Чорабинии фарҳангӣ дар «Чароғи ҳидоят»

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Инчунин Сарвари давлат иброз намуд, ки моҳи май ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот хоҳад намуд. 

Воқеан ҳам  ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда  эътироф шуда, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро  дар шароити имрӯза бе иштироки фаъолонаи насли ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон  аст. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мо оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо муовини директори ин марказ  Фирӯза Сангмадова ҳамсуҳбат шудем.

Тавре ӯ иброз дошт, Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 таҳти №670 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, таъсис шудааст. Дар марказ 55 нафар донишҷӯдухтарон аз тамоми манотиқи кишвар таҳсил мекунанд. Ҳамасола аз маркази мазкур донишҷӯдухтарон бо сарбаландӣ макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳоро хатм намуда,  бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Аз ҷумла соли 2012 шаш нафар донишҷӯдухтарон дар Вазорати мудофиа, ду нафар дар Вазорати корҳои дохилӣ, як  нафар дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев»  ва як нафар дар соҳаи маориф бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Тавре ҳамсуҳбатам зикр намуд, дар Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» тамоми шароити зист муҳайёст. Марказ дорои китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, ошхона ва толори маҷлисгоҳи замонавӣ мебошад. Аз ҷумла барои расонидани  кӯмаки аввалия  бунгоҳи тиббӣ  фаъолият менамояд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба марказ  ҳашт компютер туҳфа намуд. Барои боз ҳам сайқал додани савияи дониши онҳо дар марказ омӯзиши забони англисӣ, асосҳои информатика, забони модарӣ, таълими касбу ҳунар, этика, эстетика ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯдухтарони марказ дарси забони англисиро дар ҳаҷми 300 соат мегузаронад. Аз ҷониби Литсейи касбии саноатӣ – дӯзандагии шаҳри Душанбе  барои бошандагони ин маркази таълимӣ омӯзиши касби дӯзандагӣ бо гирифтани сертификат  ҷорӣ шудааст.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо ташаббуси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2  майи  соли равон, мулоқот бо иштироки раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова бо ҷавондухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»  дар мавзуи «Зан — модар — сарчашмаи ҳаёт» доир  гардид. Директори марказ Савринисо Расулова  вохӯриро ифтитоҳ намуд. Баъд туҳфаҳои таъсиснамудаи  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз лавозимоти варзишӣ,   сарулибоси занона  ба донишҷӯдухтарон   тақдим шуд. Барномаи фарҳангии ҷавондухтарони маркази таълимӣ ба чорабинӣ  шукуҳу  шаҳомат  бахшид.

- Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ  дар замири насли ҷавон бедор кардани  эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, талқини  ахлоқи ҳамида, эҷодкорӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аст, то дар оянда духтарон  тавонанд ҳамчун шаҳрвандони сазовор ва намояндагони шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд,- гуфт дар поёни суҳбат  Фирӯза Сангмадова.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»