Дастури Сарвари давлат – барномаи амал

Эътибор ба соҳаи маориф тақозои замон аст

№116 (3101) 19.09.2013

Мухбирамон бо сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф бурду бохти соҳаи маорифро дар вилоят таҳлил намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт:

- Хеле хурсандибахш аст, ки рӯзи аввали оғози соли таҳсили нав ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Ин рӯз, махсусан барои зиёда аз 43 ҳазор нафар кӯдакони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд, фараҳбахш ва фаромӯшнашаванда буд. Рӯзи нахустини ба мактаб омадани онҳо, таҷлили Рӯзи дониш, оғози солҳои мактабхонӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ва навозиши нахустини устодон дар хотири кӯдакон якумр нақш мебандад.

Дар вилоят, чун дар тамоми ҷумҳурӣ, барои рушди илму маориф ва донишандӯзии хонандагон шароит муҳайё шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои пешрафти соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас иқдоми шоистаро ба анҷом мерасонад. Соли гузашта дар вилоят мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 9 865 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби манбаъҳои гуногун сохта ба истифода додани 69 иншооти соҳа барои 13,7 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи умумии 102 млн. сомонӣ дар солҳои наздиктарин ба нақша гирифта шудааст.

Сохта ва ба истифода додани мактаби президентӣ барои хонандагони боистеъдод, маркази солимгардонӣ ва истироҳати ҷавонону наврасон, ҳавзҳои шиноварӣ, варзишгоҳҳо барои дарёфти кӯдакони болаёқат ва ривоҷ додани истеъдоди онҳо, барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбияи насли наврас такони бузург бахшид.

Ба фаъолият шуруъ кардани муассисаи томактабии инноватсионӣ барои 1000 нафар кӯдак дар шаҳри Хуҷанд, мактаб барои хонандагони болаёқат дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои тарбияи кӯдакон, ривоҷу равнақи дониш ва истеъдоди онҳо  иқдоми хубе мебошад.

Тарбияи томактабӣ пойдевори тарбия ба ҳисоб рафта, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва солимии кӯдак ба сатҳи тарбия дар оила ва муассисаҳои томактабӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, таҳсилоти томактабӣ ва омода намудани кӯдакон ба мактаб яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба шумор рафта, таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат бо сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи томактабӣ сол аз сол бештар мегардад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ба рушди муассисаҳои томактабӣ вусъати тоза бахшида шуд. Айни ҳол дар вилоят 211 муассисаи томактабӣ фаъолият мебарад, ки аз ин миқдор 183 ададаш муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 19 адад муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва нуҳ адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мебошад.

Имсол дар вилоят 914 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият бурда, зиёда аз 466 ҳазор нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро мегирад, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта миқдори мактабҳо нуҳ адад ва теъдоди хонандагон наздики ду ҳазор зиёд мебошад. Аз ҷумла 34 гимназия, 27 литсей, мактаби президентӣ, мактабҳои хусусӣ ба донишандӯзии зиёда аз 40 ҳазор нафар хонанда мусоидат менамоянд.

Барои таълиму тарбия ва донишазхудкунии кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони иллатҳои ақлию ҷисмонидошта дар вилоят мактаб-кӯдакистон, мактаб-интернатҳои махсус ва парваришгоҳи наздимактабӣ амал менамоянд. Алҳол мактабҳо бо технологияи муосири таълим, китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони баландихтисос таъмин мебошанд.

Имсол ба сохтори соли таҳсил бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2013 таҳти № 1918 тағйирот ворид гардид. Машғулиятҳои таълимӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо дарси «Дониш ва Сулҳ» оғоз шуданд.

Зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи навбунёди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки барои давлат ва ҷомеаи мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо мебошад. Зеро давлатро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҳар ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.

Ин дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи амали муассисаҳои таълимӣ ва ҳар корманди соҳаи маориф мубаддал гашта, барои амалишавии он аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад.

Мухтори Абдулло,  «Садои мардум»