Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дастовардҳои арзанда

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

Микроҷарроҳии реконструктивию пластикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 25 сол аст, ки арзи вуҷуд намуда, яке аз соҳаҳои ҷавони ҷарроҳӣ ба шумор меравад ва давоми зиёда аз 10 соли охир ҳамчун самти алоҳидаи соҳаи ҷарроҳӣ эътироф шудааст. Микроҷарроҳӣ дар радифи соҳаҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз қабили ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии торҳои периферии асабҳо, травматология ва ортопедия, урология, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, оториноларингология қарор дорад. Яъне, ба микроҷарроҳии реконструктивию пластикӣ он вақт зарурат пайдо мешавад,  ки бо усулҳои маъмули ҷарроҳӣ имконияти бартараф намудани мушкилот маҳдуд аст ё натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда намешавад.

Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо соли 1987 ташкил гардида,  ягона маркази расонидани ёрии махсусгардонидаи микроҷарроҳии реконструктивию пластикӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамасола кормандону мутахассисони шуъба ба зиёда аз 600 нафар бемор ёрии махсусгардонидаи тахассусӣ мерасонанд.  Корҳои амалӣ ҳамеша таҳти таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, дар асоси онҳо тадқиқоти илмӣ дар самтҳои гуногуни микроҷарроҳии реконструктивию пластикӣ гузаронида  мешавад. Дар маҷаллаҳои илмӣ ва оммавӣ пайваста натиҷаҳои тадқиқоти илмии мутахассисони ин соҳа нашр гардида, дар форумҳои бонуфузи илмӣ дастовардҳои нав ба нави онҳо баррасӣ мегардад.

Дар асоси тадқиқоти илмии пайвастаи кормандони ин соҳа 14 рисолаи номзадӣ ва ду рисолаи докторӣ ҳимоя гардида, шумораи зиёди мақолаҳои илмии оригиналӣ дар маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ нашр шудаанд.

Аз пешниҳод шудани силсилакорҳои илмии соҳаи ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар солҳои 2001-2011 аз ҷониби доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиб профессор Каримҷон Ортиқов ва номзади илмҳои тиб Абдумалик Давлатов ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013 огоҳ гашта, бисёр хурсанд шудам. Камина ҳамчун ҳамсафи муаллифон бо тадқиқотҳои илмӣ ва амалии онҳо аз наздик шинос ҳастам. Бинобар ин, мехоҳам фикру андешаҳои худро оид ба тадқиқотҳои онҳо изҳор намоям.

Як қисми мақолаҳои пешниҳодгардида ба ҷарроҳии реконструктивии осебҳо ва нуқсонҳои ташаккули панҷаи даст, табобати ҷарроҳии осебҳои бандаки рагу асаби дасту пой, хамшавию часпидагии пас аз сӯхтани ангуштони панҷаи даст, пайвандҳои калони андомҳо ва гардан бахшида шудаанд. Барои тадқиқотҳои илмие, ки ба беҳтар кардани натоиҷи табобати ҷарроҳии чунин беморон равона шудаанд, номбурдагон чор патенти ихтироот ва панҷ пешниҳоди навоварӣ ба даст овардаанд.

Дар гурӯҳи дигари корҳои илмӣ намудҳои гуногуни нуқсонҳои бофтаҳои рӯпӯшкунандаи мавзеи муйдори сар омӯхта, гурӯҳбандӣ шудаанд ва дар асоси он усулҳои табобати ин нуқсонҳо, аз ҷумла усулҳои нави ҷарроҳӣ, мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷиҳатҳои гуногуни табобати ҷарроҳии нуқсону бадшаклии суфраи гӯш муфассал омӯхта шудаанд. Дар асоси таҳлил ва омӯзиш оид ба табобати ҷарроҳии нуқсон ва бадшаклгардии бофтаҳои мавзеи атрофи чашмон аз ҷониби профессор Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафони ӯ намудҳои ин бемориҳо ва усулҳои табобати ҷарроҳии мавҷуда гурӯҳбандӣ гашта, ҷанбаҳои гуногуни табобати ҷарроҳии онҳо такмил ёфтанд. Илова бар ин, усули тавассути баллон ёзишдиҳии бофтаҳои рӯпӯшкунандаро барои рафъи норасоии бофтаҳои мавзеи иллатёфта ворид карда, усули нави ҷарроҳӣ барои бартараф кардани пӯшидагии пилки болои чашм таҳия шудааст.

Як қатор корҳои илмии Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафони ӯ ба овезоншавии девори пеши шикам ва чурраҳои калони шикам бахшида шудааст. Дар ҳамин радиф, хусусиятҳои тайёр кардани беморон дар марҳилаи пеш аз ҷарроҳӣ ва нигоҳубину табобат дар марҳилаи пас аз ҷарроҳии чунин беморон дар доираи кори махсуси илмӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Омили муҳими дигар он маҳсуб меёбад, ки бори аввал нишонаҳои мушаххаси тайёршавии беморон барои гузаронидани амали ҷарроҳӣ дар девори пеши шикам таҳия шуда, як қатор чорабиниҳо барои пешгирии баландшавии фишори дохили шикам баъди ҷарроҳӣ таҳия ва дар амал татбиқ гардидаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби ин табибони шинохта имкониятҳои табобати ҷарроҳии нуқсонҳои бофтаҳои нарми пошнаи пой омӯхта шуда, дар асоси таҳлили таҷрибаи амалӣ усулҳои нави кӯчонидани порчаи пӯсти кафи пой мавриди  истифода аст.

Дар асоси маводи кофӣ усулҳои нави аз тарафи муаллифон таҳия ва иҷрошудаи пайвасткунии варидҳои тухмдон ҳангоми варикоселе омӯхта таҳлил гаштаанд, ки дар натиҷаи он бартарии бараълои ин усулҳои пешниҳоднамудаи муаллифон тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон вобаста ба намудҳои ин беморӣ тарзи гуногуни пайвасткунии варидҳо пешкаш шудаанд.

Фоиданокии усулҳои гуногуни сохтани маҷрои пешоббаро омӯхта ва бартарии усулҳои якмарҳилагии табобати ҷарроҳӣ тасдиқ шудааст.

Омили муҳими дигаре, ки мехоҳам зикр намоям, аз ҷониби муаллифон бори аввал дар фаъолияти амалии клиникии кишвар ворид намудани табобати ҷарроҳии диққи нафас мебошад. Дар натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидаи мутахассисон, усули нави ҷарроҳӣ ҳангоми бемории диққи нафас, ки иборат аз резексияи шохаи дарунии асаби бологии ҳалқ мебошад, амалӣ гашта, ин усул бо патенти ихтироот дифоъ шудааст.

Дастовардҳои зиёди муаллифон ба натиҷаҳои табобати ҷарроҳии намудҳои гуногуни каҷшавию бадшаклшавии баъдиосебии бинӣ тааллуқ доранд, ки дастоварди муҳим маҳсуб меёбад. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби ин се нафар олим як қатор корҳои ҷолиб ба имкониятҳои хейлоринопластикаи реконструктивӣ, яъне беҳтар кардани шаклу намуди лабу даҳон ва бинӣ, ҳангоми табобати лабчокии модарзодӣ, амалӣ шудаанд.

Бори аввал дар таҷрибаи бахши тандурустии ҷумҳурӣ аз тарафи муаллифон аутотрансплантатсияи мӯй ворид шуда, натиҷаҳои нахустини он таҳлил гардида, дар доираи тадқиқоти алоҳидаи илмӣ баррасӣ гардиданд.

Зикр намудан зарур аст, ки  дар маҷмуъ барои таҳияи усулҳои нави ҷарроҳӣ ва такмили усулҳои мавҷудаи амалиёт муаллифони зикршуда 22 патенти ихтироот ва 19 пешниҳоди навоварӣ ба даст овардаанд.

Банда муътақидам, ки силсилаи корҳои илмии ба соҳаи ҷарроҳии реконструктивию пластикӣ бахшида, ки аз тарафи олимони шинохтаи тоҷик Убайдулло Абдуллоевич Қурбонов, Карим Пулодович Ортиқов ва Абдумалик Абдулҳақович Давлатов барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешниҳод шудаанд, боиси дастгирӣ ва воқеан ҳам арзандаи ин ҷоиза мебошанд.

Алиҷон ҒОИБОВ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,

узви вобастаи Академияи илмҳои тиб,  доктори  илмҳои тиб