Дастовардҳо зиёд ва қобили таваҷҷуҳанд

№118-119 (3598-3599) 15.09.2016

ректорБисту панҷ сол аст, ки мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Ҳарчанд ки истиқлолияти мо ҷавон аст, решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзанди далеру қаҳрамони миллат, ки дар роҳи озодиву истиқлол ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.

Дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқ равона созем. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои Ватан дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба арзишҳое чун озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Аз файзу баракат ва неруи Истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштаем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем, зеро истиқлолияти энергетикӣ барои кишвари мо ва рушди минбаъдаи он аҳамияти сарнавиштсоз дорад ва гузашта аз ин, масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб меравад. Дар партави хуршеди дурахшони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи илму маориф инкишофу тараққӣ ёфта, истиқлолияти комили маънавӣ дар кишвари азизамон таъмин карда мешавад. Ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини он барои рушду нумӯи мактабу маориф шароити мусоид фароҳам овард, ки он ҳам, пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки муассисаи таълимии олии махсусгардонидашудаи раванди иқтисод дар ҷумҳурӣ буда, таълим ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар асоси низоми бисёрзинагии таҳсилот ба роҳ мондааст, дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон баҳри рушди соҳаи маориф, тарбияи насли хушахлоқу бомаърифат ва созанда ҷидду ҷаҳд дорад. Ин махзани дониш, ки соли 1987 ҳамчун филиали Душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск таъсис ёфт, баъди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ноябри соли 1991 ба Донишкадаи тиҷорати Тоҷикматлубот, марти соли 1993 ба Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тӯли бисту панҷ соли Истиқлолият ба туфайли ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар соҳаи маориф ДДТТ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ барои мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба ин васила, муаррифӣ намудани таҳсилоти олии касбии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ дар донишгоҳ раванди таълимро тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монд ва барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор гузошт. Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи таҳсилот, хоса низоми нави кредитӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар донишгоҳ солҳои 2007 ва 2009 ба гирифтани ҷоизаҳои байналмилалии «Сифати аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо» ноил гардид.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои амалӣ намудани «Барномаи давлатӣ ҷиҳати такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» шурӯъ аз соли 2009 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар яке аз ихтисосҳои донишгоҳ – Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ гурӯҳи махсуси забони англисӣ бо раванди таълим пурра бо забони англисӣ, бо ҷалби устодон ва мутахассисони варзидаи забондон ба роҳ монда шуд, ки хатмкунандагони ин гурӯҳҳо дар вазорату идораҳо ва ташкилоти байналмилалӣ сарбаландона фаъолият менамоянд. Инчунин, донишҷӯёне, ки айни ҳол дар ин гурӯҳҳо таҳсил менамоянд, иштирокчиёни фаъоли лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ ва ғолибони олимпиадаҳои сатҳи гуногун мебошанд.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахассисонро вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ аз рӯи 23 ихтисосу зерихтисоси равияи иқтисодӣ тайёр мекунад. Он дорои заминаи хуби моддӣ-техникие мебошад, ки комилан ба талаботу муқаррароти стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷавобгӯ буда, дорои 7 бинои таълимӣ бо 144 синфхона, 7 лабораторияи таълимӣ ва 15 кабинети методӣ бо 4924 ҷойи нишаст аст. Шумораи синфхонаҳои компютерӣ ба 21 адад расидааст ва миқдори умумии компютерҳо 690 ададро ташкил медиҳад, ки 636 — тои он ба шабакаи Интернет пайваст аст. Китобхонаи донишгоҳ замонавӣ буда, ду толори хониш бо 116 ҷойи нишаст ва ду толори китобхонаи электронӣ бо 100 ҷойи нишасту 100 адад компютери ба Интернет пайваст барои устодон ва донишҷӯён хизмат мерасонад. Фонди китобхонаи донишгоҳ 248785 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб китобҳои дарсӣ – 185352 нусха, китобҳои илмӣ – 45625 нусха, китобҳои бадеӣ – 17808 нусха мебошанд. Миқдори умумии китобҳои электронӣ 62097 ададро ташкил медиҳад.

Таълим дар донишгоҳ дар ду шакл – рӯзона ва ғоибона амалӣ мешавад. Ҳамагӣ дар 223 гурӯҳи академӣ 4819 нафар, аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 2112 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 2707 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисон аз рӯи касбҳои ҳуҷҷатгузории фаъолияти идоракунӣ, тайёр кардани роҳбалади сайёҳон, тартиб додани нақша ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, администратор (маъмуриятчигӣ)-и меҳмонхонаҳо, андоз ва андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, андоз ва андозбандии фаъолияти бонкӣ, тайёр намудани пешхизматҳо, ошпазҳо, фурӯшандаҳо, барменҳо, экспертҳои қарзӣ ва дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доранд. Алҳол онҳо дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, идораву вазоратҳои мухталиф, бонкҳо, ширкатҳо, ташкилоти байналмилалӣ кор карда истодаанд. Бояд қайд кунам, ки як қисми хатмкунандагон бо роҳхати Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо кор таъмин карда мешаванд. Як қисми хатмкунандагони зинаи бакалавриат бо роҳхати донишгоҳ метавонанд дар зинаи магистратура таҳсили хешро давом диҳанд. Раёсати донишгоҳ ҷиҳати таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор минбаъд низ чораҷӯйӣ намуда, дар ин самт сол аз сол корро вусъат хоҳад бахшид.

Донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба имзо намуда, дар самти гуногун бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар солҳои охир бо Донишгоҳи инноватсионии Авруосиё, Донишгоҳи давлатии Қазоқистони Ғарбӣ ба номи М. Утемисов, Донишгоҳи давлатии Павлодар (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишгоҳи кооператсияи Россия, Донишгоҳи давлатии идоракунии Федератсияи Россия, Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир (Федератсияи Россия), Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Гомел, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Минск (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи иқтисодиёт ва савдои Полтава (Ҷумҳурии Украина), ҳамчунин бо донишгоҳҳои «Ориё» ва «Дурахшон»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Донишгоҳи Вармин-Мазури Ҷумҳурии Полша, Донишгоҳи Линеуси Шветсия, Донишгоҳи байналмилалии Зеландияи Нав, Донишгоҳи Кемянги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи технологии Нянянги Сингапур ва ғайра созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидем.

Хурсандибахш аст, ки тайи чанд соли охир дар донишгоҳ воқеаҳои басо фараҳбахш рух доданд. Ихтисоси 250103 — иқтисодиёти ҷаҳони донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар нахустин шуда, соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. Дар даврони Истиқлолият барои дастовардҳои илмӣ 10 нафар устоди ҷавони донишгоҳ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гардиданд.

Мумин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор