Ба пешвози Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дороии мо соҳибватании мост

№111 (3096) 05.09.2013

Барои ҳар як миллати соҳибтамаддун истиқлолияти миллӣ волотарин ормони миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳастӣ ва бақои ҳар як миллат аз истиқлолият ва дар истиқлолият ба амал меояд.

Аз таърихи милали башар бармеояд, ки қавм ё миллатҳое, ки дорои истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ ҳастанд, рӯ ба инкишофи маънавию фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодианд, аммо зиёд қавму миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳиби номи миллӣ будан ва дорои марзу бум ва фарҳангу забони муштарак будан,  аз истиқлолияти комил маҳруманд.

Инсонҳо ва қавму миллатҳо асрҳо барои истиқлолияти худ талош варзидаанд ва ҳатто ҷонбозию муборизаҳои хунинро аз сар гузаронидаанд ва ҳоло ҳам гузаронида истодаанд.

Ин ҷо суоле бармеояд, ки чаро бо вуҷуди ин қадар монеаҳо, ҳатто хунрезиҳо инсоният ба сӯйи истиқлолият руҷуъ менамояд ва аз паси истиқлол аст?

Ба ин суол посухи мушаххас ва осону оммафаҳм додан мушкил аст, зеро ин мавзуъ бахшҳои гуногуни биологию физиологӣ, фарҳангию психологӣ ва сиёсиву иқтисодии фардҳо, қавмҳо ва миллатҳоро дар бар мегирад.

Дар фарҳангу тамаддунҳои гуногун истиқлолияти фардию қавмӣ бо шаклу равияҳои гуногун инъикоси худро ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки фарҳангу ормонҳои ҳар миллат вобаста ба ин пояҳои бунёдӣ (марзу бум, психология, фарҳангу тамаддун ва ғайра) рушд ва шакл мегиранд.

Фарҳангу тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ, ки яке аз пурбортарин ва бузургтарин тамаддунҳои башарӣ аст, дар руъё ва ормонҳои миллии халқи мо мавқеи бунёдӣ ва калидӣ дорад. Дар фарҳанги чандҳазорсолаи миллати мо инсон, шарафи инсон, марзу бум, дину оин, забон, қавму миллат ва дигар арзишҳои инсонӣ дар болотарин дараҷоти ормонӣ қарор доштанд ва доранд.

Дар тамаддуни башарӣ чанд қавме ҳаст, ки ин қавмҳоро бо номи мутамаддин, бунёдкор ё созанда мешиносанд (мисриҳо, ҳиндуҳо, юнониҳо), хушбахтона, қавмҳои эронӣ (тоҷик) низ ба ин радиф қавму миллатҳои бунёдгузору тамаддунсоз шомиланд, ки ба тамаддун ва фарҳанги башарӣ саҳми бунёдии худро гузоштаанд. Барои тасдиқи гуфтаҳоямон чанд далел меорем:  Аввалин оини яккахудоиро Зардушт барои башар овард; қавмҳои эронӣ аввалин қавмҳои ақлгаро буданд; мардумони мо аввалин кишоварзон ва шаҳрсозони башар буданд; онҳо аввалин давлатҳои ибтидоиро бунёд гузоштаанд; аввалин императории оламро барпо карданд, ки дар асоси адолат ва низом идора мешуд (Куруши Кабир); аввалин маншураи ҳуқуқи башарро эҷод карданд (манифести Куруши Кабир); аввалин маротиба низоми пулиро ҷорӣ карданд (реформаи пулии Дориюши Кабир); аввалин бор дар таърих низоми девони давлатиро ҷорӣ намуданд (стратапҳо) ва ғайраю ғайраҳо, ки баъдан дигар қавму миллатҳо аз ин дастовардҳо баҳрабардорӣ намуданд.

Мардуми тоҷик асрҳо боз барои ҳастии худ, марзу буми худ, фарҳанги худ, забони худ мубориза карданд ва мекунанд.Мардуми мо соҳиби тамаддуни бузургу ҷаҳонӣ аст, ки онро дар пояи давлатдории мутамарказ ва қавмӣ (аз Каёниён то Сомониён) бунёд намуданд. Ин маънои онро дорад, ки миллати тоҷик яке аз аввалин қавмҳое ҳаст, ки дар даврони таърихӣ истиқлолияти марзию давлатӣ ва фарҳангию қавмӣ бунёд кардааст.Яъне, мо истиқлолияти таърихӣ доштем ва истиқлолияти имрӯзи мо истиқлолияти дубора ва нави мо аст, ки баъди асрҳо дубора  соҳибаш шудем.

Баъзан садоҳоеро мешунавем,ки мо гӯё осон ва муфт ба истиқлолият  расидем. Ҷойи тааҷҷуб аст, ки имрӯз абарқудратон дар ҳоли тақсими ҷаҳон ҳастанду талош меварзанд то давлатҳои хурдтарро дар зери тасарруфи худ нигоҳ доранд, аммо баъзе нигорандаҳо ва фардҳои ҷудогона истиқлолияти моро атошуда ё осонбадастомада мепиндоранд. Ҳеҷ абарқудрат ва ҳатто баъзе давлатҳои заифи гирду атроф низ истиқлолияти моро намехостанд ва ҳоло ҳам намехоҳанд. Пас агар  ба гузаштаи на чандон дури 22-солаи охир нигоҳ андозед, он вақт хоҳед фаҳмид, ки мо муфт ва истиқлолиятро аз ягон ҷо ба туҳфа нагирифтаем, балки бо хунрезию ҷангҳои дохилӣ, дахолати бевоситаю бавоситаи бегонагон, таҳримҳои сиёсиву иқтисодии баъзе  давлатҳо ва дигару дигар омаду ноомадҳо ба даст овардаем. Дар сари ин истиқлолият мо ҳазорон танро бохтем, ҳазорон беваю бекас гурезаву дарбадар гаштанд. Пас истиқлолияти мо ҳеҷ гоҳ муфту туҳфагӣ набудааст ва қурбониҳову вайрониҳову нокомиҳо низ доштааст.

Вақте ки мо истиқлолият мегӯем истиқлолият аз худи мо, хонаи мо, тафаккури мо, муносибату рафтори мо, саҳми мо ба ин миллат ибтидо мегирад ва баъдан ба истиқлолияти кулл мепайвандад.

Давлати навини мо дар ибтидои роҳи истиқлолият қарор дорад, яъне, мо дар пайроҳаи бузурги таърихии халқи худ бо ҳамон ормонҳои таърихии миллӣ, вале ташаккулёфта, нав, ҳамқадами ҷаҳони муосир роҳ паймоем.

Имрӯз мо истиқлолият эълон намудем, вале барои истиқлолияти воқеӣ роҳҳои тӯлониро дар пеш дорем.

Давлати ҷавони Тоҷикистон онеро меноманд, ки тоҷире дар сафари дурударози тоҷирӣ аст ё ин ки навхонадореро меноманд, ки нав хонадор шудаву барои амалӣ шудани орзуҳои баъдинааш роҳҳову солҳо дар пеш дорад.

Давлат бояд, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати иқтисодӣ истиқлолият дошта бошад, яъне ҳам бозори дохилӣ ва ҳам воридшавӣ аз берун нисбати талаботи мардуми ҷумҳурӣ бояд бошад, ҳамаро қонеъ кунонад, то ки муҳтоҷи берун набошанд. Ба истиқлолияти сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву инсонӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа асосан тавассути зербинои иқтисоди мамлакат метавон расид, ҳарчанд дар замони ҷаҳонишавии муосир (глобализатсия) баъзан паҳлуҳои иқтисодиёт ва сиёсат ба ҷаҳони беруна вобастагӣ дорад ва аз ҷараёни умумибашарӣ вобастаанд, вале миллате аз ин ҷаҳонишавиҳо берун меояд, ки дар пойи худ устувор бошад.

Моро имрӯз мебоист, ки қабл аз ҳама истиқлолияти ботинӣ, ҳувияти миллӣ, ягонагиву якпорчагӣ ва эҳтиром ба худу арзишҳои миллии худ, ба марзу буми худ, ба ормонҳои миллии худро дар мадди аввал гузорем.

Истиқлолияти воқеӣ аз назари фардӣ он аст, ки як фарди озод соҳиби ҷою манзил, маълумот, ҷойи кор, маоши арзанда, давлати пояндаву сарзамини ободу осуда ва ояндаи хушбинонаи бозмондагонаш бошад. Дар пояи истиқлолияти фардӣ истиқлолияти куллӣ низ барпо мегардад. Чӣ хеле ки мегӯянд: «Ватан аз гаҳвора сар мешавад». Пас, истиқлолият низ аз худи фардҳои алоҳида оғоз меёбад.

Хушбахтона, мо имрӯз соҳиби давлати миллии худ ҳастем, гарчанде ки аз он марзу буми таърих, пешина кӯчактар аст, вале соҳиби давлату миллатем, соҳиби ҳамаи он дастовардҳое ҳастем, ки ҳазор сол пеш аз мо дуздида буданд.

Истиқлолият  ин бузургтарин дороии ҳар миллат ва халқ аст. Миллати созандаи мо низ имрӯз соҳиби ин неъмат аст. Ин ормони ҳазорсолаи наслҳои ин марзу бум буд, ки бо исми  озодагон машҳур мебошанд. Бисту ду сол пеш дар таърихи халқи тоҷик гардиши нав, баҳори нав омад, ки наслҳои имрӯзу ояндаро боястӣ ба қадри он бирасанд ва ба ояндагон як марзу буми озод, обод ва мутамаддинро ба мерос гузоранд.

Ҳ. Мақсадов, А. Пирназаров, устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон