Китоби нав

«Дар бораи матбуот, ҳамкасбон ва худ…»

№30 (3980) 19.03.2019

IMG копияНашриёти «Русская литература» бо ин ном ва бо забони русӣ китоби собиқадори матбуоти тоҷик Владимир Василевич Воробёв — фарзанди содиқи Тоҷикистонро, ки  анқариб 40  соли ҳаёти бобаракати худро сарфи матбуоти диёр кардааст, аз чоп баровард. Бо вуҷуди наздик шудан ба синни мубораки ҳафтод муаллиф дар дил гуфтаниҳои зиёде дорад. Баробари мутолиаи нахустин саҳифа дар навишти муаллиф, пеш аз ҳама, самимият ва муҳаббат ба рӯзноманигорӣ, дилсӯзию хайрхоҳӣ ва бефарқ набуданро нисбат ба ояндаи соҳа, бахусус, рӯзномаҳо эҳсос намудан мумкин аст.

Дар қисмати пешгуфтор Владимир  Василевич таърихи ба дунё омадани худро дар шаҳри Андиҷони РСС Ӯзбекистон, ки падараш аз шаҳри Душанбе ба хизмати ҳарбии ҳатмии дусола сафарбар шуда, бо хатми он як нафар рафтаву чор нафар баргаштанро нақл кардааст. Пасон, сарнавишти минбаъда, дар кору вазифаҳои гуногун фаъолият намудани худро рӯи қоғаз овардааст. Қиблагоҳаш хеле барвақт оламро падруд гуфта, ҳамсараш ва ду фарзанд бе саробон мемонанд. Бо мақсади кумак ба модар Владимир аз баҳри таҳсил дар мактаби миёнаи №9 — и пойтахт, ки асосан фарзандони котибони СЕКА ва вузаро таҳсил мекарданд, гузашта, ба мактаби шабонаи коргарҷавонон мегузарад ва дар як вақт дар кинотолори «Ҷомӣ» ба сифати киномон кор мекунад. Баъдан соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар рӯзномаҳои «Вечерный Душанбе», маҷаллаи «Агитатор Таджикистана», сармуҳаррири рӯзномаи «Кулябская правда», «Коммунист Таджикистана» ва  аз соли 1985 то 2012 сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» (собиқ «Коммунист Таджикистана») кор кардааст. Бо вуҷуди ба вазифаҳои баландтар даъват шудан ба рӯзномаи азизи худ содиқ монд.

Хонанда дар баробари огоҳӣ аз рӯзгору роҳи ноҳамвор тайкардаи В. Воробёв тавассути 19 мақолаи дар китоб овардашуда, аз заҳмати мӯшикофонаи мардуми қаламкаш воқиф мегардад. Воқиф аз он, ки сарсупурдаи соҳа дар солҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ чун аксари русҳо ҷумҳуриро тарк накард. Бо матонату иродаи фӯлодин наҳаросида, фаъолиятро идома бахшид.

Китоб аз ҷумлаи беҳтарин роҳнамо барои  рӯзноманигорони оянда ва манбаи хуби илҳоми эҷодии онҳо буда метавонад. Онро нақлу рӯйдодҳои аҷиб, ки муаллиф аз дидаю шунидаҳо гирд овардааст, боз ҳам хонданибоб гардонидаанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»