Бозгашт ба мавзӯъ

Чаро аз мансаб рондашуда боз роҳбар таъин шуд?

№66 (4172) 04.06.2020

Ё пешниҳоди Прокуратураи ноҳияи Ёвон қурбу арзиш надоштааст?!

Дар  шумораи 82 (3719)-и рӯзномаи «Садои мардум» аз 11 июли соли 2017 таҳти унвони «Директори мактаб муомилаи хуш надорад», шикояти чанд тан аз омӯзгорон ва сокинони деҳаи Ҳамза, Ҷамоати деҳоти  «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон аз директори МТМУ №47 Матлуба Юлчиева ба табъ расида, исботи худро пайдо намуд.

Прокуратураи ноҳияи Ёвон дар асоси он гурӯҳи корӣ ташкил намуда, пас аз анҷоми санҷиш 31 июни соли 2017 ба шуъбаи маорифи ноҳия пешниҳод ирсол кард. Тибқи он, бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи МИМҲД-и ноҳияи Ёвон аз 1 августи соли 2017 Матлуба Юлчиева барои роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо аз вазифа озод карда шуд. Вале…

Пас аз муддате ин роҳбари бо қарори Шӯрои маориф аз кор озодшуда на танҳо омӯзгорон, балки аҳолии ноҳияро ба ҳайрат гузошт. Бар замми он ки вай барои аъмоли хеш ҷазо надид, ӯро директори МТМУ №42 таъин намуданд. Овозаҳо мавҷуданд, ки ӯ барои аз вазифа барканор шудани мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ «саҳм» доштааст. Пас, пешниҳоди Прокуратураи ноҳияи Ёвон қурбу арзиш надоштааст?!

Аз ин рӯ, зарур донистем бори дигар ба кормандони прокуратура ва рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намоем, то садои дили моро бишнаванду ба беадолатӣ нуқта гузоранд.

М. Юлчиева дар ҳеҷ куҷо таҳсил накарда, дипломаш (№0112760) қалбакӣ мебошад. Агар мақомоти марбута ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ намоянд, ҳақиқат ошкор хоҳад шуд. Муносибати ӯ гувоҳи он аст, ки аз кӯчаи педагогика нагузаштааст.

Дафтарчаи меҳнатиаш (АТ — №0035100) низ ғайриқонунӣ пур карда шуда, вай дар МТМУ №36 танҳо аз 1 сентябри соли 2006 то 30 декабри соли 2006 фаъолият намудааст. Тақаллубкорӣ он аст, ки ҳамон айём нозири шуъбаи кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон на Шариф Алиев (дафтарчаи меҳнатии М. Юлчиева бо имзои Ш. Алиев сабт гардидааст), балки шодравон Саид Нуралиев буд.

Ҳангоми роҳбар таъин намудани М. Юлчиева талаботи «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2016 тасдиқ гардидааст, ба назар гирифта нашудааст.

Дар МТМУ №42 аз ҷониби М. Юлчиева кадрҳо бо «шартномаи махсус» – розигии додани маблағи муайян аз ҳисоби маоши ояндаашон ба кор қабул мешаванд. Ӯ мувофиқи тарификатсия 12 соат дарс дошта, моҳе як ё ду маротиба ба синф медарояд. Ба ҷои ӯ омӯзгор Насиба Алибоева дарсҳоро қайд менамояд. Дарсҳои меҳнат, расм, суруд аз моҳи сентябр ба номи омӯзгорони дигар гузаронида шудаанду маблағро М. Юлчиева мегирад. Масалан, ба номи омӯзгор Каримова -17 соат, Менглиқулова — 13 ва Ф. Бобобекова 12 соат қайд шудааст.

Дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии М. Юлчиева 14 коргару омӯзгори муассиса бо фишор аз кор рафтаанд: Бозорқул Нуралиев, омӯзгори физика-математика, Менглибой Мамадқулов-синфҳои ибтидоӣ, Бобомурод Ҷумъаев-забон ва адабиёти ӯзбек, Насиба Расулова- забони давлатӣ, Ҳаҷарой Дӯстматова-синфҳои ибтидоӣ, омӯзгорони дигар — Алӣ Лоиқов, Умаралӣ Исмоилов, Файзалӣ Хушвақтов, кормандони техникӣ Алишер Эргашев, Муҳайё Тураназарова, Ҷурабек Бобоназиров, Изатой Хоҷамбердиева, Бобур Менглиқулов ва Ҷалғаш Кенҷаев аз ҳамон ҷумлаанд.

Соли таҳсили гузашта барои таъмири муассиса  М. Юлчиева аз падару модарони хонандагони синфҳои ибтидоӣ даҳ сомонӣ, синфҳои 5, 7 — понздаҳ сомонӣ, синфҳои 8, 9 — бист сомонӣ ва синфҳои 10, 11 — бисту панҷ сомонӣ ҷамъ намуд. Ба ҳисоби миёна аз 7590 сомонии ҷамъшуда 4 ҳазор сомонӣ истифода нашудааст.

Баъд аз директори МТМУ №42 таъин шудан М. Юлчиева ба писараш Фаридун Азимов ва ҳаммаҳаллааш Ҷаҳонгир Катаев бо ҳуҷҷати қалбакӣ дар бораи хатми муассиса шаҳодатнома дод.

Ин номаи шикоятӣ аз ҷониби як гурӯҳ кормандони МТМУ №42 ва №47 навишта шудааст. Бо сабаби он ки М. Юлчиева ҳар дафъа аз «об хушк мебарояд» дигарон аз гузоштани имзо худдорӣ намуданд. Вале ҳама интизори ҳалли одилонаи қазия мебошанд. Ман — Файзалӣ Хушвақтов, ҷабрдидае, ки директори муассиса М. Юлчиева маоши чор моҳи кориамро бо фиребу найранг аз худ кардааст, барои ҳар сатри ин матлаб ҷавоб мегӯям ва ба имону виҷдони масъулон ва қазовати одилонаи ин қазия умед мебандем.

Файзалӣ ХУШВАҚТОВ.

Таснифи Н. НИЗОМӢ.

«Садои мардум»