Китобиёт

Фарҳанги ҳуқуқӣ аз нигоҳи вакили Маҷлиси намояндагон

№147 (3627) 01.12.2016

КитобЧанде қабл рисолаи илмии олими варзи­даи соҳаи ҳуқуқ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин таҳти унвони «Фарҳанги ҳуқуқӣ» нашр гардид.

 «Асари мазкур натиҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва таҳқиқи амиқи илмии чандинсолаи муаллиф мебошад, ки дар робита ба масоили муҳими назарияи давлат ва ҳуқуқ — фарҳанги ҳуқуқӣ иншо шудааст. Мавзӯи мазкур аз аҳди  қадим то ба имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳуқуқшиносону фарҳангшиносон ва орифону донишмандони соҳаҳои мухталифи илм қарор гирифта, чунин ниёзмандӣ бобати ба анҷом расонидани таҳқиқотҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни ин падида дар шароити бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ низ беш аз пеш эҳсос мешавад», — омадааст дар пешгуфтори китоб.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (20 апрели соли 2011) бамаврид таъкид менамоянд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад, аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои боз ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод намудааст».

Маҳз ҳамин омилҳо боиси интихоб шудани масъалаи мазкур ба ҳайси мавзӯи таҳқиқи олим гардида, муаллиф фарҳанги ҳуқуқиро ҳамчун қисмати таркибии фарҳанг аз диди назарӣ, методологӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, аз сарчашмаҳои илмии боэътимоди таърихию фарҳангӣ, андешаю афкор ва назари созандаю пурҳикмати ҳуқуқшиносони тоҷик, ҳамчунин намояндагони мактабҳои бонуфузи илмии кишварҳои дунё фаровон истифода бурдааст.

Роҷеъ ба категорияи «фарҳанги ҳуқуқӣ» мулоҳиза ронда, муаллиф менигорад, ки он бо категорияи «фарҳанг» алоқаманд буда, дар соҳаҳои гуногуни илм васеъ истифода мешавад. Фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамчун падидае дар ниҳоди фарҳанги умумӣ буда, шарҳу баёни мафҳуми он бар асоси таҳқиқи категорияи умумимиллии «фарҳанг» имконпазир мегардад.

Дар идома муаллиф бо такя ба сарчашмаю маъхазҳои гуногуни илмӣ мафҳуми «фарҳанг»- ро шарҳу эзоҳ дода, таъкид менамояд, ки фарҳанг нишонаи ҷудоинопазири фаъолияти башарӣ аст. Ҳуқуқ ва фарҳанг ба ҳам пайванди мустаҳкам доранд. Фарҳанг ҳамчун низоми арзишҳои маънавӣ фарогири ҳуқуқ, андешаҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Муҳити маданӣ асари хешро бар ҳуқуқ мегузорад. Сатҳи инкишофи мадании ҷомеа, дараҷаи рушди истеҳсолоти моддиву маънавӣ, инкишофи қобилиятҳои инсонӣ ба рушду камоли ҳуқуқ таъсиргузоранд.

Фарҳанги ҳуқуқӣ падидаи мус­тақили ҳуқуқӣ ҳисоб меёбад, навиштааст муаллиф. Бинобар ин, мавзӯи таҳқиқу маърифати илмии олимон ва ҳуқуқшиносон қарор гирифтааст. Ба андозаи пешрафти ҷомеа, гузаштан ба сатҳи баланди сифатан нави низоми ҳуқуқӣ ва ҳаёти ҳуқуқӣ — фарҳангӣ, мутаносибан фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа низ рушду тавсеа пайдо мекунад.

Муаллиф дар қисматҳои асараш — «Фарҳанги ҳуқуқӣ чун падидае дар ниҳоди фарҳанги ҳуқуқӣ», «Фарҳанги ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯби дидгоҳҳои назарӣ ва методологӣ», «Сохтори фарҳанги ҳуқуқӣ», «Функсияҳои фарҳанги ҳуқуқӣ», «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанги ҳуқуқӣ» роҷеъ ба фарҳанги ҳуқуқӣ мулоҳизаронӣ намуда, унсурҳои онро ҳамчун нишондиҳандаҳои сатҳи тараққиёти ҷомеа арзёбӣ карда, зикр мекунад, ки фарҳанги ҳуқуқӣ аз низоми комёбиҳои моддӣ ва ҳуқуқии андӯхташуда иборат буда, дар ҷараёни ташкил ва инкишофи соҳаи ҳуқуқии ҷомеа бозтобдиҳандаи сатҳи инкишофи мутамаддини ҳолати он маҳсуб мешавад.

- Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади инкишоф ва дар ҳаёт амалӣ намудани арзишҳои миллии фарҳанги ҳуқуқӣ роҳандозӣ карда мешавад, — таъкид менамояд муаллифи рисола.

Ба шарофати ташаббусҳои наҷибона, оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ дар бахши фарҳанги ҳуқуқӣ низ ба даст омаданд, ки бешубҳа барои рушди ҷомеа хизмат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, таълифоти анҷомдодаи доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин барои доираи васеи донишҷӯён, унвонҷӯён, омӯзгорони факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар, ҳамчунин онҳое, ки ба омӯзиши фарҳанги ҳуқуқӣ мароқ доранд, манфиатбахш хоҳад буд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»