Гармии ҳаво ба ҳадди рекордӣ расид

№ 28.07.2016

izmenenie-temperaturiАз рӯи мушоҳидаи обуҳавошиносон тобистони имсола гармтарин дар таърихи обуҳавошиносии ҷаҳон ба шумор меравад. Панҷшанбеи ҳафтаи гузашта (21 июл) ҳарорати ҳаво дар шаҳри Митрибаҳи Кувайт ба 54 дараҷа расид. Ин нишондиҳандаи рекордӣ аст, зеро то ин дам баландтарин ҳарорат дар шаҳри Триполии Либия (53,8 дараҷа) ба қайд гирифта шуда буд. 22 июл дар минтақаҳои биёбонии Ироқ гармии ҳаво 53,9 дараҷаро ташкил дод. Дар шаҳри Бағдод ҳарорати ҳаво ба 51 дараҷа расид. Таъсири ин гармиҳо дар Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон низ эҳсос мешавад.

Мувофиқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 27-уми июли соли равон мавҷи ҳавои гарм аз самти Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Эрон ба ҷониби кишвари мо ҳаракат карда, боиси дар водиҳо 5-7 ва дар кӯҳҳо 8-10 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво шуд.

Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон ба 40-45 дараҷа қисмати водии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд 40-43 дараҷа, ғарби ВМКБ 32-37 дараҷа расид.

Дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 43 дараҷаро ташкил дод. Аз 28 то 31-уми июл ҳарорати ҳаво дар ҳама минтақаҳо 5-6 дараҷа паст мешавад ва эҳтимоли боридани боронҳои кӯтоҳмуддат мавҷуд аст.

С.Сайфиддин, «Садои мардум»