нави сиёсии байналмилалӣ, аз қабили бозгашт ба ҷанги сард, қудрат ва бартариҷӯйиҳои кишварҳои бузург ва монанди инҳо далели онанд, ки Сарвари давлат ба рӯйдодҳои байналмилалӣ назари воқеъбинона ва прагматикӣ доранд. Ҳамчунин, оғози Паём аз таҳлили сиёсии вазъи байналмилалӣ маънои онро дорад, ки кишвар дар ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон саҳмгузор мебошад. Намунаи ин гуфтаҳо силсилаи ташаббусҳои бузургест, ки аз ҷониби Сарвари давлат аз минбарҳои байналмилалӣ садо додааст:

1. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатомез дар ҳамкорӣ бо СММ, ИА, САҲА ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе.

2. Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. 22 марти соли 2018 раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз меёбад.

3. Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст.

4. Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд.

5. Тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ворид шуданд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

6. Паёми Сарвари давлат бори дигар мардумро эътиқодманд гардонид, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории ҳамешагӣ нисбат ба ҳар як қишр ва фарди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор хоҳанд дошт. Рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як кишвар ба рушди сармояи инсонии он вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, дар Паём ин масъала бори дигар ва бо ҷиддияти том садо дод. Дар Паёмашон Сарвари давлат изҳор доштанд, ки силсилаи чорабиниҳои пешгирифта дар мавриди боло бурдани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ дар се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ ҳоло ҳам нокифоя мебошанд. «Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст».

Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳама зина беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имкон истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳама зинаи таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

7. Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Сарвари давлат махсус таъкид гардид, афзудани нақши фарҳанг дар ҳифзи суннат ва арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад: «Тамоили ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибис­тиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».

8. Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад. Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилот боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд. Нуқтаи муҳиме, ки дар баробари мушаххас баён кардани вазифаҳо дар самти солимгардонии ҷомеа бармеояд, он аст, ки миллати солим бояд рӯҳи солим, андешаи солим, маънавиёти солим дошта бошад. Солимии миллат аз солимии ҳар як фарди ҷомеа, оила, коргоҳ, мактабу донишгоҳ ва дар маҷмӯъ ҷомеа вобаста аст. Тавре ки аллома Муҳаммад Иқбол фармудааст:

Фард мегирад зи миллат эҳтиром,

Миллат аз афрод меёбад низом.

Дар шароити муташанниҷи муборизаи бартариҷӯёнаи кишварҳои абарқудрат ва мубориза барои қудрат бар мафкураҳо, дар батни ҷомеа бояд ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ ва масъулияти фардиро барои ояндаи миллат ҷой кард. Бояд дарк кунем, ки мубориза барои таъсир ба ҳар як фард, бахусус барои ҳар як ҷавон, тезутунд меравад. Дар он бояд аз ҳар гуна фурсат ва имконият истифода барем.

Ин ҷо мехоҳам бо овардани як иқтибоси дигар аз Паёми Сарвари давлат ба навишта ҳусни анҷом бахшем: «Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикис­тон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон