ДИТ метавонад бар алайҳи ифротгаройӣ саҳм гузорад

№42-43 (4148-4149) 07.04.2020

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти динии кишвар аст, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи диншиносӣ ва фаро гирифтани онҳо бо улуми динию дунявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Он соли 2007 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукми донишкадаи давлатиро гирифт ва дар низоми таҳсил тағйиру илова ворид гардид.

Ҳоло муассиса мисли дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, фаъолияти самаранок  дорад ва ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти аз байн бурдани хурофотпарастӣ, пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, фаъолиятро ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва пос доштани арзишҳои милливу динӣ равона кардааст. Дар шароити феълӣ мавҷудияти чунин муассиса муҳим аст, зеро баҳри ташвиқу тарғиби афкори ноби динӣ хизмати бориз анҷом медиҳад.

Дар замони муосир гурӯҳу ҳаракатҳои алоҳида талош меварзанд, ки мағзи ҷавонони фориғуттаҳсилро бо ақидаи иртиҷоиашон пур кунанд ва онҳоро барои ноил шудан ба мақсаду ормонҳои деринтизор истифода баранд. Мутаассифона, ҷавонони аз таҳсил дур ва аз маънавиёт бебаҳра ба доми ҳаракату гурӯҳҳои муғриз меафтанд. Барои чунин ҷавонони гумроҳ кишварҳои ноором, чун Сурияву Ироқ ва Афғонистон, барои татбиқи андешаву рафторҳои ифротӣ мақоми таҷриба маҳсуб меёбад. Пешвои миллат дар робита ба ин мавзӯъ 22 декабри соли 2017 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: «…Дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони бо ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад».

Ҳоло дар кишвар фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракати ифротӣ мамнӯъ эълон шудааст. Онҳо, асосан, гурӯҳу ҳаракатҳоеанд, ки бар асоси андешаҳои таҳмилӣ фаъолият мебаранд. Ғарази онҳо, ба ҷуз ноором сохтани фазои сулҳу субот дар ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ чизи дигаре нест. Мутаассифона, онҳо динро ҳамчун васила барои расидан ба ҳадафҳои зишт истифода бурда, ба тори эътиқод ва мазҳаби суннатии мардум нохун мезананд.

Барои пешгирии ин хатар зарур аст, ки мақомоти марбута бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамкориро зич ба роҳ монда, ба мардум фаҳмонанд, ки асли дин чисту мақсади он кадом аст, таҳаммулдорӣ чисту ифротгаройӣ чист ва кадом оқибатҳои ногувор дар пай дорад.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикис­тон олимони диншинос, мазҳабшинос, ақидашинос ва мутафаккирони варзида дар риштаи фалсафаи ислом ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Онҳо метавонанд сирату сурати ҳақиқии он гурӯҳҳоеро, ки ғаразҳои сиёсиашонро зери афкори динӣ пинҳон намуда, ба хотири ҷомаи амал пӯшонидан ба орзуҳояшон аз дини муқаддаси ислом истифода мебаранд, кушода диҳанд.

Ҳақ ба ҷониби Ҳаким Фирдавсӣ аст, ки мефармояд:

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорӣ бибоядат ҷуст.

Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанг,

Нахоҳӣ, ки доим буви мустаманд.

Ба гуфтори паёмбарат роҳ ҷӯй,

Дил аз тирагиҳо бад — ин об шӯй.

МИРЗОЗОДА Мақсадҷони Достӣ,  

декани факултети улуми исломии Донишкадаи исломии Тоҷикистон