Чаро бояд таҳсилоти иловагиро ба роҳ монд?

№34 (4296) 16.03.2021

IMG_20210112_100647Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди наврасону ҷавонон равона гардидааст ва берун аз барномаҳои асосии таълим дар шакли маҳфилҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Солҳои охир чунин муассисаҳои таълимӣ на дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолияти назаррас доранд. Хушбахтона, дар шаҳри Ваҳдат ба он шоҳид шудем, ки ин навъи таҳсилот хуб ҷорӣ шудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Ваҳдат 26 маҳфил, аз ҷумла чор маҳфили фаннӣ (омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳуқуқшиносони наврас), ду маҳфили техникӣ (омӯзиши технологияҳои компютерӣ), шаш маҳфили ҳунарӣ (дӯзандагӣ, сохт ва намуди либос, чеварони миллӣ, бофандагӣ ва қаннодӣ), ду маҳфили сайёҳӣ (сайёҳони наврас ва экологони наврас), се маҳфили бадеӣ (театр-студия, хониши бадеӣ, созию овозӣ ва рассомӣ) ва нуҳ маҳфили варзишӣ (гӯштини миллӣ, вазнбардорӣ, ТАЭК-ВАН-ДО-ВТФ, ТАЭК-ВАН-ДО-ИТФ, МУАИ-ТАЙ-К-1, сеҳарба, обутоби бадан ва футбол), аз рӯи шаш самт амал менамоянд.

Директори муассиса Зӯҳро Табарова зимни суҳбат иброз намуд, ки маҳфилҳо дар ду баст, берун аз машғулиятҳои муассисаи таълимӣ, ҳангоми фориғ аз дарсҳо будани хонандагон гузаронида мешаванд. Онҳо 90 дақиқа идома ёфта, ҳафтае ду-се рӯз доир мегарданд.

- Ба машғулиятҳо дар муассиса 29 омӯзгори варзида ва устоҳои гулдаст, аз ҷумла Шамсиддин Шаҳобиддинов, Робия Саломова, Тиловат Мирзошарифова, Саломат Файзова, Ҷумъагул Назарова, Суҳроб Шоқулов, Манзила Файзова, Фирӯз Какроев, Ҳалима Асадуллоева ва дигарон ҷалб шуда, хонандагон дар маҳфилҳо бо шавқу рағбати зиёд ширкат менамоянд, — афзуд ӯ.

Махсусан, ба маҳфили эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз бахшҳои дӯзандагӣ, сохт ва намуди либос, чеварони миллӣ, бофандагӣ ва қаннодӣ иборат аст, хоҳишмандон хеле зиёд буда, духтарони синни мактабӣ бо шавқу завқи баланд меоянд.

Робия Саломова, ки солҳост ба ҷавондухтарон машғулият мегузаронад, иброз дошт, ки ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳо беҳтарин василаи касбомӯзӣ мебошад. Духтароне, ки баъди хатми мактаб таҳсилро давом дода наметавонанд ва хоҳиши аз бар кардани ҳунар доранд, бо майли зиёд онҳоро ба маҳфил қабул мекунем ва дар омӯзиши касб кумак мерасонем. Бароямон хеле муҳим аст, ки ҷавондухтарон соҳибҳунар шуда, дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор нагарданд.

- Ҳунаромӯзии духтарон бо хоҳиши онҳо сурат гирифта, омӯзишро аз дӯхтани дастӣ оғоз мекунанд, зеро аксари онҳое, ки бори аввал ба ин даргоҳ меоянд, ҳатто сӯзану риштаро ба даст гирифта наметавонанд. Ба онҳо ёд гирифтани ҳунарро аз кӯки дарз сар карда, то дӯхтани либосҳои миллии тоҷикӣ, аврупоӣ ва мавсимӣ меомӯзем. Духтарон ҳунари интихобкардаашонро дар муддати кӯтоҳ аз бар мекунанд. Маҳсули дасти онҳо борҳо дар чорабиниҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, харидор пайдо кардаанд, — мегӯяд Робия Саломова.

Дар муассиса соле се-чор гурӯҳ курсҳои ҳунаромӯзиро хатм карда, дар Маркази ҷумҳуриявии «Муассисаи таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи касби интихобкарда имтиҳон супорида, соҳиби шаҳодатнома мешаванд ва имкон пайдо мекунанд, ки дар корхонаву муассисаҳо бо ҷои кор таъмин шаванд.

Дар маҳфили бадеӣ, ки аз бахшҳои театр — студия, хониши бадеӣ, созию овозӣ ва рассомӣ иборат аст, наврасону ҷавонони зиёд хоҳишу рағбати беандоза омӯхтан доранд. Аъзои ин маҳфил дар чорабиниҳои шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори таҳсин гардидаанд. Масалан, дар арафаи соли нави мелодии 2021 аъзои маҳфили театр-студияи Маркази эҷодии кӯдакону наврасони назди муассиса дар мавзӯъҳои гуногун се саҳначаи таҳиянамудаи омӯзгори муассиса, коргардони шинохта Шамсиддин Шаҳобиддиновро намоиш доданд, ки писанди бинандагон гардиданд. Дар маҳфил, ки намояндаи Агентии таблиғотии «Пурнур»-и ­назди Саҳифаи расмии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иштирок дошт, маҳфили театр-студияи нав­расону ҷавононро аз ҷумлаи беҳтаринҳо ҳисобида, ба онҳо дувоздаҳ лӯхтаки замонавии оҳарӣ ҳадя кард.

Фаъолияти маҳфили варзишӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, наврасону ҷавонони аъзои он аз рӯи нуҳ намуди варзиш дар варзишгоҳи марказии шаҳр ва қасри варзишии болопӯши муассиса тамрин мекунанд. Сармураббии маҳфили варзишӣ устоди варзиш Тиловат Мирзошарифова мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2020 варзишгарони маҳфил дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 45 медали тилло, 55 нуқра ва 39 биринҷӣ ба даст оварданд.

Фаъолияти маҳфилҳои дигар низ хуб ба роҳ монда шуда, аъзои он дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, дар давраҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

- Муассиса на танҳо макони ҳунаромӯзии наврасону ҷавонписарону ҷавондухтарон, балки даргоҳи умеди бонувони минтақа низ гардидааст. Омӯзгорони ин даргоҳи ҳунар мардумро ба иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ даъват намуда, ба ин васила дар эҳёи ҳунарҳои миллии азбайнрафта саҳмгузорӣ мекунем, — гуфт Зӯҳро Табарова.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити ҳозира, агар дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба монанди шаҳри Ваҳдат хуб ба роҳ монда мешуд, барои наврасону ҷавонон кори хайру савоб мебуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Варзоб низ хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳатто дар мактабҳои деҳаҳои дурдасти он маҳфилҳои гуногунро ташкил кардаанд, ки хонандагон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва фанҳои дӯстдошта ҷалб гардидаанд. Мутаассифона, фаъолияти таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод чандон моро қонеъ карда натавонист, зеро барои аъзои маҳфилҳо шароити заруриро муҳайё накардаанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бошад, чунин муассиса, қариб ки амал намекунад. Тавре муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳбуба Раҳимова иброз дошт, солҳои пеш муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъол буд, вале баъдан бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда, то ҳол барои барқарор кардани он дар маркази ноҳия ва шаҳраку деҳот чораҳои зарурӣ андешида нашудааст.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»