Эҷодиёти донишҷӯён шаҳодати дастовардҳост

№142 (3936) 24.11.2018

намоиш2Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 20 ноябри соли равон дар бинои Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода намоиши корҳои эҷодии устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи он ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода суханронӣ карданд.

Ҷамшед Ғанизода зикр кард, ки бо вуҷуди навтаъсис будани донишкада эҷодиёти донишҷӯён баёнгари он аст, ки устодон дар омӯзонидани нозукиҳои ҳунар муваффақ шудаанд. Номбурда, ҳамчунин, доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишкада сухан гуфта, иштирокчиёни намоиш – хонандагонро барои таҳсил ба он даъват кард.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дорои се факултет – дизайн, санъати тасвирӣ, тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Таълим дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона бо низоми кредитӣ чор сол сурат мегирад. Дар донишкада аз рӯи 19 равияи тахассусӣ устодони варзидаи санъати тасвирӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Дарсҳои амалӣ дар синфхонаҳои таҷҳизонидашуда ва устохонаҳо гузаронида мешавад. Аз моҳи январи соли 2014 дар донишкада  шуъбаи тайёрӣ, маркази бачагонаи рассомӣ (барои хонандагони синфҳои 4 то 11)  ва курсҳои кӯтоҳмуҳлати дӯзандагӣ ба тариқи шартномавӣ амал мекунанд. Муддати таҳсил дар курсҳои мазкур аз 3 моҳ то 1 сол мебошад.

Намоиши мазкур то 27 ноябр идома меёбад.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»