Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар Лахш чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

№114 (3908) 20.09.2018

Мирзоев А. мудири шуъбаи маорифи н. ЛахшБа ин ва дигар пурсишҳои хабарнигори рӯзнома мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Алимаҳмад Мирзоев ба тариқи зайл посух дод:

- Дар Лахш 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи томактабӣ, интернати наздимактабӣ, Маркази технологияи информатсионӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагон 12915 нафар аст, ки аз ин 6156 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 1137 нафар омӯзгор 375 нафараш бону мебошанд.

Тибқи рейтинги сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар асоси қарори ҷаласаи Мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардид ва дар он 11433 нафар хонандаи синф­ҳои 2 — 11 иштирок намуданд, баҳои «5»-1007 нафар  (8,8 фоиз), «4»- 4524 нафар (39,6 %), «3»-5890 нафар (51,5 %), баҳои «2»-12 нафар (0,01) %- ро ташкил намуд. Сифатнокии дониши хонандагон 48,3 ва азхудкунии барномаи давлатӣ 99 дарсадро ташкил медиҳад.

Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 445 адад компютер, 80 адад принтер ва 11 дизели барқӣ таъмин карда шудаанд. Дар давоми сол ҳолати коршоямии компютерҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия пурра аз назар гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имрӯз компютерҳои тамғаҳои «Пентюм – 1» ва «Пентюм – 2» мавҷуд мебошанд, ки бинобар сабаби сохти куҳна будан ва истеҳсол нагардидани қисмҳои эҳтиётии онҳо корношоям гардидаанд. Бо мақсади рафъи ин мушкилот шуъбаи маориф бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи аввал барои харидории 35 адад компютер маблағ ҷудо намуд ва озмуни хариди он гузаронида шуд. Умед аст, ки дар рӯзҳои наздик 35 адад компютер дастраси муассисаҳои таълимӣ мегарданд.

Ҳоло дар 21 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия, ки бо забони қирғизӣ таҳсил доранд, тибқи нақшаи таълимӣ омӯзиши фанни забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо китобҳои дарсӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пурра таъмин гардидаанд. Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши иловагии забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони қирғизӣ дарсҳои иловагӣ гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии пурраи қонуни зикршуда дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои фанни забони давлатӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили 2018 — 2019 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмири 61 мактаб 157837 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ ва сарф гардид.

Ҳамчунин, бо ҷалби сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 9 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 — и деҳаи Оқсой оғоз шуд.

Ҳоло дар деҳаи Қарошураи деҳоти «Муксу» сохтмони бинои таълимӣ иборат аз 7 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Сохтмони 2 синфхонаи иловагии дигар дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумии №23 деҳаи Янгишаҳр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби сокинони маҳал идома дорад.

Дар интиҳо мехоҳам қайд кунам, ки аз ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ҷиҳати беҳбуд бахшидани кори таълиму тарбия миннатдор буда, дар ҷавоб кӯшиш менамоем, ки дар соли нави хониш фаъолиятро боз ҳам хубтар ба роҳ монем.

Суҳбаторо Диловари МИРЗО,  

«Садои мардум»