Фестивали китоб барои наврасон оғоз шуд

№43 (4305) 06.04.2021

123123Ҳар сол аввали моҳи апрел дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар он адибон, олимону китобдорон, ноширон, инчунин, наврасону ҷавонони зиёд ширкат меварзанд.

- Соли ҷорӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис­тон» дар рӯзҳое доир мегардад, ки мардуми кишвар ба ҷашни пурифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, — гуфт директори он Ҳусайн Сафарзода. Инчунин, дар баробари суҳбату мулоқот, конфронсу семинар ва дигар ҷамъомадҳои маърифатӣ аз рӯи чор номинатсия — «Беҳтарин иншо дар ситоиши Ватан», «Беҳтарин шеър ва композитсияи адабӣ», «Фаъолтарин хонанда» ва «Беҳтарин ҳунарманд» озмун доир ва ғолибон ҳавасманд гардонида мешаванд.

«Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саҳни бинои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар 2 -юми апрел оғоз гардида, то 9-уми моҳи равон идома меёбад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»