Гар ману ту мо набошем

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

123112Муаллим Авродхон аз рӯзгори падари бузургвораш Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ қисса гуфтанро дӯст медорад. Бо ифтихору муҳаббат ҳарф мезанад ва аз он афсӯс мехӯрад, ки дасташ нарасид баёзи падар ва намунаи ашъори ӯро дастраси хонандагон гардонад. Ҳамон баёзе, ки бо маслиҳати Алӣ Хуши Найистонӣ тартиб дода буд. Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ ҳанӯз оғози солҳои чилуми асри ХХ ба ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ шурӯъ карда буд. Беш аз чаҳор ҳазор байт ҷамъоварӣ шуда буд. Алӣ Хуш дар яке аз вохӯриҳо аз ӯ хоҳиш кард, ки дар бораи адибоне, ки дар давраҳои гуногун сокини Қаротегину Дарвоз буданд, як баёз тартиб диҳад. Шарифхӯҷа, ки он солҳо ба ҳайси нозири Комиссариати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навоҳии тобеи Қаротегину Дарвоз сафарҳои зиёд дошт, ба ҷамъоварии маводи дар дасти мардумбуда ва маълумот оид ба тарҷумаи ҳолу мероси адабии онҳо машғул шуд. Аммо баёз баъди фавти Алӣ Хуш ба итмом расид. Шарифхӯҷа оид ба 27 нафар қаламкаши маъруфи Қаротегину Дарвоз дар баёзи худ маълумот дод. Ҳайф, ки дар заминларзаи Ҳоит муаллиф зери хок монд. Баъдҳо аз баёзи ӯ дигарҳо истифода бурданд, аммо барои нашри он касе талош накард.

Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ дар ҷавонӣ шеър эҷод мекард. Дар ашъори хеш золимони замонашро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Соли 1917  ҳабдаҳсола буд ва дар мадрасаи Ярхичи Қалъа таҳсил мекард, байни мардум шуҳрат дошт. Ҳамон сол Қозӣ Уроқи номдорро ҳаҷв кард.

Қозӣ  Уроқи сархам,

Раҳме  надора  кам-кам,

Мехӯра  хуни одам,

Вой бар ҳоли фақерон.

Қозӣ Уроқи хапак,

Раҳ мерава лап – лапак,

Намонда коҳу  тапак,

Вой бар ҳоли фақерон.

Аз дасти Қозӣ Уроқ,

Намонда  пашму пучоқ,

На  маскаву на қаймоқ,

Вой  бар ҳоли фақерон

Аз дасти қозикалон,

На мол монда  на молбон,

На хар монда на  полон,

Вой бар ҳоли фақерон.

Қозӣ Уроқи бенанг,

Бо сад фиребу найранг,

Кард ҳоли мардумон танг,                       

Вой бар ҳоли  фақерон.

Шеър байни мардум зуд паҳн шуд. Одамони қозӣ ба таъқиби ӯ афтоданд. Маҷбур шуд, ки аз зодгоҳаш баромада равад. Аввал ба Фарғона ва баъд ба Бухоро рафта, дар мадрасаи Мири Араб таҳсилашро идома дод. Соли 1927, баъди барқарор гардидани ҳукумати шӯравӣ, ба зодгоҳаш баргашт.

Ин навбат муаллим Авродхонро болои бистар пайдо кардам. Духтараш Мушаррафа дар даст китоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пораеро мехонду шарҳ медод.

- Дер-дер меоӣ, додар,- мешунавам овози ширадори ӯро. –Дафъаи дигар меоӣ, ки маро намеёбӣ. Дунё ғанимат аст.

- Узр мехоҳам. Аз бемориат хабар надоштам. Корам бисёртар буд.

- Медонам, додари ҷон. Худо умри шуморо дароз кунад. Ҳамеша тансиҳату серкор бошед. Комёбиҳои миллатро барои ояндагон дар саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштаи мо инъикос кунед.

Муаллим сухан мегӯяд, аммо ҳарфҳои ӯ дигар ба гӯши ман намедароянд.  Мурғи хаёл маро дунболи худ ба олами хотираҳо мебарад. Авродхон Шарифзода соли 1932 ба дунё омадааст. Баъди заминларзаи Ҳоит ҳамроҳи ҳамдиёрони зиндамондааш ба водии Вахш кӯч баст. Солҳои 1959-1964 донишҷӯи факултети забон ва адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд. Аз соли 1965 то соли 2001 омӯзгори мактаби таҳсилоти миёна. Хизматҳояш бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медали «Барои хизмати шоён» ва ифтихорномаҳо қадр шудааст. Аълочии маорифи СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистон. Маҷмӯаи ашъораш — «Гулдастаи умр» соли 2002 бо дастгирии ҳаводоронаш ба табъ расидааст.

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта аз ноҳияи Қумсангир ба Ҳоит кӯчида омад. Ӯро ҳамдеҳаҳо илтиҷо карданд, ки биёяд. Дар мактаби деҳа омӯзгори соҳибтаҳсилот намерасид. Баъд болои кишвари тоҷикон абри идбор ҳукмрон гардид. Қатори садҳо нафар ҷавонони кишвар писари ӯ ҳам беному нишон шуд. Аммо, он рӯзҳо ғами ҷигарбандашро фаромӯш кард. Ғами парокандагии миллат оромаш намегузошт.  Дар танҳоӣ сари дардмандашро миёни панҷаҳояш мефишурду мегирист. Ҳамон солҳо шеър навишт. Ба шеъри нави худ «Гар ману ту Мо набошем» ном гузошт:

Гар ману ту Мо набошем,

Дар Ватан якҷо набошем,

Дар ғами фардо набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андарин дунё набошем.

Мо агар яктан набошем,

Орӣ аз душман набошем,

Соҳиби майҳан набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андарин дунё набошем.

Гар баробар мо набошем,

Чун бародар мо набошем,

Ҷону ҷигар мо набошем,

Беҳтараш, ки мо набошем,

Андарин дунё набошем…

Мардумро ба худшиносию меҳанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват кард.

Соли 2002 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони мардуми Ҳоит буд. Тамоми сокинони деҳаҳои деҳоти Ҳоит дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд. Муаллим дар вохӯрӣ бо Сарвари давлат сухан гуфт. Бо таҳаммул ҳарф зад ва суханаш таъсирбахш буд. Шаб Президенти мамлакат меҳмони ҳоитиҳо буд. Шом ӯро сари дастархон даъват кард . Сараш ба осмон расид. Сари як дастархон рӯ ба рӯи фарзанди фарзонаи миллат нишастанашро бовар намекард. Баъдҳо дар суҳбат бо мардуми диёр аз хоксорию фурӯтанӣ, сухандонию дурандешӣ ва ақлу истеъдоди Президенти мамлакат самимона гуфт. Мегуфт, ки дар суҳбати бузургмардон зиёд нишастаам, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳо фарқ дорад. Ҷонфидои миллат аст…

Даврае, ки овозаҳои зиёд Ҳоиту ҳоитиҳоро бадном карда буд, Сарвари далеру боҷасорат ба ин деҳаи дурдаст омад ва шабро он ҷо рӯз кард. Муаллим ҳамон рӯзҳо пешниҳод кард, ки меҳмонхонаеро, ки Роҳбари давлат он ҷо шабро рӯз кард, ба осорхона табдил диҳанд. Хонае, ки ба ояндаҳо ин қиссаро ҳамчун шоҳид ҳикоя кунад.

Соли 2006 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омад. Авродхон Шарифзода қатори дигар собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмони Президенти кишвар буд  дар «Чойхонаи болои об»-и шаҳраки Ғарм. Ӯро баъди аз меҳмонӣ баргаштанаш дидам. Аз шодию ҳаяҷон дар курта намегунҷид.

- Қурбони ақли расояш шавам,- бо ҳаяҷон гуфт Авродхон.- Фақат пайи ободии мамлакат, ваҳдати миллат ва зиндагии шоистаи мардум фикр мекунад. Ҳайф, ки пир шудам…

- Як пиёла чой гиред, ака,- маро ба олами ҳастӣ мехонад Мушаррафа.

Ман, ки ҳанӯз банди андешаҳои хеш будам, як лаҳза бо чашмони ҳайратзада ба чеҳраи ӯ нигаристам.

- Муаллимро хабаргирӣ омадеду паҳлуи вай сукут варзидед. Аз субҳ то шом китоби Президентро мегираду барои мардуми ба аёдаташомада мехонад. Имрӯз навбати мо буд, -суханашро шӯхиомез ҷамъбаст кард ӯ.

-Тайёриҳо чӣ хел?- як қулт чой нӯшида, ба гап медарояд муаллим.

- Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро мегӯям.

-Тайёриҳо хубанд устод,- посух гуфтам ман. Ба кадом ноҳияе равӣ, мардум пайи он талош доранд, ки ҳар ду ҷашнро дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои сазовор пешвоз гиранд. Имсол 25-умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамонро низ ҷашн мегирем.

- Медонам додар. Ба истиқболи ҷашн як шеъргуна навишта истодаам. Аҷал амон диҳад, онро тайёр мекунам.

Аз паҳлуи ҷойгаҳаш дафтареро ба даст мегираду мехонад:

Дон, ҷашни Истиқлолият ин шаъну шони мову туст,

Ин бахту иқболи саид бар зодагони мову туст.

Ин роҳи тақдирсози мо дар пешгоҳи зиндагӣ,

Аз раҳмати Яздони пок бар хонадони мову туст.

Ҳарчанд буд дар роҳи мо пасту баландӣ бешумор,

Ин зиндагии пурнишот имрӯз аз они мову туст…

Бо муаллим худоҳофизӣ мекунему таманно менамоем, ки устоди азиз Авродхон Шарифзода шифо ёбад, то рӯзҳои таҷлили тамоми ҷашн паҳлуи мо бошад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ