Ба пешвози мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат

Фаъолияти донишкадаи исломӣ густариш меёбад

№83 (3068) 04.07.2013

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит  аз ҷумлаи таълимгоҳҳои олиест, ки даврони соҳибистиқлолӣ арзи вуҷуд намуд. Ин донишкада дар ҷомеаи муосир чӣ мавқеъ дорад ва раванди таълиму тарбия дар он чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Ба суолҳои хабарнигорамон ректори донишкада Сулаймон Давлатов чунин посух дод:

-Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», низомномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада ва мазҳаби ҳанафӣ фаъолият менамояд.

Донишкада бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007 №547 ҳамчун Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит» таъсис шудааст.

Донишкада дар марҳилаи аввали ташаккулёбии худ бо ҳуқуқи пешбурди як ихтисос ба фаъолият шуруъ намуд. Бо гузаштани марҳилаҳои гуногун ва пушти сар кардани мушкилоти зиёд, донишкада сол то сол рушду нумуъ меёбад. Чунончӣ, агар соли таҳсили 2008-2009 шумораи муаллимони доимӣ 68 нафарро ташкил медод, ҳоло ин теъдод ба 94 расидааст. Дар сохтори донишкада ду факултет, ҳашт кафедра, ҳафт шуъба, ду лабораторияи компютерӣ, китобхонаи илмӣ бо толори хониш, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Шумораи аудиторияҳо дар ду баст ба 84 адад расонида, биноҳои таълимӣ таъмир ва пурра таҷҳизонида шудаанд. Шумораи донишҷӯён аз 1012 ба 1967 нафар расидааст. Дар донишкада ду факултет аз рӯйи панҷ ихтисос амал менамояд. Дар сохтори факултетҳо Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ ва деканат таъсис ёфтааст. Дар ду факултети донишкада 90 гурӯҳи таълимӣ-академии иборат аз 1967 нафар донишҷӯ рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мутахассисони фориғуттаҳсили донишкада метавонанд фаъолияти тахассусии худро, аз рӯйи муқаррароти муайяншуда, дар соҳаҳои гуногуни таълимию динӣ амалӣ намоянд. Аз ҷумла масоили назария ва амалияи улуми исломӣ, таърихи ислом ва адёни дигар, назария ва амалияи исломшиносӣ ва усули таълими улуми динӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ. Вобаста ба азбарнамоии фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ бошад, хатмкунандагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон чунин фаъолиятҳоро амалӣ карда метавонанд:  муаллими таърихи дин; муаллими фанни алифбои ниёгон; корманди мақомоти идорӣ-ташкилӣ;  корманди муассисаҳои соҳавии илмӣ-тадқиқотӣ; корманди муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои динӣ; корманди пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва созмонҳои фарҳангӣ; корманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Раванди таълиму тарбия ҷузъи муҳимтарини фаъолияти ҳар як муассисаи олии таълимист ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ аз ин истисно нест. Тамоми барномаҳои таълимии донишкада тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ба он нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимии фаннӣ, барномаҳои таҷрибаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ замима шудааст. Барномаи асосии тайёр намудани мутахассис аз ҷузъҳои фанҳои умумиҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ, фанҳои аз ҷониби донишҷӯ интихобшаванда, фанҳои факултативӣ иборат аст.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Вазорати маориф, Кумитаи оид ба корҳои дин, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва ба роҳ мондани соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии кори тарбиявии донишкада маҳсуб мешавад. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, тавассути раёсати факултетҳо, шӯрои сарпарастон ва иттифоқи ҷавонон амалӣ мегарданд. Барномаи таълимии дарсҳои тарбиявӣ бо мақсади тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ, арзишҳои миллию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои динӣ (бо назардошти иҷрои Консепсияи миллии тарбия), ҷаҳонбинӣ ва ҳисси зебопарастӣ, бо дарки масъулият ва волоияти қонун, таҳия шудааст. Ҷиҳати ташвиқи ахлоқи ҳамида, рафъи ҳаводиси номатлуб, ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараён ва равияҳои бегонаю ифротӣ раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла ҷузъу томҳои гуногуни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ, Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо, бо ҷалби васеи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён пайваста  мулоқот анҷом медиҳад.

Дар робита бо вазъи таҳсилоти шаҳрвандони аз хориҷи кишвар баргардонида ёдрас мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Покистон, Сурия, Ливия,  Африка, Москва, Яман ва Туркия баргардонида, мувофиқи «Низомнома дар бораи гузаронидан, барқароркунӣ, хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-уми феврали соли 2006 № 3/6 аз ташхис гузаронида шуд ва мувофиқи сатҳи таҳсилот онҳо дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати онҳо бо давлат дар доираи талаботи қонун сурат гирифта, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалии исломӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин робита Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар ҳамкорӣ бо чунин созмонҳои байналмилалӣ якчанд озмуну мусобиқоти ҷумҳуриявиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандонамон доир намуд. Донишкада дар доираи шартномаҳои тарафайн бо муассисаҳои олии Федератсияи Россия низ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли 2012 бо Донишгоҳи забоншиносии шаҳри Москва чунин шартномаҳо баста шуд, ки минбаъд хатмкунандагони мо дар магистратура ва ҳайати омӯзгорон дар бахши аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсили худро  идома дода метавонанд.

К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»