Дониш, илм ва фанноварӣ — асоси пешрафти ҷаҳони муосир

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи  дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба  ҳар гуна забон

Гирд карданду  гиромӣ доштанд,

То ба санг — андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Яке аз масоили мубрами инсонӣ дар тамоми замони мавҷудият дарку фаҳми асрори вуҷуд буду ҳаст, ки ин ба хусусияти зотии инсон ҳамчун вуҷуди боақлу бохирад ва дорои тафаккур хос аст. Ҳамин вижагӣ сабаб шудааст, ки зиндагии инсонӣ, сатҳу тарзи он дар ҳар давраи таърихӣ ва шароити замонию маконӣ аз шинохт ва дарки саҳеҳи авомили мавҷуду андешидани тадбири инсонӣ вобаста  мебошад.

Дар ҷаҳони муосир низ бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд,ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Агар ба таърихи фарҳанги башарӣ бо таҳқиқ нигарем, хоҳем дарёфт, ки он ҳамвора вобаста аз вазъи зиндагӣ ва мушкилоти вуҷудияш  ду роҳи ҳалро пешниҳод кардааст: яке бо роҳи дарки дурусти воқеият онро таҳлил, баррасӣ ва чораандешӣ намудааст, дигаре чун бо роҳи ақлу хирад ҳалли масъала ба он даст надодааст, роҳи имону эътиқодро пеш гирифтааст. Яъне, яке шинохти дурусти воқеӣ ва дигаре шинохти зеҳнию  тахайюлиро пеш гирифтааст, аммо дар маҷмӯъ аксари мушкилоти башарро шинохти дурусту воқеӣ тавонистааст ҳал намояд. Шинохти зеҳнию тахайюлӣ бошад (имонию эътиқодӣ), дар аксар маврид монеаи рушди шинохти воқеӣ гардида, хурофотро тавсеа бахшидааст.

Дар фарҳанги навини Аврупо аввалин донишманде, ки услуби илми навинро гузошт, донишманди англис Френсис Бекон (с.1561-1626) буд. Ин донишманди шаҳиру пуркор тавонист, аввалан, равиши нави илмиро дар баробари равиши юнонӣ ба вуҷуд оварад, ки асоси онро ба ҷузъиёт қисмат кардану (индуксия) таҷриба (эмперикӣ) намудани табиат ташкил медод, сониян, беарзишу хурофотӣ ва монеи рушд будани донишҳои схоластикиро (донишҳои мадрасӣ) собит намуда, онҳоро ҳамчун бут ё шабаҳ, ки иборатанд аз бути ҷинс, бути ғор, бути бозор ва бути саҳна баррасӣ ва шарҳ додааст. Ҳамчунин Бекон аз аввалин нафаронест, ки ҳадафи илмро ҳокимияти инсон бар табиат талаққӣ кард ва арзиши асримиёнагии дониш ба хотири дониш ё дониш ба хотири авторитетро шикаст ва шиори «Дониш қувва аст»-ро ба миён гузошт. Воқеан, Бекон бо осори гаронмояи илмӣ ва фалсафиаш ҳамчун поягузори равшангарӣ (маорифпарварӣ) таҳаввулоти бузургеро дар ҷаҳони инсонӣ ба миён овард, ки рушди сареи баъдии кишварҳои аврупоӣ ба он пайвасти қавӣ доранд. Пас аз Бекон ҳазорон нафар донишмандони баъдӣ то даврони муосир аз услуб ва шеваҳои пешниҳоднамудаи он кор гирифта, воқеан ҳам илмро ба қудрати воқеии башар табдил доданд ва то ҳадде султаи худро бар табиат таъмин намуда, аз он бар нафъи башар истифода намуданд. Махсусан равшангарони (маорифпарварони) фаронсавӣ бебунёдӣ ва хурофотӣ будани донишҳои мадрасиро интиқод намуда, барои ҳамагонӣ шудани илм заминаро ба вуҷуд оварданду ҳамчунин секуляризмро (дунявиятро) бар теократия (ҳокимияти динӣ) тарҷеҳ доданд ва ба ҷойи китоби муқаддаси динӣ (Инҷил) китоби таҷзия, таҳлил ва шинохти табиатро пешниҳод намуданд. Натиҷаи ҳамин шинохти дуруст будааст, ки ҳазорон навъи фанноварии ҷадид ба вуҷуд омаданд ва сатҳу сифати зиндагии инсонҳоро дар маҷмӯъ тағйир доданд, ки айни ҳол зиндагии инсонҳоро бидуни онҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст. Афзалияти аврупоиён дар он буд, ки воқеан дастаҷамъона қудрати илмро дарк намуданду онро ба шуури пешбари ҷомеа табдил доданд ва аз такя кардану умед бастан ба осмонҳо даст кашида, ба худ ва ба табиату донишҳои дақиқ такя намуданд ва имрӯз қудрати ҷаҳонӣ дар дасти онҳост.

Як нуктаро зикр кардан ҷоиз аст, ки аврупоиён шинохт ва маърифати даврони Эҳё ва замони Навро осон ва ройгон ба даст наовардаанд, балки муборизаи пайвастаи дигарандешону равшангароне буд, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол дар баробари таассуби масеҳию сохти теократӣ, хурофоту ҷаҳолат ҳазорон ҳазорашон қурбонӣ (инкивизатсия) шуданд, ки ин метавонад мавзӯи матлаби дигар бошад.

Дар Шарқ бошад, махсусан дар ҷомеаҳои мусалмонӣ, ҳарчанд донишмандони табиатшиносе, мисли Закариёи Розӣ,  Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳои дигар корҳои муҳимеро дар шинохти воқеӣ анҷом доданд, аммо дар маҷмӯъ натавонистанд тафаккури хурофотиро пурра аз байн бибаранд ва аксарашонро мутаассибону ҷоҳилони хурофотӣ маҳкум ба такфир намуданд. Ситоиши донишу хирадро аз осори Рӯдакиву Фирдавсӣ сар карда, то муосирон метавон дарёфт. Мутаассифона, то ҳанӯз аз такя кардан ба донишҳои дақиқи илмӣ аксари мардум таваккулианду ҳалли масоилро бештар ба имону эътиқод ҳавола мекунанд.

Паёми «Дониш қувва аст»-ро ҳанӯз 500 сол қабл аз Бекон ҳамосасарои миллӣ, абармарди фарҳанги ориёӣ Фирдавсии Тӯсӣ баён намуда буд: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», вале осафо, ки ҳамзамонону пасвандони бехирад ин паёмро дарк накарданд ва ҳанӯз побанди хурофотанд, ҳанӯз аз такя намудан бо худу масъули сарнавишти худ будан, такя ба осмонҳо доранд, умед аз нокуҷоободе доранд, ки мушкилашонро осон мекунад, аз ин ки бояд зиндагӣ ва дунёи воқеиро пурарзишу муҷалло кунанд, зиндагии нақдро қурбонии дунёи дигари зеҳнӣ мекунанд, ҳамин аст, ки дар саҳнаи ҷаҳонӣ дар пасманзар мондаанд.

Мушкили аслии кишварҳои мусалмонӣ нодонию бесаводист ва нодонию бесаводӣ бузургтарин мушкили инсонист. Аз назари равоншиносӣ нодонӣ ҳамвора дар паи худ нотавониро ба бор меоварад ва нодонию нотавонӣ ноумедиро ба бор меоварад ва ин ҳар се нигарониро ба вуҷуд меоварад. Яъне, шахси нодон ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз нотавонӣ ба пессимизм дучор меояд ва аз худ умед надорад ва нигарон аст, ки «кай равад, раҳ зи кӣ пурсад, чӣ кунад, чун бошад» (мисраъ аз Соиби Табрезӣ). Ҳар ҷо кӣ нодонист, он ҷо ҳатман ҷаҳолату таассуб ва хурофот ҳоким аст, ҳамин аст, ки дар кишварҳои мусалмонӣ пайваста низоъ асту куштор ва барои манфиатҳои геосиёсиашон абарқудратҳо барои ин мушти нодон ҳар рӯз дину мазҳаби нав месозанд ва ҳар кадоме худро айни ҳақиқат гуфта, тарафи дигарро мекушад.

Барои собит намудани ин фикр омореро аз моҳномаи «Бедорӣ» меорам: «Дар дунё як миллиарду чаҳорсад миллион мусалмон ҳаст, ки аз он  800 миллион ё худ 60 дар садаш комилан бесаводанд, яъне навиштан ва хондан наметавонанд. Теъдоди тамоми донишгоҳҳо дар 57 кишвари мусалмонии ҷаҳон зери 600 адад аст, дар ҳоле ки танҳо дар Ҳиндустон 8500 донишгоҳ вуҷуд дорад. Дар Амрико бо ҷамъияти хеле камтар аз Ҳиндустон 6000 донишгоҳ ба умури тадрис аз рӯи улуми мухталиф иштиғол доранд. Дар муқоиса дарсади бесаводӣ дар ду кишвари ғайримусалмонӣ Ҷопон ва Денмарк (Дания) ба сифр баробар аст». («Бедорӣ», шумораи 76, сентябри соли 2014, саҳ. 4, Сан-Диего, ИМА).

Хонандаи азиз, худ ин оморро қиёс кун ва дарёб, ки чаро бесуботиву беқайдуборӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ҳоким аст ва ҳар рӯз як гурӯҳи навтару ҷадидтари даҳшатафкан мисли занбурӯғҳои баъди борон дар ин кишварҳо зуҳур мекунанд, ки ғайр аз мошини одамкушӣ арзиши дигаре аз инсоният дар онҳо нест.

Пӯшида нест, ки имрӯз хурофотзадагӣ ва ифротгароӣ ҷомеаи моро низ таҳдид мекунад ва яке аз роҳҳои муассири мубориза ба ин падидаи номатлуб, ба назари ин ҷониб, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби миёнаву олии кишвар ба ҳисоб меравад, ки  зарур меҳисобам дар ин маврид фикру мулоҳизоти хешро баён намоям.

Ҷаҳони имрӯзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки аксари мушкилоте, ки дар кишварҳои ба истилоҳ дасти дувуму савум ном бурда мешаванд, ҷой доранд, марбут ба заъфи рушди илму маорифанд. Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки камари иқтисоди ҷомеаро шикаст, ба таври табиӣ ба маорифи кишвар низ зарба зад. Аз ин ҷост, ки бо барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва зина ба зина ба эътидол омадани вазъи иқтисоди кишвар давлат масъалаи омӯзишу парваришро яке аз масъалаҳои афзалиятдодашудаи стратегӣ ҳисобида, маблағгузориро дар ин самт аз ҳамаи сарчашмаҳои даромад сол ба сол афзун менамояд. Ҳамин аст, ки дар ҳафт соли оянда ҷалби 27 миллиард сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Дар баробари ин, барои боз ҳам баланд бардоштани арзиши илму дониш ва омӯзишу парвариш моро зарур аст, ки як қатор тадбирҳоро дар ин замина амалӣ созем, аз ҷумла:

-  масъалаи таълиму тарбия фақат марбут ба омӯзгору ниҳодҳои маориф набуда, балки бояд барои пешрафти чашмгири он ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ сафарбар карда шаванд. Яъне, пеш аз ҳама, зарур аст, ки қадру манзалати мактабу маориф, илмомӯзӣ, донишҳои дақиқи илмӣ тавассути воситаҳои ахбори оммаи давлатию ғайридавлатӣ  таври густурда ба роҳ монда шавад, то илму маориф ва омӯзгор ҳамчун шуури пешбари ҷомеа мақом касб намоянд;

- баланд бардоштани мақоми муаллим, ки чун боби алоҳида дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дарҷ гардидааст, амалан аз ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карда шавад;

- бо мақсади боз ҳам зудтар  ба пешравӣ ноил гардидани соҳаи маориф, инчунин ҳифзи иҷтимоии бештари муаллимон, муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетӣ  афзун карда, аз супоридани ҳама гуна андоз озод карда шаванд;

- донишгоҳу донишкадаҳое, ки дар онҳо таҳсили шартномавӣ мавҷуд аст, аз супоридани андозҳо озод карда шуда, маблағи мазкур ҷиҳати бо манзил таъмин намудани устодони ниёзманд равона карда шавад;

- ба рушди илмҳои табиию дақиқ аҳамияти хоса зоҳир намуда, лабораторияҳои фаннӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шаванд;

- роҳбарони корхонаву муассисаҳои омӯзишӣ муносибатро бо устодону омӯзгорон ниҳоят дар сатҳи баланди эҳтиром ба роҳ монанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки омӯзишу парвариш амали муваққатӣ ва ё хос фақат ба синни мактабиву таҳсилоти олӣ нест, балки афроди ҷомеа, сарфи назар аз синну сол ва касбият, пайваста ба омӯзиш ниёз доранд, аз ин рӯ, барои кам кардани мушкилоти иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа зарур аст, ки дар шаҳру деҳоти кишвар марказҳои омӯзишӣ таъсис дода шаванд. Дар марказҳои мазкур, баробар бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ,  информатика ва асосҳои барномасозӣ, инчунин бояд машғулиятҳоеро, аз қабили маърифати ҳуқуқӣ махсусан ба таври ҳатмӣ фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маърифати оиладорӣ ва тарбияи фарзандон, вобаста ба хусусиятҳои маҳалли муайян, бо назардошти барномаи тасвибшудаи  дурнамои рушди маҳал омӯзиши соҳибкорӣ ҳам барои мардон ва ҳам барои занон, маърифати муҳоҷирати меҳнатӣ- ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва амсоли ин, машварати равоншиносӣ (зеро баъзе аз мушкили равоние, ки пеш меояд, бо сабабҳои дониши кофӣ надоштан ва набудани мутахассис дар пайи худ даҳҳо мушкили дигарро дар пай меоранд), машғулиятҳо оид ба шаҳрнишинӣ, машғулиятҳои огоҳкунанда ва иттилоотӣ бо мақсади кам кардани хатари масъалаҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқу истеъмоли маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон, хурофотзадагӣ ва амсоли ин ба роҳ монда шаванд. Бо мақсади истеҳком бахшидани истиқлолияти давлат ҳамчунин зарур аст, ки консепсияи идеологияи миллӣ қабул карда шуда, дар ҳамин ниҳодҳо мавриди омӯзиши умум қарор дода шаванд.

Дар қадами аввал барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар маҳалҳо метавон аз мактабҳо ва клубҳои собиқи дар назди колхозу совхозҳо воқеъбуда истифода намуд ва минбаъд дар сохтмонҳои нав (чӣ мактабҳо ва чӣ биноҳои  истиқоматӣ) сохтмони ин ниҳод ҳатман ба нақша гирифта шавад.

Барои таъсиси чунин марказҳои омӯзиш дар баробари давлат инчунин шахсони соҳибкор ва афроди алоҳида ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин рӯҳониёнро зарур аст, ки маблағҳои хайрияи ҷамъшударо барои таъсису бунёди чунин ҷойҳо истифода баранд.

Шояд муддаӣ ба мо эрод гирад ва камбуди буҷет ва масоили иқтисодии кишварро далел оварад. Албатта, мо онро дарк мекунем, вале як чизро набояд фаромӯш кард, ки тибқи қонуни шитоби таърихӣ, ҳар рӯзе, ки мо барои дастрасии донишу фанноварӣ таъхир мекунем, баъдан онро дар давоми солҳо дарёфт карда наметавонем, зеро дар ҷаҳоне, ки мо зиндагӣ дорем, суръати тағйироту таҳаввулот ниҳоят зиёд аст ва вақт ниҳоят фишурда. Аз тарафи дигар, ҳарчанд сармояи ба илм ва маориф ҷалбшаванда дар фурсати кӯтоҳ бозгашт накунад ва манфиат наоварад, пас аз муддати замон манфиатҳои бузургро барои ҷомеаи кишвар дар пай хоҳад дошт.

Пешниҳодҳои мазкур назари шахсии камина аст, аз ин рӯ, мутахассисону кормандони соҳа ва вазорату идораҳои дахлдор метавонанд онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд ва назари хешро иброз доранд, зеро ба назари мо, маорифи солим шахси солимақида ва ҷомеаи аз назари рӯҳонӣ солимро месозад.

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Ба бедонишӣ кор гардад дароз. 

Исомиддин Шарифзода, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон