Андешаи омӯзгор

Дар гузоштани хишти аввали бинои тарбия эҳтиёт мебояд

№127 (4077) 24.10.2019

tochikiston-mektebeОмӯзгор тарбиятдиҳанда ҳамзамон ва таълимдиҳандаи  касбҳост ва дар ҳама замон, сохти ҷамъиятӣ ба ин пешаи заҳматталаб ва ифтихорӣ ниёз дошт. Аз мутафаккирони ҷаҳон садҳо далелу мисол овардан мумкин аст, ки дар баробари ба қуллаҳои баланди касбияту шуҳрат расидан, зикри рисолату манзалати пешаи мазкурро мояи ифтихори худ донистаанд. Дар сурати муваффақона гузаштани марҳилаҳои ибтидоӣ, яъне, гирифтани таълиму тарбияи дуруст, аз рӯзи фарқ кардани нек аз бад, барои кӯдак шароите фароҳам меояд, ки ба оянда бо дили пур ва эътимоди қавӣ қадам гузорад.

 Ҳарчанд нардбон як воситаи муқаррарист, вале маҷозан рамзу ҳикмати хубе барои инсон буда метавонад. Шахс ҳатто ба болои боми начандон баланди хона ҳам аз тариқи зинапоя боло мешавад. Фатҳи қуллаҳои баланд ҳам аз замин оғоз меёбад. Фаразан, шахсеро тариқи чархбол ба қуллаи кӯҳ бурда монанд, ба поён нигоҳ карда, дилаш таҳ мекашад. Баръакси ин, кӯҳнавардонеро, ки бо ранҷу заҳмат, зина ба зина, марҳила ба марҳила ба фатҳи қуллаҳо даст меёбанд, шодию ифтихори бемисле фаро мегирад.

Роҷеъ ба ин андеша шоҳбайти «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ» хеле бамаврид гуфта шудааст. Бинобар ин, ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ диққати бештар ба тарбияи хонандагон доданро маҳз дар ҳамин давра хеле муҳим мешуморам. Зеро ин давраест, ки ҳанӯз тафаккури кӯдак орӣ аз ҳама гуна андешаи нодаркор мебошад. Он ба коғази сафеди ҷилоноке шабоҳат дорад, ки ҳар чӣ сабт гардид, то дер боқӣ мемонад. Наврас дар кадом рӯҳияе, ки таълиму тарбия гирифт, бо ҳамон рӯҳия роҳи минбаъдаи худро идома медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як таҳаввулот, давраи гузариш мушкилиҳои хос дорад. Аз ҷумла, бар асари пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ ва оғози бесарусомониҳо дар кишвар, дастоварду таҷрибаи назарраси тӯли қариб ҳафтод сол ташаккулёфта аз байн рафт. Соҳаи маорифи кишвар, метавон гуфт, ки қисман навсозӣ ё худ эҳё гардид. Маълум, ки дар ин муддат соҳа роҳи мушкилу ноҳамвореро тай намуд. Табиист, ки ин роҳи тайнамуда, аз монеа ва мушкилу камбудиҳо эмин набуд. Чун дар дигар соҳаҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифчиён тавонистанд, ки буҳронҳоро пушти сар намуда, қадамҳои устувор ба сӯи пешрафт гузоранд. Камбуду нуқсонҳои ҳанӯз ҳам ҷойдошта бошанд, муваққатӣ буда, ҳатман дар солҳои наздик ҳалли пурраи худро хоҳанд ёфт.

Пешрафти соҳаи маориф ва илмро, пеш аз ҳама, дар ҳар чӣ зиёдтар ба кор ҷалб намудани мутахассисоне мебинам, ки ба пеша меҳру муҳаббати беандоза доранд. Баъд аз боғча — кӯдакистонҳо, ки мутаассифона, на ҳама фарзандон он ҷо шароиту имконияти тарбияи хуб гирифтанро доранд, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ шахсоне мебошанд, ки наврасон ба онҳо бо ҳазорон умеду боварӣ ва муҳаббату меҳр рӯ ба рӯ мегарданду унс мегиранд. Ба ақидаи баъзеҳо, омӯзгорӣ дар синфҳои ибтидоӣ назар ба синфҳои болоӣ саҳлу осон аст. Не, таҷриба, воқеият исбот менамояд, ки ба муҳити нав — мактаб дилгарм намудани кӯдаконе, ки ба муҳити оила ё муассисаҳои томактабӣ сахт одат намудаанд, кори беҳад мушкил мебошад. Ҷиҳати дигари мураккабии кор он аст, ки дар муқоиса бо синфҳои болоӣ, таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ гуногунрангию гуногуншаклии созгор бо олами кӯдаконаро тақозо менамояд. Дар ин марҳилаи омӯзиш бояд аз воситаҳои гуногуни аёнӣ, расму нигоришҳо, эҷодиёти адабиёти халқӣ фаровон истифода бурда шавад.

Хушбахтона, дар мактабе, ки ба омӯзгорӣ машғул ҳастам, соҳибкасбоне ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд, ки пешаи интихобкардаи худро дӯст медоранд. Мо — омӯзгорони ин мактаб ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ворисони сазовори ояндаи миллатамонро ба камол расонем.

Моҳистон ҚУРБОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

МТМУ № 17-и ноҳияи Фирдавсӣ