Эҳёи «Гурдони ҷовидон»

№115 (3416) 28.08.2015

IMG_2523

«Гвардияи миллӣ ҳанӯз аз оғози таъсисёбӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, инчунин ҳимояи сохти конститутсионӣ ва дастовардҳои истиқлолият хизматҳои шоиста кардааст».

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон, 3 сентябри соли 2010

 Сеюми сентябри соли равон ба таъсисёбии ниҳоди махсуси низомии кишвар  — Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Дар ин муҳлати на чандон тӯлонӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои рушду такомули бомаромро аз сар гузаронид.

Дар бораи фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаю уҳдадориҳои он суҳбате доштем бо муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майори гвардия Қиёмиддин Самарзода.

- Нахуст шумо ва ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо санаи мубораки 20-солагии фаъолияташон самимона табрик мегӯем. Мехостем хонандагони рӯзномаро бо таърихи Гвардияи миллӣ шинос намоед.

- Ташаккур! Ташкили Гвардияи миллӣ ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ ба замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон рост меояд.

Агар сухан аз таърихи пайдоиши умуман «гвардия» равад, назар ба андешаи номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ «Дар адабиёти аврупоӣ ва бад-ин васила дар адабиёти ҷаҳонӣ истилоҳи «гвардия»-ро калимаи итолиёвӣ (guardia) ба маънии дидбонӣ, муҳофиза ва ба таври умум гурӯҳи яккачини муҳофизони дирафши давлатӣ ва падидомада дар асри XII медонанд. Аммо то ҷое, ки маълум аст, дар Эрони қадим, яъне дар сарзамини аҷдодии мо, дар дарбори шоҳон гурӯҳҳои махсуси ҳифозатии шоҳ буданд, ки бо номи «Гурдони ҷовидон» маъруфанд. Инчунин маълум аст, ки баъдан дар имперотуриҳои бузурги Аврупо аз ин «Гурдони ҷовидон» пайравӣ намуда, гурӯҳҳои махсуси лашкари хосаи ҳокимонашонро таъсис дода буданд. Бад-ин восита аз эҳтимол дур нест, ки зуҳури калимаи «гвардия» аз «гурд»-и ориёии мо гирифта шуда бошад».

Пас аз он ки империяи бузурги ориёинажодҳо таҳти сарварии  Дорои III аз ҷониби Искандари Мақдунӣ пароканда шуд, «Гурдони ҷовидон» низ аз миён рафт. Вале чунин тариқи гурддориро шоҳони дигар давлатҳои дунё ва пеш аз ҳама, аврупоиҳо аз худ карданд.  Ҳатто дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ниҳоди махсуси хеле варзидаи ҳарбиро бо номи «гвардиячиён» таъсис дода буданд. Ба сарбозони варзидаи тайёрии ҷангию сиёсии дигар намудҳои қӯшунҳо низ нишони «Гвардиячӣ»-ро мукофот медоданд, ки боиси ифтихорашон буд.

Хушбахтона, баъди чандин садсола бо шарофати истиқлолият ва иқдому дастгирии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори низомии аҷдодӣ бо номи Гвардияи миллӣ таъсис дода шуд, ки рӯз то рӯз рушду такомул ёфта, ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ «Чеҳраи ҳомиёни Ватан» эътироф шудааст.

Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992, яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати конститутсионӣ таъсис додани қисми ҳарбӣ, яъне бригадаи таъиноти махсус дар назди Вазорати корҳои дохилӣ буд, ки баъдан барои таъсис ёфтани  Гвардияи миллӣ заминаи боэътимод гардид.

Ҳайати шахсии бригадаи таъиноти махсус аз лаҳзаҳои аввалин бо боварию эътимод аз паси иҷрои вазифаҳои хизматӣ шуд ва дар майдони ҳарбу зарб корнамоиҳо нишон дода, сазовори боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ аз 17-уми январи соли 1995 Бригадаи таъиноти махсусро ба Гвардияи президентӣ табдил дод. Давоми ду соли дигар  қисмҳои ҳарбии Гвардияи президентӣ дар вилояти Суғд,  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Санаи таҷлили рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр муқаррар шудааст, ки ҳайати шахсӣ ҳамасола онро  бо арзи эҳтиром ҷашн мегиранд.

- Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали фаъолият иҷрои кадом вазифаҳоро ба уҳда дошт?

- Афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ зери роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ барои нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар тӯли бист соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ  садоқати худро ба Президент, ба Савганди ҳарбӣ нишон дода, қисме аз онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро нисор карданд. Хизматҳои шоистаи 231 нафар сарбозон баҳри ба низом даровардани тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз тарафи Сарвари давлат бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд.

Таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, ҳифзи иншооти махсусан муҳими давлатӣ,  иштирок ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, аз қабили вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Иҷрои ин вазифаҳо масъулияти зиёдро талаб мекунад, вале барои  ҳар як афсару сарбози Гвардияи миллӣ боиси ифтихору сарбаландӣ аст.

- Шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ ва омода намудани афсарону дигар ҳайати фармондеҳӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Солҳои аввал бо кумаку дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои  бунёдкориву созандагӣ дар ҳама ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ марҳила ба марҳила анҷом дода шуд. Сохтмону навсозии иншооти гуногун, аз ҷумла бинову синфхонаҳои таълимӣ, майдонҳои тактикӣ, варзишӣ, муҳандисӣ, хобгоҳу ошхона, нуқтаҳои назорати гузаргоҳӣ ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур вобаста ба талаботи замон идома дорад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо омода намудани кадрҳои ҳарбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Солҳои аввал сафҳои Гвардияи миллӣ аз ҳисоби афсарони лаёқатманди сохторҳои низомии кишвар, аз ҷумла вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарони дар эҳтиётбуда пурра гардонида шуд. Имрӯз дар ҳайати афсарон хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон  хеле зиёданд.

Аз соли 2004, баъди ба Гвардияи миллӣ табдил додани Гвардияи президентӣ, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони хурд, прапоршику афсарони ҷавон Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ ташкил шуд.

- Дар машқҳои муштараки таълимиву тактикии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ Гвардияи миллӣ иштирок мекунад?

- Бояд зикр намоям, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошии ҷангӣ, таъминот бо аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Ҳайати шахсӣ ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар Гвардия доир мегарданд, ҳар сол бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ ва тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро  такмил медиҳанд. Аз ҷумла дар самти ҳифзу ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияти кишвар бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ҷузъу томҳои Гвардия дар машқҳои васеи низомӣ, ки якҷо бо Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ — «Марз — 2010» ва «Рисолати сулҳҷӯёна-2012»  дар вилояти Суғд баргузор гардид, фаъолона ширкат варзид.

- Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегардад. Ба муносибати чунин рӯйдодҳои фархунда чӣ таманниёт доред?

- Ҷашни бузурги миллӣ – рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва 20 — солагии Гвардияи миллиро ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон табрик гуфта, таманно дорам, ки осмони Ватани азизамон ҳамеша софу беғубор бошаду мардумаш осударӯзгор.

- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»