Пешниҳод

Фақри маърифат аз куҷо ибтидо мегирад?

№23 (3973) 28.02.2019

lori-0001047330-bigwww800Болои мизи кории муаллима дар хонаи омӯзгорон ҳамеша дафтари талабагии зиёде чида шудааст. Баъди анҷоми дарс дафтарҳои зиёдро хона мебарад ва вақташро ба санҷишу тафтиши онҳо масраф менамояд. Саросема корҳои рӯзгорро анҷом медиҳад ва субҳ бо бастаи дафтарҳо сӯи мактаб мешитобад.

 Дар мактаб ӯ ба се синфи 7-8, ки шумораи талабагони ҳар синф аз 30-35 нафар фузун аст, аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Барои мутолиаи осори бадеӣ, адабиёти илмии методии соҳавӣ, такмили дониш, тарбияи фарзандон камтар вақт меёбад.

Ин симои омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс мегӯяд. Барои он ки навиштаро хонанда воҳима напиндорад, ба далелҳо рӯ меорем.

Дар як соли таҳсил хонандаи синфи 7 тибқи барномаи таълимӣ бояд аз забони тоҷикӣ  4 дафтари даврӣ дошта бошад, ки супоришҳои ҳаррӯзаи дарсро сабт кунад, 8 диктанти санҷишӣ, 10 эссе, 4 нақли хаттӣ, 1 иншои хонагӣ нависад, ки шумораашон ба 27 адад мерасад. Агар дар синф 30 талаба дарс хонад, шумораи  корҳои хаттии солона ба 810 адад мерасад.

Дар синфи 8-ум шумораи корҳои хаттӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дар як сол ба 1 хонанда 29 адад пешбинӣ шудааст.

Аксарият омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик дар ду то чаҳор синф дарс мегӯянд. Тасаввур намоед, ки шумораи корҳои хаттии талабагон, ки санҷишу баҳогузорӣ шавад, ба чанд ҳазор мерасад. Ҳамаи инро омӯзгор бояд санҷад, хатоҳои имлоию услубиро ислоҳ намояд ва баҳо гузорад.

Вақте омӯзгор қисмати бештари вақтро ба санҷиши дафтарҳо мас­раф мекунад, сифати таълими забон ва адабиёти тоҷик, сатҳи саводи адабиёт ва забондонии талабагон зиён мебинад.

Ин андешаро омӯзгори МТМУ №1-и  шаҳри Панҷакент Шаҳло Эшонқулова, ки  беш аз 25 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таълим медиҳад ва чанд нафари дигар, ки  ҳамсуҳбат шудам, тасдиқ менамоянд.

- Ба ростӣ, барои мутолиаи адабиёти барои пеша зарурӣ кам вақт меёбем, — мегӯянд онҳо.

Дар ниҳояти кор, тавре санҷиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл собит намуд, аксари донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз диктанти санҷишӣ аз забони тоҷикӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд.

Сатҳи саводу маърифати ҷомеа ба сатҳу сифати таҳсилот низ сахт тавъам аст. Ба гуфти шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ, фанҳои зикршуда барои  тарбияи инсони бомаърифат хизмат мекунанд.

Оё ҷавононе, ки дар иди «Оши палав»-и Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ба деги ош фурӯ рехтанд ва навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ «сайр» дош­т, ҳама гурусна буданд? Не! Онҳо ба фақри маънавӣ гирифторанд! Ин аз сатҳи тарбия дар оила ва таҳсилот дар мактаб сарчашма мегирад.

Барои он ки бори гарони санҷиши корҳои хаттиро аз дӯши омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои  таълимии серхонанда сабук созем, то ӯ барои дониши худ вақт ёбад, чӣ кор бояд кард?

Ҳоло ки хонандагонро дар муассисаҳои таълимии серхонанда дар дарсҳои забонҳои хориҷӣ, таълими меҳнат ва технологияи информатсионӣ ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, таълим медиҳанд, таълими забон ва адабиёти тоҷикро низ ҳамин гуна ба роҳ бояд монд.

Шояд мухолифони ин пешниҳод даъво пеш  меоранд, ки ба маоши омӯзгорон барои санҷиши корҳои хаттӣ маблағ зам мешавад, барои ба гурӯҳҳо ҷудо намудан ҷой намерасад, омӯзгорони забону адабиётро зиёд бояд кард ва ғайраву ва ҳоказо. Модом ки барои таълими забонҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи ин усул имкон ёфтем, чаро барои таълими забони давлатӣ наёбем? Вагарна чун ҳоло аксар дар баёни фикр, навиштани асноде ба забони модарӣ, ки давлатӣ ҳам ҳаст, оҷиз мемонем.

Ба иншои ин андешаҳо мутолиаи китоби тозанашри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ва таъкидашон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати беҳдошти сифату самараи таълим, донишу малакаи омӯзгорон таҳрик бахшид ва умед дорам, ки масъулин онро ба инобат хоҳанд гирифт.

Т. СОЛЕҲЗОДА,

рӯзноманигор, шаҳри Панҷакент