Хона

№6 (3956) 15.01.2019

Борис  ЕКИМОВ

(ҳикоя)

321Тамоми тобистон чизеро фаҳмида нашуд: ба модар хона медиҳанд ё на, кулбаи ӯро вайрон мекунанд ё боз ин зимистон ҳам мемонад. Сохтмончиён чанд бор омаданд ва модар тарсид, ки ӯро чиллаи тобистон аз хона пеш мекунанд, сабзавот нест мешавад, картошка-тамоми заҳмати кашида аз даст меравад. Шукри Худо, ки ҳосили картошкаро ҷамъ оварданд. Тирамоҳ омад. Баъд масъала ҳалли худ­ро ёфт. Ба номи модар барои хонаи якҳуҷрагии масоҳаташ дувоздаҳметри квадратӣ, бо газу оби гарму хунук таъмин ва бо тамоми шароит муҷаҳҳаз ордер навиштанд.

Барои гирифтани ордер худаш рафт, аммо барои дидани хонаи нав қувват накард: бетоб  шуд, мадораш нарасид ва ордеру дигар коғазҳоро ба дасти писари хурдӣ Михаил дод. Михаил дар наздикии модар зиндагӣ мекард, аз аҳволи ӯ ҳамеша хабардор ва соҳиби мототсикл буд.

Михаил марди он қадар пир набуд. Коғазҳоро аз дасти модар  бо дили нохоҳам гирифт. Аввалаш боз як саргардонӣ, дигар ин ки фасли тирамоҳ — мавсими шикори моҳӣ. Аслан вай дар ин мавсими сол ба рухсатӣ мебаромаду ҷониби кӯлҳои Задоне мерафт, ба қавле ба озодӣ мебаромад. Имсол ҳам ба ҳамин хотир тайёрӣ дида буд: барои ба рухсатӣ баромадан ариза дода буд, қаиқи мотордор киро кард ва хаймаи сайёҳӣ, аслиҳаву тираш ҳам тайёр буд.

Бо табъи хира коғазҳоро аз дасти модар гирифту ба дидани хона рафт. Аслан он ҷо ягон чизи медидагӣ ҳам набуд: як хонаи одӣ дар бинои панҷошёна. Солҳои пеш дар шаҳрак аҳён-аҳён сохтмони нав ба чашм мерасид. Ҳоло гӯё сохтмончиён аз хоби ғафлат бедор шуда буданд, ки пайи ҳам дар шаҳрак биноҳои панҷошёна қомат меафрохтанд. Ҳамин тавр, ба модари ӯ ҳам хона расид.

Михаил коменданти биноро пайдо карду калидро аз ӯ гирифт. Ҳамааш муқаррарӣ, балки бадтар. Сол то сол барои сохтмони босифат касе талош намекард. Ба сохтмончиён сифат не, миқдор лозим буд. Дар хонаи модар плитаи газ намерасид. Онро ҷо ба ҷо намудан ва васл кардан лозим буд, аммо мебоист аввал плитаро аз кадом анборе мегирифт. Боз ҷумакҳои об дар ошхона ва ҳаммом. Дастқапакҳои дарҳо ва розеткаҳо гум шуда буданд. Деворҳои сафедкардашуда чиркину беранг. Ранги фарши хона ҳам бесифат, ҷо-ҷо рангпарида буд. Дар баъзе ҷо ранг болои фарш дамида буд ва ҳамранги тӯбчаҳои хурд рӯи фарш ғелида. Дару тирезаро ранги хокистарӣ карда буданд, ки ба чашм хеле безеб буд. Кӯтаҳи гап ҳар кас, ки вориди ин хона мегардид, дилаш хунук мешуд.

Як рӯзи дигар гузашт. Рӯзҳои рухсатии Михаил оғоз ёфтанд. Ӯ хуб дарк карда буд, ки бояд пеш аз рафтанаш хонаро тармим кунад. Бо ғайрати тамом меҳнат мекард: ҷумакҳо, розетка ва плиткаро часпонд. Ҳамсараш дару тирезаро шуста, тоза кард. Вай шавҳарашро ҳар замон тасаллӣ дода мегуфт:

- Мешавад… Ҷевонҳо айби деворро мепӯшонад, палос нуқсони фаршро. Меҳмон қабул намекунад. Барои пиракӣ чӣ фарқ дорад.

Ва Михаил розӣ шуд. Хоса, ки дар рухсатист ва бояд ба соҳили кӯлҳо биравад. Хуб истироҳат кунад.

Шом ба аёдати модар омад. Назди даричаи ҳавлӣ мототсиклро нигоҳ дошт. Як зум нигоҳаш миёни пардаи хираи торикӣ гирду атрофро палмосид  ва якбора ба ёд овард, ки ба қарибӣ ҳамааш нобуд мешавад. На кӯчаи орому сокит мемонаду на хонаи падарӣ. Ин кӯча, хонаи падарӣ… ин маҳалла ҳамеша барояш азиз буд. Бачагиву наврасиаш дар ин кӯча гузашта буд. Канори ҳавлӣ дашти васеъ буд, алафи фаровон дошт. Бачаҳо гову гӯсоларо ба ин дашт сар медоданд ва дар як гӯшаи он футбол бозӣ мекарданд… Ҳайф, ба қарибӣ ҳамааш тамом. Оянда касе аз маҳаллаи онҳо ёд намекунад. Техникаҳои зиёдро меоранд, ҳамашро ба хок яксон мекунанд. Гӯё чизе месозанд…

Аз паҳлуи хона ба ҷониби ошхонаи тобистона роҳи тозаву озода буд, ки аз ду тарафаш гулҳои рангоранг ба шукуфтан шурӯъ карда, табиати ин ҷоро боз ҳам зеботар мекарданд: гулҳои норинҷӣ, патунӣ. Модар дар шипони назди ошхона ғизои шом мехӯрд ва ӯро даъват кард:

- Ҳамроҳи ман бишин, хӯрок мехӯрем. Печени мулоим пухтам.

Михаил ҳанӯз беруни ҳавлӣ бӯи хушу шиноси печенро шамида буд ва мисли солҳои гумшудаи бачагӣ оби даҳонаш рафт. Он гарму мулоиму бомаза буд. Вай аввал якто-дуто ва сеюмашро хӯрд.

- Вазъи хонаи нав хуб аст, — ба арзи модараш расонд ӯ.  — Хонаро вайрон кунанд, метавонед бемалол он ҷо равед.

Модар оҳи сӯзон аз сина берун карду гуфт:

- Мехостам оҳиста-оҳиста чизу чораамро ғундорам. Меоянду ба шитоб кардан амр мекунанд.

- Саросема нашав. Вайрон кунанд баъд…

- Мураббо тайёр мекардам.

Олучазор пур аз ниҳолҳои сарбафалаккашида буд, ки шоху навдаҳояшон ба вазни ҳосил тоб наоварда, хам зада буданд. Шафати олучазор офтобпарасти зиёд шинонида буд модар. Замоне онҳо пайи он гӯё талош доштанд, ки то осмон рафта расанд, аммо ҳоло бо пушти кӯз ва сари хам ҷониби замин менигаристанд, ба назар мерасид, ки аз вазни гарони ҳосили бороварда гурехтан мехостанд.

Михаил сигор гиронду ба андеша фурӯ рафт. Беихтиёр байни худ ва ниҳоли офтобпараст шабоҳате дид, пир шуданашро пай набурд. Дирӯз писарбачае буд, баъдтар шаҳбача- ҳоло духтараш ба синни шавҳаркунӣ расидааст. Ва гӯё аз канор ба симои хеш менигарист: чандир, лоғар, сараш сафед, дар пешонӣ ва рухсораҳо ожангҳо пайдо шуда. Дар бораи худ оромона андеша мекард, ҳатто ба ҳоли худ писханд мезад. : «Зиндагӣ…» Вале ба модар нигаристу дар қалбаш ким-чӣ хел дардеро эҳсос кард. Кампир дар бар куртаи сафед бо пайкари кӯчак ва қомати хамида рӯ ба рӯи ӯ менишаст. Замоне зани боқувват ва чолоке буд. Дар бандар боркашӣ мекард. Маълум, ки пир шудааст. Дилаш халла зад ва ба модар раҳмаш омад. Аз дасти одам чӣ ҳам меояд- ЗИНДАГӢ . Коре аз дастат намеояд. Зист, зист… ээҳҳ….Кораш мушкил, тамоми умр камбудӣ, бачаҳоро тарбия кард, набераҳояшро … Вале имрӯз- тамом…

Модар аз ҷо баланд шуд ва бо қадамҳои ноустувор ҷониби ошхона рафт. Пойҳои борику лоғараш қудрати бардоштани ҷисми кӯчаки ӯро надоштанд. Боэҳтиёт роҳ мерафт, метарсид, ки пеши чашми писараш наафтад. Паси пардаи торики ғайб зад ва аз он ҷо овозашро шунид:

- Писарам, барои ман даҳшатзост. Чӣ гуна равам? Ҳамаашро партофта… Ин ҷо ба ҳар чӣ менигарам, нақши дастонамро мебинам. Дилам ба заҳматҳои кашидаам месӯзад. Ҳамаи хотираҳо ин ҷо мондаанд…

Пардаи зулмот ғафстар мешуд. Дар ошхонаи торик аз рӯи одат модар косаву табақ мешуст. Осмони нилгун дар дуриҳо ҳанӯз равшан метофт, аммо боғро тамоман торикӣ ба комаш фурӯ бурда буд. Ҳавои ҳавлӣ тира буд. Ин ҷо фақат сафедии гулҳои патуниро дида мешуд. Онҳоро касе нашинондааст, гулҳои худрӯй буданд, ки то таги девори ошхона реша давондаанд ва акнун навдаҳои он дар девор то таги тиреза қад кашида гул кардааст. Торик буд, аммо ба назар чунин мерасид, ки дар ин мавзеъ ранги сафед кафк зада боло дамида, ба роҳрав акс андохтааст.

Ва якбора пеши назараш шабаҳи модар дар хонаи нав пайдо шуд. Бо чашми сараш медид, ки модар аз остонаи дар ворид мешавад, саҳни хона бо дили нохоҳам қадам мезанад. Ва ин ҷо хонаи ӯст, ҷое, ки тамоми умраш гузаштаву ба ҳама чиз одат кардааст ва боз ба рангҳое аҷоиб, мисле, ки дар олами афсонаҳо. Бӯи хуши патуни атрофро пур кардааст ва чирчирак суруд мехонад… Модар болои остонаи нав қадам мегузорад, фарши он лағжонак, деворҳои бӯр. Ҷое, ки навакак он ҷо худаш қадам мезад. Табъаш хира шуд. Сигор гиронду пайи ҳам чанд бор дуд кард, васвасаҳоро рондан мехост.

Чирчиракҳои боғ савти тӯлонии тирамоҳиро месуруданд. Аз осмон аз байни абрпораҳо ситораҳои бешумор хомӯшона ба замин менигаристанд. Модар аз ошхона берун омад, паҳлуи ӯ нишаст ва меҳрубонона пурсид:

- Ту бемор нестӣ? Табъат гирифтагӣ, ба ягон ҷо барои истироҳат намеравӣ? Сигоркаширо кам кардан лозим, — таъкид кард ӯ.

Михаил хандид ва бо кафи паҳни дасташ дудҳоро ронд, то тарафи модар нараванд ва ин лаҳза ба димоғаш бӯи модар расид. Ҳамон бӯи фораме, ки гузаштаи дур сар болои зонуи модар мегузошту мехобид ё мегирист. Ранҷҳои кашидаи модар. Ростӣ баъзан ҳамаашро фаромӯш мекард.

Ва якбора ба қароре омад. Лаҳзае андеша карду ҳамааш равшан шуд. Равшан ва фаҳмо.

- Ман рафтам, модарҷон, аммо ту ғам нахӯр. Ҳамааш нағз мешавад. Он ҷо ба ту писанд меояд. Хонаи гарм, оби гарму хунук. Ту ку ҳамин хел хонаро орзу мекардӣ.

- Албатта, -розӣ шуд модар. — Шустушӯ осон мешавад. Вале даҳшатнок аст! Ҳамаро партоф­та рафтан… Одат кардаам. Нигар, ба гули патуни нигар, — бо дасташ ишора кард ӯ. — Гули одӣ, аммо… Кош, ҳамин ҷо соати маргам фаро мерасид, — боалам мегӯяд модар.

- Ҳамааш хуб мешавад, — так­рор кард Михаил ва шитобзада ба роҳ даромад, зеро ҳис кард, ки чизе аз қалбаш канда мешаваду роҳи гулӯяшро мебандад. Ё шарму ҳаё ва ё ғаму андуҳ.

Шитобзада мерафт, бо шаст мототсикл меронд. Баъд онро ба гараж дароварду дарро қулф зад ва пеши дари гараж то як поси шаб нишаст. Вай ба қарори қатъӣ омад: хок ба сари моҳигирӣ… Хонаи модарро таъмир карданам зарур. Вақте ки ба он ворид шуд, хурсанд шавад.

Ба фарш тахтакартон ё тахтача мондан даркор. Пеш аз ранг кардан ду маротиба алиф задан хуб аст.  Ранги беҳтаринро мегирам, ки чашми бинанда ҳаловат барад.

Девор ва сақфро низ шуста тоза карданам лозим. Аз нав ранги сафеди сирдор мезанам.  Фарши ошхонаро тахтачаҳои сафолӣ гирам, зебо мешавад, фаршу девори ҳаммомро ҳам.  Охир дар гараж панҷ қуттӣ тахтачаҳои сафолӣ ҳаст, ҳамонро истифода мебарам.

Кӣ медонад, модар боз чӣ қадар умр мебинад. Танҳо Худованд медонад, лекин тарзе таъмир бояд кард, ки ворид шуд, дилаш кушода шавад. Бечора дар зиндагиаш чӣ дид? Замоне ҷанг, баъд гушнагӣ, кор мекард, аз кори душвор наҳаросид, ба хотири мо шабу рӯз заҳмат кашид. Бори рӯзгор танҳо ба дӯши ӯ буд. Бигзор дар охири умр роҳат кунад, хурсандӣ намояд.

Лекин ба шикор рафт, тоб наовард. Шабона рафту то субҳ шикор кард. Панҷ мурғобии калон ва даҳ куланг… Баъд ба таъмири хона машғул шуд. Камубеш пул пайдо кард ва ин пул барои таъмир лозим шуд.

Барои фарш тахтачаҳои махсуси хушсифат харид. Онҳоро ҷо ба ҷо кард. Барои фарш олифу ранг низ ёфт. Фурӯшгоҳҳо пури ранги гуногун буданд, аммо сифати онҳо ҷавобгӯи талабот набуд. Моли хубро мисли ҳамешагӣ бо ҷӯрабозӣ пайдо кардан мумкин буд. Хеле ҷустуҷӯ кард. Ибтидо аз фурӯшгоҳи кооперативӣ ду қуттӣ харид, аммо сифати хуб надошт. Рангаш хира. Хушбахтона, ба завод ранги хуб оварданд, истеҳсоли Югославия. Сафеди сирдор. Мушкил бошад ҳам, пайдо кард. Ба ранги тозаву хушсифат нигаристу табъаш шод шуд.

Рӯзона дар бинои нави панҷошёнадор оромӣ ҳукмфармо буд. Сохтмончиён рафта буданд, сокинони бино танҳо шабона ҳангома доштанд. Рӯзона ҳатто кӯча ҳам ором буд.

Ибтидо Михаил пиндошт, ки дилгир мешавад. Охир дар рухсатӣ кор кардан.. ба шикор ё ба моҳигирӣ нарафтан… Вале баръакс шуд.  Омаду сарулибосашро иваз кард. Фаршро тахта заду ранг молид. Дар бар либоси коргарӣ, дар сар кӯлоҳ аз рӯзнома. Дари балкон кушода буд. Ба он ҷо барои кашидани сигор баромад.

Он тарафи кӯча хонаҳои хӯҷаинҳо миёни анбуҳи дарахтони сабз  қомат афрохта, бо ҳусну шаҳомат худнамоӣ мекарданд. Аз нав ба андеша фурӯ рафт. Аз рӯзгори гузашта. Ҳамааш ба ёд омад: хира-хира ва ба оҳистагӣ. Бачагиаш пеши рӯ ҷилвагар шуд. Бародарашро дид ва хоҳари калониро. Ӯ аз ҳама хурд буд, кенҷа. Волидайн ӯро дигар хел дӯст медоштанд. Шояд хурд буду дили онҳо месӯхт. Падар барои ӯ беруни ҳавлӣ теппаи яхин сохт, ки чанасаворӣ кунад. Чархофалаку аспак сохт. Ходаи дарозеро ба замин маҳкам кард ва ба нӯгаш чанаро баст ва гоҳи саворӣ мисли чархофалак рӯи теппаи яхин давр мезад. Баъдтар ба мактаб рафт…

Сигорро кашиду аз балкон рафт. Даст ба кор ва андешаҳои зиёд оромаш намегузоштанд. Хотираҳо: ёди хонаи падар, ёди он рӯзҳои ширин, бачагию беғамӣ, навозишҳои модар…

Дар ҳаммом бештар кораш тӯл кашид. Тахтачаҳои сафолиро гузошт ва баъд ваннаро тоза карду ҷо ба ҷо намуд. Сохтмончиён кори хуб накарда буданд, чанд ҷои ваннаро зада, сирашро парондаанд. Аввал хост бо ранги сафеди одӣ ҷойҳои сирпаридаро пӯшонад, нашуд. Баъд аз ранги сирдори эмал истифода бурд. Пеши назараш дигар шуд. Фарши кабуд, девори шир барин сафед, рӯҳи (никели) ҷумак медурахшид ва табъи касро болида мегардонд. Лампаҳои сирдор, ки чашмро намезанад- нигоҳ куну лаззат бар.

Дар балкон гоҳи дамгирӣ орому осуда андешаронӣ кард. Ба он тарафи роҳ ба боғҳои бегона нигаристу ёдаш омад, ки тирамоҳ бо ҳама зебоиҳояш фаро расидааст. Бо баргҳои заррину себҳои сурхшуда, бо олуҳои сиёҳу зарди пухта. Нигоҳи андешамандашро ба гулҳои қад-қади девор шукуфтаи ҳавлии бегона  дӯхта, гузаштаи хешро ба ёд меовард. Тасмаҳои зарди бахмалин, буттагул, гулҳои зарду кабуди мино, патунӣ -модараш онҳоро ҳамин тавр меномид, бо шеваи қадима. Пеши рӯяш роҳрав аз дарича то ошхона намудор мегардад, модараш дар сар рӯймоли сафед, дар даст ҷорӯб мерӯбаду мерӯбад. Роҳрав дар иҳотаи гулҳои рангоранг, орзуҳои наҷиб. Ва модари хастаи коркӯфта… бачаи он қадар хуб набуд: на дар наврасиву на дар ҷавонӣ. Дар ҷавонӣ аҳмақи гузаро буд, бисёр менӯшид. Модари бечора барои ӯ чӣ қадар ашк мерехт. Барои ҷони фарзандаш метарсид… Билохира кор хуб шуд. Аз корҳои бад даст кашид ва модарашро ба канори танҳоӣ напартофт. Дасташро гирифт, дар корҳои обчакорӣ ёрӣ медод. Вале… дар ангора мебинад, ки ҳанӯз гуноҳҳои ҳузури модараш кардаро ҷуброн накардааст. Ҳанӯз хоре дар дил мондааст ва баъзан ранҷаш медиҳад.

Ҳамин тавр кор пеш мерафт. Кам — кам, оҳиста-оҳиста, лекин пеш мерафт.

Охири ҳафта, вақте ки қариб корро ба анҷом расонда буд, ногаҳон, бидуни интизорӣ ҳамсараш аз дар даромад. Вай аз остона даромаду лаҳзае рост истод, нигоҳаш дару деворро палмосид ва бо овози баланд гуфт:

- Девона шудӣ…

Туқ-туқи баланди пошнаи занаш гоҳ аз хона, гоҳ аз ошхонаву ҳаммом ба гӯш мерасид ва чароғи ҳаммомро равшан карду чашмаш ба тахтаҳои сафолин уфтод:

- Тахтасафолҳо?! Ҳамоне, ки дар гараж буд? Девона шудӣ!!!

Михаил ба балкон баромад ва сигор кашид. Ҷанҷол кардан намехост. Занаш аз хона ба ошхона ва аз ошхона ба хона равуо дошт. Гоҳ деворро мепалмосиду гоҳ фаршро ва  ҳайрону бо алам гуфт:

- Кош, хонаи мо ҳамин хел мешуд. Гуфта метавонӣ. Ё худат ин ҷо зистан мехоҳӣ? Чӣ гуна ранги сафеди зебо. Камтарак намонд?

Михаил дуди сигорро фурӯ мебарад ва он ҳамроҳи оҳи сабук аз синааш берун мешавад, намедонист ба занаш чӣ ҷавоб гӯяд. Ва якбора ба ёдаш омад: агар ҳамсарам ҳасад бурд, пас маълум мешавад, ки сифати корам хуб аст. Акнун метавонам модарамро биёрам.

Тасаввур кард, ки модараш чӣ тавр ба хона ворид мешавад, чӣ гуна ба ҳайрат меафтад. Ҳамин тавр, мисли ҳамсари ҳайратзадааш аз хона ба ошхона меравад. Ва баъд кунҷе нишаста, гиря мекунад. Ӯ хуб медонист, ки модараш мегиряд ва бо афсӯсу надомат мегӯяд: «Кош падарат ба ин рӯз мерасид… Ақаллан як лаҳза ҳамаи инро медид…»

Вале ӯ модарашро ба ҳоли худ мемонаду ба балкон меравад, мисли ҳозира. Сигор мекашад ва дар дил хурсанд мешавад, чунон хурсанд, ки дер боз чунин хурсандиро ёд надорад. Инро рӯшан эҳсос мекунад.

Аз русӣ тарҷумаи Диловари МИРЗО