Довталаб - 2017

Чаро ҷавонон ба Маркази миллии тестӣ камтаваҷҷуҳанд?

№58 (3695) 25.05.2017

f20151231100942-kitob_tjИмсол низ дар мамлакат қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Перомуни ин мавзӯъ суҳбате доштем бо сардори бахши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон  Раҳмон Халилов.

- Дар вилоят чанд нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ мавҷуд аст?

- 13 нуқтаи бақайдгирӣ. Ду нуқта дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ду нуқта дар шаҳри Кӯлоб ва 9 нуқта дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят. Соли гузашта 11 нуқтаи бақайдгирӣ фаъолият мекард. Дар назар аст, ки соли оянда дар ноҳияҳои Бохтару Муъминобод ҳам нуқтаҳои бақайдгириро фаъол намоем.

- Шумораи умумии хатмкунандагон чӣ қадар аст ва довталабони кадом шаҳру ноҳияҳо дар ҳуҷҷатсупорӣ пешсафанд?

- Дар вилоят имсол 49 ҳазору 898 нафар мактабро хатм мекунанд. То имрӯз 38 ҳазору 639 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Аз онҳо 30 ҳазору 885 нафар хатмкунандагони имсола ва 7754 нафар хатмкунандагони солҳои гузашта мебошанд.

Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Сарбанд дар ҳуҷҷатсупорӣ пешсаф буда, ноҳияҳои ба номи Н. Хусрав, Панҷ ва Қубодиён дар ин самт камтаваҷҷуҳанд.

- Нисбат ба соли гузашта чӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст?

- Имтиёзҳои нав барои довталабоне, ки волидайни онҳо вақти ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоми хизмати ҳарбӣ фавтиданд, пешбинӣ шудааст. Ба онҳое, ки маъюби модарзоданд ва мактабро хатм кардаанд, низ имтиёз муқаррар гардидааст.

Инчунин, дастовардҳои иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба инобат гирифта мешавад. Вақте ки иштирокчӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро сазовор мегардад, бонусҳои ӯ ба Маркази миллии тестӣ ирсол мегардад.

- Довталабон бештар ба кадом ихтисосҳо ҳуҷҷат супоридаанд?

- Бештар ба кластери 5-ум таваҷҷуҳ зоҳир шуда, аз шумораи умумӣ 41 фоизро ташкил мекунад. Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи тиббии Хатлон ва коллеҷҳои тиббӣ талабгорон хеле зиёданд.

- Аз нуқтаи назари шумо Маркази миллии тестӣ барои ҷомеа чӣ манфиат овард?

- Мақсад аз ташкили Маркази миллии тестӣ дар баробари рафъи амалҳои коррупсионӣ, имкон фароҳам овард, ки довталаб, агар дониши хуб дошта бошад, бидуни шакку шубҳа сазовори номи пуршарафи донишҷӯ мегардад.

Мусоҳиб Сулаймон СУЛТОНОВ,                                                        

«Садои мардум»