Ба таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Россия фарҳанги оиладорӣ меомӯзанд

№128 (3765) 31.10.2017

1 листПас чаро мо ҳам пайи беҳбуд бахшидани ахлоқи ҷомеа набошем?

«Месазад, ки «Асосҳои фарҳанги оиладорӣ» шомили барномаи  таълими ҳатмии мактабҳо карда шавад», — омадааст дар фишурдаи як хабари рӯзномаи «Коммерсант».

Намояндагони иттиҳодияи падару модарон бо ин  пешниҳод ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия муроҷиат намуданд, ки он қабул гардид. Муовини вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Татяна Синюгина дар суҳбат бо роҳбари  Ассотсиатсияи кумитаҳои падару модарон Олга Леткова изҳор намуд, ки пешниҳод ҳатман мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Ба гуфти муаллифон, соатҳои таълимӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ аз «Асосҳои фарҳанги оиладорӣ»  имкон медиҳад, ки толибилмон «маҷмӯи арзишҳои асосии оиладории хоси фарҳанги ватанӣ» — ро аз худ намоянд ва ба «ташкили оилаҳои солиму мустаҳкам, серфарзанду хушбахт» омодагӣ бинанд.

Таҳиягарони дастури омӯзишӣ роҳиби Екатеринбург Дмитрий Моисеев ва роҳибаи дайри занонаи Урали Миёна Нина Кригина мебошанд. Бори аввал дарсҳо оид ба арзишҳои оиладорӣ соли 2009 дар якчанд минтақаи интихобии Россия таҷриба шуд. То соли 2017 он аллакай дар 60 минтақаи Федератсияи Россия татбиқ ёфт. Ҳоло он бевосита ва дар доираи фанҳои дигар, ба мисли ҷамъиятшиносӣ таълим дода мешавад.

Соли 2015 намояндагони Маркази насронии Россия ба  Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба ҳатмӣ будани омӯзиши арзишҳои оиладорӣ барои мактаббачагон муроҷиат намуданд. «Моро зарур аст, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда ахлоқи ҷомеаамонро тағйир диҳем», — изҳор медорад саррӯҳонӣ  Дмитрий. Бояд гуфт, ки ин пешниҳод аз тарафи роҳбарияти пештараи вазорат дастгирӣ наёфта буд. Ин навбат, ба гуфти  Олга Леткова ҷиҳати ба барномаи мактабӣ ворид кардани пешниҳод мувофиқа ба даст омадааст ва он моҳи ноябри соли ҷорӣ дар машварати Иттиҳодияи таълимӣ–методии маълумоти умумӣ дар назди Академияи таҳсилоти Россия баррасӣ мешавад.

- Пешниҳодро ба кадом фан ҳамроҳ месозанд ва чӣ миқдор соат барои омӯзиши он ҷудо мегардад, коршиносон ҳаллу фасл менамоянд. Онҳо бояд  муайян кунанд, ки бо чӣ роҳ барномаи мазкурро ба  соҳаи маориф ҳамроҳ намоянд. Дар ин бобат, фаҳмида гирифтани фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти мутахассисони соҳа аз ҳама манотиқи кишвар шарт ва зарур аст, — мегӯяд Олга Леткова

Хотиррасон бояд намуд, ки ба барномаи ҳатмии мактабӣ аз соли 2012 барномаи «Асосҳои фарҳанги динӣ ва ахлоқи дунявӣ» ворид карда шудааст. Бо интихоби волидон хонандагони синфҳои 4  метавонанд, ки яке аз панҷ шохаи таълим: асосҳои фарҳангии дини насронӣ, ислом, яҳудӣ, буддоӣ ва ё ахлоқи дунявиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, — хабар додааст рӯзномаи «Коммерсант».

Суол пайдо мегардад, ки чаро омӯзиши «Асосҳои фарҳанги оиладорӣ»  дар ҷумҳурии мо ҳам ба таври густурда ба роҳ монда нашавад? Бешубҳа, ин тадбир дар пешгирии бисёре аз мушкили ҷомеа, ба мисли барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон, косташавии ахлоқи ҷавонон, худкушӣ, аз таълиму тарбия дур мондани кӯдакону наврасон, рӯ ба танфурӯшӣ овардани як идда духтарону занон таъсир мерасонад.

Аз суҳбат бо Раҷабалӣ Сангов, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки дар синфҳои 10-и мактабҳои кишвар аз фанни «Маърифати оиладорӣ» ҳафтае як соат таълим дода мешавад. Бо таҳлил аз вазъи феълии дар мактабҳо бобати сифат ва боздеҳи дарсҳо ҳукм баровардан барвақт аст. Шояд вақти он расида бошад, ки зиёд кардани соати дарсӣ аз ин фан ва таълими он дар синфҳои болоӣ мавриди бозбинӣ қарор бигирад?

Мирзо Нуралиев,

«Садои мардум»