Гадобеки Маҳмуд: «Китобдориро ба замона мувофиқ бояд кард»

№115 (3909) 22.09.2018

ГАДО МАХМУДМусоҳибаи хабарнигори рӯзнома Б. Каримзода бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Гадобеки Маҳмуд

- Вазъи соҳа чӣ гуна аст ва Китобхонаи миллӣ дар ин раванд чӣ мақом дорад?

- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди китобдории тоҷик такони ҷиддӣ бахшид. Китобдорӣ дар даврони соҳибис­тиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки соли 2003 қабул шуд, ба рушди соҳа мусоидат намуд. Ба ин қонун солҳои 2008 ва 2013 тағйирот ворид карда шуд. Айни замон тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба он омода ва барои мувофиқа пешниҳод шудааст. Таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд, таҷлили «Рӯзи китоб», бун­ёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.

Дар фаъолияти китобхонаҳои кишвар як қатор пешравиҳо дар самти пуррагардонии фонд бо адабиёти тозанашр, истифодаи технологияи муосир, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳо ба чашм мерасанд. Эътироф бояд кард, ки дар аксари китобхонаҳо мушкилоти зиёде мавҷуданд. Масалан, барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсиҳо, таҷҳизоти техникӣ маблағи ночиз ҷудо мешавад. Хазинаи аксари китобхонаҳо китобҳои солҳои 70-80-уми асри ХХ-ро дар бар мегирад, ки мазмунан куҳна шудаанд.

Моддаи 18-уми қонуни зикр­шуда вазифаҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар самтҳои идораи умумӣ, батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади таъмини назорат доир ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлат оид ба фаъолияти китобдорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Дар асоси ин модда, Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази илмию таҳқиқотӣ ва методӣ дар соҳаи китобдорӣ вазифадор аст ба дигар китобхонаҳои кишвар ёрии амалӣ ва методӣ расонад.

- Кормандон барои ҷалби аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?

- Сатҳи баланди хизматрасонӣ, роҳандозии технологияи муосири иттилоотӣ, харидории китобҳои тозанашр дар асоси омӯзиши дархостҳои хонандагон, истифодаи ройгони шабакаи Интернет, таъсиси толорҳои соҳавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ­рӯнамоии китобҳо ва муоширати хуби кормандон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон боиси афзоиши теъдоди хонандагон гардидааст. Барои ҷалби бештари хонандагон китобхона бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар муассисаҳо ҳамкории зич дорад. Илова бар ин, дар китобхона маҳфилҳои «Ҳамешабаҳор», «Дар суҳбати адиб», «Равшандилон» ва «Дас­тони моҳир» фаъоланд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 10972 хонанда пазируфта шудааст. Аз оғози фаъолият шумораи аъзои китобхона ба 154495 расидааст. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз аз китобхона 1450 нафар истифода мебаранд.

Сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон www.kmt.tj дар шабакаи Интернет фаъол буда, дар он оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ, китобҳои тозанашри ба китобхона воридшуда, навидҳои фарҳангӣ, ҷашнҳо, ҳамкории китобхона бо дигар китобхонаҳову муассисаҳо, олимону адибон ва ғайраҳо маълумот дода мешавад.

- Дар самти фаъолияти илмӣ — эҷодӣ кадом корҳо амалӣ шудаанд?

- Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода ва нашр намудани дастурҳои методию библиографӣ, тақвими ҷашн ва санаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишнома ва силсилаи «Тоҷнома» ба шумор меравад. Дар услуби таҳияи нашрҳои солҳои охир навгониҳои зиёде, ба монанди сохтори он, риояи тасвири библиографӣ, багурӯҳдарорӣ, дастгоҳи ёрирасони нашр, раддабандии фаслҳо ва зерфаслҳо ба чашм мерасанд. Китобҳои шарҳиҳолии Назри Яздон, Кароматулло Мирзо, Абдулҳамид Самад, Ҳуринисо Ализода ва дигарон барои чоп омодаанд. Нашрҳои мазкур аз тарафи кормандони шуъбаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, библиографияи миллӣ, «Тоҷикшиносӣ», «Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ» омода шудаанд.

- Мутахассисон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ёрии методӣ мерасонанд?

- Бале. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар таҳияи дастурамал, корҳои илмӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони дигар китобхонаҳо нақши бориз дорад.

Сафарҳои кормандони Китобхонаи миллӣ барои расонидани ёрии амалию методӣ ва баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати сайёр нишон дод, ки бештари кормандони китобхонаҳо дорои маълумоти ғайритахассусӣ буда, аз соҳаи китобдорӣ, тарзи истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ ва навгониҳо огоҳӣ надоранд.

Биноан, сиёсати кадрии соҳаи китобдориро имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона кардан лозим аст. Дуруст аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёна дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ба қадри имкон саҳм мегузоранд, аммо бо ин тарз ва бо ин теъдод омода намудани кадрҳо дар солҳои наздик таъмини китобхонаҳо бо мутахассисони ҳирфаӣ ғайриимкон аст. Бозомӯзии кормандони китобхонаҳо ҳамчун як ҷузъи системаи таҳсили идомаёбанда дар ҳолати кунунӣ ба таҳқиқот зарурат дорад.

Дар робита ба ин, барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат зери унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» таҳия гардида, барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ шудааст. То ин вақт аз ин курсҳо як қисми кормандони китобхонаҳои ВМБК, Хатлон ва ноҳияҳои водии Рашт гузашта, соҳиби сертификат гаштаанд.

- Шумо ҳамчун мутахассис ва масъули соҳа барои беҳбуд бахшидани фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва мактабӣ чӣ пешниҳод доред?

- Барои сари вақт ва ба пуррагӣ қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагон, ба китобхонаҳо бештар мустақилияти молиявӣ барои харидорӣ намудани китобҳои тозанашрро дода, ҷалби мутахассисони дорои маълумоти олии китобдорӣ ва таъмини китобхонаҳо бо технологияи коммуникатсионӣ, ҳар панҷ сол аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронидани кормандон, ташкил намудани сомонаи китобхонаҳо ва таъсиси китобхонаҳои электронии дохилиро роҳандозӣ намудан зарур аст.