«Девони Насимӣ» ба забони тоҷикӣ нашр шуд

№ 14.12.2019

Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 650-солагии шоири бузург Имомаддини Насимӣ ва 150 — солагии нависанда ва маорифпарвари озарбойҷонӣ Ҷалил Мамедқулизода ҷамъомад баргузор шуд. Дар он китобҳои «Девони Насимӣ»-и Имомаддини Насимӣ ва «Қуттии почта»-и Ҷалил Мамедқулизода муаррифӣ гардиданд.

Китобҳои мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шудаанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳасан Мамедзода изҳор дошт, ки Саид Имомаддин Насимӣ аввалин касе буд, ки ба забони озарбойҷонӣ девони комилро ба вуҷуд оварда, роҳи ноҳамвори каломи манзумро барои ҳамзабонони худ ҳамвор гардонид. Аз ин рӯ, муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ Насимиро ҳамчун яке аз поягузорону саромадон ва сарсупурдагони адабиёти Озарбойҷон пазируфтаанд. Имомаддин Насимӣ ҳамагӣ 48 сол зиста бошад ҳам, аз худ мероси бойи адабӣ ба забонҳои озарбойҷонӣ, форсӣ ва арабӣ боқӣ монд. Мавзӯъҳое, ки дар эҷодиёташ акс ёфтаанд, аз ҷумла, инсондӯстӣ, хушодобӣ, такомули маънавӣ, ғояҳои адолати иҷтимоӣ ва меҳри илоҳӣ тақозои замон буданд.

Ӯ се девони ашъор ба забонҳои тоҷикӣ — форсӣ, арабӣ ва озарбойҷонӣ таълиф намудааст. То ба имрӯз девонҳои озариву тоҷикӣ-форсиаш маҳфуз мондаанд, вале аз девони арабии ӯ ба ҷуз аз ахбори тазкираҳо, чизи дигаре дастраси муҳаққиқон нагардид.

Асарҳои ӯ ба забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ ва олмонӣ тарҷума шудаанд. Таҳиягарони китоби «Девони Насимӣ» профессорон Қурбон Восеъ ва Рухшона Восиева мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷалил Мамедқулизода рӯзноманигор, маорифпарвар ва нависандаи ҳаҷвнигор, асосгузори жанри ҳикояи кӯтоҳ дар адабиёти Озарбойҷон мебошад. Ӯ дар ҳикояҳояш тавонист мушкилиҳои ҷиддии ҷомеаро моҳирона ҷой диҳад. Дар ҳикояҳояш аз тариқи сужаи ҷолибу шавқангез бо маҳорати баланд мушкилоти муҳимеро ба намоиш мегузорад, ки бо тақдири ҷомеа алоқамандии зич дорад. Нигоштаҳои ин адиби забардаст то кунун аз лиҳози муҳтаво ҷолиб ва ибратбахш боқӣ мемонанд. Баргардонандаи матни ҳикояҳои китоби «Қуттии почта» профессор Муҳаммадсалом Махшулов мебошад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, шоира Гулрухсор Сафиева, адабиётшинос Қурбон Восеъ ва  дигарон доир ба нақши адибони зикршуда дар рушди фарҳангу адабиёт суханронӣ намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»