Ҷиҳод аз ҷаҳди дониш реша гирад

№119 (3913) 02.10.2018

Мусаллам аст, ки миллати фарҳанг­парвару тамаддунофари тоҷик аз хатари таҳдиди террористону экстремистони наҳзатӣ ва ҳиллаю найранги онҳо наҷот ёфт. Мардум, ки дар гузаш­та шарбати талху ногувори ҷанги шаҳрвандиро чашида буд, ба ҳеҷ ваҷҳ, намехоҳад, ки ҷомеа боз ба балоҳое, аз қабили хиёнаткорӣ ва ҷиноятпешагӣ гирифтор гардад. Аммо тамоюли ҷаҳонишавӣ, тамоми инсониятро гирифтори тилисми худ гардонидааст ва воситаҳои муқтадири муосир намегузоранд, ки мо низ аз ҳаводиси рӯзгори пурталотуму пуртазоди он дар канор бошем.

Таҳсили ҷавонони мамлакат дар хориҷи кишвар, бахусус, дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои мусулмонии минтақа, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои дохилии мамлакатҳои арабиву Афғонистон зуҳуроти хеле хатарноку номатлуб барои миллат гардидаанд. Имрӯз нигаронии ҳар як инсони бонангу номус ва бо илму фарҳанг аз ин ҳаводиси нохушоянд ба хубӣ эҳсос мегардад. Тоҷикистон, ки ба роҳи мустақили тараққиёт қадамҳои устуворона гузошта истодааст, мехоҳад осуда бошад ва фарзандони худро ба роҳи дурусти инкишофи инсонӣ ҳидоят созад.

Имрӯз модари тоҷик, бавежа, модароне, ки фарзандонашон наҳзатӣ шудаву даст ба террор задаанд ва ба пироҳани миллат доғ ниҳодаанд, дар миёни обу оташанд, месӯзанд,  мемиранду зинда мешаванд ва дар миёни мардум бо сари хам умр ба сар мебаранд. Ҳар як фарди огоҳ ин мавзӯъро, ки аз ҷумлаи мушкилоти миллат гардидааст, ба тарзи худ тафсир менамояд: гумроҳӣ, имконияти маҳдуди зист, ҷиҳод дар роҳи дин ва ғайраҳо. Ва барои раҳо гардидан аз он тадбир меҷӯяд.

Гумроҳӣ аз чӣ оғоз мешавад? Қабл аз ҳама, аз бемаърифатӣ. Бо вуҷуди ҳама саъю талошҳои пайгирона масъалаи маърифатноккунонии ҷомеа ҳанӯз ҳам ислоҳталаб аст. Ин масъулияти ҷомеа, муаллим, падару модар ва ҳар як фарди миллат аст. Мо дар ин саҳнаи гирудори пурмоҷарои ҳаёт бояд ҳар як шаҳрванди худро соҳибӣ кунем. Нисбат ба тақдири ягон нафар бетараф набошем. Илоҷи ин мушкилотро ёфтан лозим аст. Дар акси ҳол ҷиноятҳои вазнинеро амсоли ҷиноятҳое, ки солҳои навадум ТТЭ ҲНИ ба сари халқи мо оварда буд, чашмдор будан аз имкон дур нест.

Онҳо ба қавли худашон, он замон ҷиҳод карданд ва имрӯз низ ҷавонони моро ба ҷиҳод даъват мекунанд. Чӣ ҷиҳоде? Мақсад аз он чист? Аслан, истилоҳи ҷиҳод ҷаҳд намудан, талошу кӯшиш варзидан аст. Тобиши нав бахшидан ба он ва заҳролуд сохтани ҷавонон аз нақша ва барномаҳои онҳоест, ки душману тахрибкоранд. Он ваъдаҳое, ки ба гумроҳшудагон медиҳанд, ҳама ботиланд. Охир аз ҳаёт маҳрум сохтани инсон дар шумори гуноҳҳои кабира маҳсуб аст ва он ки муртакиби ин гуноҳ мешавад, ӯро башорат ба оянда додан нашояд.

Ин башоратдиҳандагон худ бенасиб аз каломи Худованданд. Онҳое, ки бо ном дар «ҷиҳод» ширкат доранд, қотиланд. Қотили волидону миллат ва дар маҷмӯъ инсон. Ин савдозадагонро ба ҷуз заифон ва нотавонони ҷодаи зиндагӣ ҳисобидан нашояд. Ба қавли шоир:

Ҷиҳод аз ҷаҳди дониш реша гирад,

На аз ҷаҳди ҷаҳолат пеша гирад.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёиёни кишвар, ҷавонони бонангу номус баҳри илоҷи ин мушкили пешомада чораандешӣ доранд. Мо мутмаинем, ки ҳар як фарди ҷомеа барои пешгирӣ намудани гароишҳои ҷавонони кишвар ба ҷараёнҳои тундгаро ҷаҳду талош варзида, ба ин восита дар муттаҳид гардидани миллат ва обод намудани диёри маҳбубамон саҳмгузор мешаванд.

Нодири ҚОДИР, рӯзноманигор