30 сентябр - Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

«Фиҳӣ мо фиҳӣ» — мактаби идроки тасаввуф

№116 (4066) 28.09.2019

РумиЯке аз рисолатҳои илми тоҷик ба насли наврас ва муҳаққиқони ҷавони фарҳангу фалсафа ва адабиёт дастрас намудани ганҷинаи мероси ниёкон мебошад. Мероси як идда афроди маҳбуби фарҳанг ва тамаддуни тоҷикро, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз саромадони онҳо мансуб аст, мебояд ҳар лаҳза ба мардум дастрас намуд. Бо вуҷуди дар зеҳну қалби мардуми тоҷик ҷой доштани меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба Мавлоно ва офаридаҳои ин орифи шӯридадилу поксиришт, на ҳама мероси ӯ дастраси хонандагони муосир мебошанд. Махсусан, «Фиҳӣ мо фиҳӣ» (Ҳамин аст, ки ҳаст) — маҷмӯи андеша, ваъзу андарз, таълимоти Мавлоно, ки дар солҳои гуногун ба шогирдон гуфтаву аз ҷониби писари ӯ Султон Валад ба китобе ҷамъоварӣ гардидааст, камтар дастрас буд. Ҳамин тавр, оид ба нашри тозаи асар, ки аз ҷониби як идда олимони тоҷик анҷом шудааст, рӯнамоии кӯтоҳе пешниҳод менамоем.

Мавлоно шоир ва мутафаккирест, ки баъди Саноию Аттор шеъру адаби ирфониро дар қолаби фалсафӣ ба қуллаи баланди камолот расонид. Дар ин бора, дар қатори орифону сӯфиёни маъруф аз тарафи Абдураҳмони Ҷомӣ мавриди зикр қарор гирифтани Ҷалолиддин Муҳаммад, падари бузургвораш -Баҳовалад, пирони ӯ-Саидбурҳонуддини Муҳаққиқи Тирмизӣ, Шамсиддин Малакдоди Табрезӣ, Салоҳуддин Заркӯби Самарқандӣ ва Ҳисомуддин Чалабиву Садриддини Кунавӣ дарак медиҳанд.

Маъруфияти осори мансури ӯ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар наср низ мавқеи қавӣ доштааст. Осори мансури Мавлоно, иборат аз «Маҷолис-ус-сабъа», «Мактубот» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ», дар бисёр маврид бозгӯ ва шарҳи нуктаҳои муҳиму калидии «Маснавӣ» мебошанд. Мавлоно дар ин осори худ як қатор масоилеро матраҳ кардааст, ки дар «Маснавӣ» батафсил баррасӣ шудаанд. Хусусан, китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» мақому мартабаи махсусе дорад, ки маҷмӯи андешаву гуфтори солҳои гуногуни Мавлоноро дар маҷолис ва маҳофил фаро мегирад.

Ду китоби «Фиҳӣ», ки мавриди истифодаи А. М. Шиммел қарор гирифтааст, таҳияи Абдулмаҷид Дарёбодӣ (соли 1929) ва тасҳеҳи Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Теҳрон, соли 1330 мебошад. Забони асар ҳамон забони пурғановати Мавлоно, сабки он — сабки ваъзу минбар, шеваи хоси баёни масоил, бо истифода аз оёти «Қуръон»-у аҳодиси набавӣ аст.

Муҳимтарин сарчашмаҳои рӯзгори адиб ба иттифоқи умум, ду рисолаи муҳими Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ ва Фаридуни Сипаҳсолор ба шумор мераванд. Дар асарҳои Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Абдуҳусайни Зарринкӯб, Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, Муҳаммад Истеъломӣ, Лутфалии Суратгар, Зайниддини Киёинажод, Е. Э. Бертелс, Р. А. Николсон, Р. Фиш дар баробари дигар осори Мавлоно ва махсусан «Маснавӣ», перомуни китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ мулоҳизаҳои пурқимат баён шудаанд.

Дар Тоҷикистон низ роҷеъ ба рӯзгору осори Мавлоно асару мақолаи зиёд ба табъ расидаанд. Яке аз аввалин рисолаҳои таҳқиқӣ асари Нодир Одилов — «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» мебошад, ки дар он муҳаққиқ перомуни зиндагӣ ва ҷаҳонбинии Мавлоно баҳс кардааст.

Китоби профессор Р. Ҳодизода — «Ҷалолуддини Румӣ» аз навтарин асарҳои илмии ба рӯзгору осори Мавлоно бахшида шудааст, ки дар он баробари дигар осори шоир, роҷеъ ба китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» маълумот ва мулоҳизоти ҷиддӣ дарҷ шудааст. Дар мавриди таҳлили андешаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ-динӣ, антропологӣ, вижагиҳои таълимоти мактаби Мавлоно-мавлавия, нақш ва мақоми Баҳовалад ва Султонвалад дар рушди андешаи фалсафӣ-динии тоҷик як идда таълифоти олимони тоҷик шоёни диққат аст, ки метавон дар ин радиф аз таҳқиқоти Х. М. Зиёев, М. Т. Маҳмадҷонова, Ш. Асомуддинзода, Ш. Карамхудоев ёдовар шуд, вале то ин замон роҷеъ ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаи зиёд таълиф шуда бошад ҳам, перомуни насри ӯ, хусусан, оид ба китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» асари алоҳидае таълиф нашудааст.

Дар таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно нақши олими муътабари эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар хеле бузург аст. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, роҷеъ ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаи комиле таълиф ва нашр намудааст. Баъдан, олими эронӣ Зайнаби Яздонӣ бо шарҳу тавзеҳи алоҳидаи ҳар фасл, муқаддимаи тӯлоние дар шарҳи рӯзгору осори Мавлоно нашр кардааст, ки он низ дастрас ва мавриди омӯзишу истифода қарор гирифт. Дар муаррифӣ, нашр ва тавзеҳи масоили китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ ташаббуси аввалин ба ин олим тааллуқ дорад. Вай дар асоси нусхаҳои муътамади китобхонаҳои бузурги ҷаҳон китобро дар Эрон чанд бор ба чоп расонидааст.

Зиндагонии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз оғоз то анҷом дар касби маърифат ва такмили нафсу ҷӯёии фазоил, хидмати пӯяндагон ва восилони роҳи Ҳақ, тарбияи толибону нашри ҳақоиқи ирфон гузаштааст. Аз миёни шоирону адибони ориф ба камтар касоне даст додааст, ки ба андозаи Мавлоно миёни ҳаводорони шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ шуҳрат ва маҳбубият пайдо намоянд. Зиндагии пурмоҷарои Мавлоно, вохӯрии ӯ бо Шамси Табрезӣ, ихтилоти ӯ бо шахсияти ин орифи раббонӣ, интишор ва иштихори ғазалҳои ӯ бо тахаллуси Шамси Табрезӣ миёни мардуми форсизабон ҳам бо ривоёту афсонаҳои ҷолибу ҳадсӣ зеби маҳфилҳои хосу ом мебошанд.

Бо он азамату бузургӣ ва қудрати баланди гӯяндагӣ, ки ин орифи бузург соҳиб будааст, дар замонаш гули сари сабади маҳфилҳои орифони раббонӣ, қиблаи умеди соликони роҳи Ҳақ ва мураввиҷи беҳамтои ирфони исломӣ ба шумор мерафт. Ба қавли Афлокӣ, бо зуҳури Мавлоно Ҷалолиддин калимаи «Маснавӣ» ва унвони «Мавлоно» ба умум тааллуқ дошт, аммо чун онҳоро нисбат ба Мавлоно ба кор бурданд, акнун фақат мутааллиқ ба ӯянд. Вақте «Маснавӣ» мегӯянд, ҳама мефаҳманд, ки «Маснавӣ»-и Мавлоност ва вақте Мавлоно мегӯянд, ӯро дар назар доранд.

Хизмате, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанг ва тамаддуни форсу тоҷик кардааст, бениҳоят бузург аст. Осори манзуми ӯ аз девони ғазалиёт, ки бо унвони «Девони кабир» машҳур аст ва наздики панҷоҳ ҳазор байтро фаро мегирад, «Маснавии маънавӣ» ва маҷмӯи рубоиёти олӣ иборат аст, ки ба қавли Мавлавӣ, «дилбарест маънавӣ, ки дар ҷамолу камол ҳамто надорад ва ҳамчунон боғест муҳайё ва дарахтест муҳанно, ки ҷиҳати равшандилони соҳибназару ошиқони сӯхтаҷигар сохта шудааст».

Дар баробари осори манзум, ки шуҳрати ҷаҳонии ӯ ба тавассути эҷоди онҳо ба даст омадааст, аз онҳо чанд асари мансур низ боқӣ мондааст. Таъкиди як нукта бамаврид аст, ки агарчӣ ҳама осори Мавлоно, чӣ назму чӣ наср аз ҷониби донишмандони бузурге чун Роналд Николсон, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Сайид Нафисӣ ва дигарон ҷамъоварӣ ва тасҳеҳу нашр шудаанд, вале осори мансури Мавлоно, то ҷое ки огоҳӣ дорем, ҳанӯз пурра ба даст наомадааст. Зеро тибқи маълумоти Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ, Фаридуни Сипаҳсолор ва дигар муаллифон аз осори мансури Мавлоно ба ғайр аз «Мактубот», боз «Маҷолиси сабаъа», «Фиҳӣ мо Фиҳӣ» ва тибқи гуфтаҳои Шамси Табрезӣ «Мақолоти Шамс» низ боқӣ мондааст.

Китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» маҷмӯаи гуфтор ё такрироти Мавлоност, ки он ҳамаро дар маҷлису маҳфилҳо баён кардааст ва гӯё, писари ӯ Баҳоуддин, маъруф ба Султон Валад ё яке аз муридони ӯ онҳоро ёддошт карда, ба сурати китоб даровардааст.

Як қисми китоб хитоб ба Муъиниддини Парвона аст, ки аз амалдорони муқтадири дарбори салҷуқиёни Рум буда, ба аҳли ирфон иродати зиёд меварзид ва аз ҷумлаи эътиқодмандони шоир будааст.

Бояд тазаккур кард, ки китоби Ҷалолиддини Балхӣ «Фиҳӣ мо фиҳӣ» чанд маротиба дар Эрон бо тасҳеҳу ҳавошии олими маъруф Бадеъуззамони Фурӯзонфар ва Зайнаби Яздонӣ ба чоп расидааст, ки аз нашри соли 1368 ҳ. (1991 м.) истифода бурдем. Китоби мазкурро, ки аз соли 2001 чандин маротиба мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, танҳо бо саъю кӯшиши Абдуллои Шаваткӣ тавонистем боҷуръатона ба нашр супорем, ки ба ӯ изҳори ташаккур менамоем.

Мавзӯи ҳикоёти «Фиҳӣ мо фиҳӣ» асосан, аз масоили маърифат ва тасаввуф иборат аст. Дар баробари ин, асоси ҳикоёту муколамотро масоили динӣ ташкил дода, дар онҳо баррасии фалсафии масоили мазкур мавҷуд аст. Ғайр аз ин, масоили зиёди ахлоқӣ ҳам ба таври умумӣ ва ҳам ба таври ирфониву тасаввуфӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтааст, ки аҳамияти асарро боз ҳам меафзояд.

Тавре Мавлоно мефармояд, дар ибтидо китоб «Мақолот» ном доштааст, вале баъд ҳамчун «Фиҳӣ мо фиҳӣ» маъруфият пайдо намудааст. Асар беш аз 70 фаслро дар бар мегирад ва дар он оид ба як идда бузургвори тасаввуф ва фиқҳ сухан меравад.

Дар китоб, асосан бо тамсилу истиорот, мавзӯоти мушкили марбут ба ҳастӣ, шинохти он, хусусиятҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносии аҳли тасаввуф, хусусан, таълимоти ваҳдати вуҷуд шарҳи худро пайдо кардаанд. Орифи машҳур ба масъалаҳои шукр, сабр, ҳалолу ҳаром, вафодорӣ, дӯстӣ, ишқ, муҳаббат, адолати омӣ ва адолати иҷтимоӣ, ахлоқи сарварону ҳокимонро ба хиттаи мулоҳизаву баррасӣ мекашад. Дар фарқ аз «Маснавӣ» шарҳу ифодаҳои «Фиҳӣ» содатар буда, масоили мавриди баҳс муфассалтар таҳлил гардидаанд.

Таҳқиқи афкору осори орифон, масъалаҳои эҷодиёти онҳо, нақши мутафаккирон ҳолиё аҳамияти махсус касб карда истодааст, зеро таҳти таъсири фишори ҷаҳоншумулӣ ва фарҳангҳои бегона, як идда арзишҳои аслии маънавӣ таҳти хатар қарор гирифтаанд. Танҳо дуруст муайян намудани сараву сақати таърихии фарҳанг, яъне, таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи мероси нобиғагони он, метавонад дар қиболи ин гуна таъсирҳо сипаре бошад ва барои наслҳои оянда беҳтарин намунаи андешаву афкори фалсафаву дин, адабу фарҳанги тоҷикро боқӣ гузорад. Таҳия ва ба чоп расонидани мероси гаронбаҳои Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо ҳамин мақсад анҷом дода шудааст, ҷавобгӯ ба ин гуна ниёзмандиҳои шадиди маънавии миллати тоҷик ба шумор меравад. 

Муҳиба МАҲМАДҶОНОВА,

доктори илмҳои фалсафа