Ихтисосманди соҳаи амсиласозии математикӣ ва компютерӣ

№126 (3920) 18.10.2018

чччАгар ба раванди рушду инкишофи илми риёзӣ дар кишвар аз равзанаи таърих назар кунем, он гоҳ бе муҳобот хизмату саҳмгузории олими варзида, мутахассиси соҳаи амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юнусӣ Маҳмадюсуф Қамарзодаро бояд қайд намоем.

Ӯ соли 1970 шуъбаи математикаи ҳисоббарории факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм намуда, аз зумраи олимон ва устодонест, ки дар рушду равнақи риёзиёти татбиқӣ ва информатика, бахусус самти амсиласозии риёзӣ нақши босазо дорад. Соҳаи илмӣ-таҳқиқотии ӯ хеле фаррох буда, асосан ба амсиласозии риёзӣ ва компютерии равандҳои ғайрихатии механикӣ, биологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бахшида шудааст.

Чанде аз натиҷаҳои илмии бадастовардаи ӯ инҳоянд: - амсилаи математикии сис­темаи «қубур-хок», ки аз ҷиҳати риёзӣ асоснок карда шудааст. Он ду гурӯҳи муодилаҳоро дар бар мегирад. Гурӯҳи якуми муодилаҳо, ки ба синфи муодилаҳои гидродинамикӣ дохил мешаванд, раванди ҷоришавии маводи гармидиҳӣ (нафт, газ ва ғайра)-ро тавассути қубур тасвир менамоянд. Бо ёрии гурӯҳи дуюми муодилаҳо раванди гармигузаронӣ дар деворҳои қубур ва хок мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шудааст. Дар заминаи амсилаи зикршуда назарияи риёзии кашонидани маводи гармидиҳӣ бо ёрии қубурҳои магистралӣ эҷод шуда, методҳои самараноки ададии ҳалли масъалаҳои канорӣ ва идоракунии оптималӣ пешниҳод гардидааст. Амсилаи риёзии ин масъалаҳо барои реҷаҳои гуногуни истифодаи қубурҳои мушаххаси газ ва нафт тавассути компютер мавриди татбиқ, озмоиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифта, дар асоси натиҷаҳои ҳосилшуда ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳодоти илман асоснок пешкаш гардидааст;

- раванди аз зараррасонҳо ҳифз намудани наботот ва муҳофизати намудҳои нодир ва маҳвшавандаи биологӣ аз диди риёзӣ. Дар заминаи ин амсилаҳо теоремаҳои саҳеҳҳалшавандагии масъалаҳои интегродифференсиалии ғайрилокалии хаттӣ, нимхаттӣ ва ғайрихаттии динамикаи популятсияҳои биологӣ бо баҳисобгирии сохтори синнусолӣ ва тақсимоти фазоӣ исбот карда шудаанд. Дар асоси мафҳумҳои тозадохилнамуда — матритсаи ҷомеавӣ (оилавӣ) ва потенсиали ҷомеаи биологӣ — консепсияи устувории асимптотикии вазъи статсионарии системаҳои экологӣ коркард шудааст. Бар пояи амсилаҳои зикршуда сохторҳои сифатан устувори ҷомеаҳои биологии майдонҳои пахта, экосистемаҳои мамнӯъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум», ҳавзҳои моҳипарварӣ ва ғайра муайян карда шудаанд;

- бо ёрии усули амсиласозии риёзӣ дар шакли умумӣ истеҳсолоти амсилавӣ. Дар асоси он системаҳои иқтисодии мушаххаси дар шароити муносибатҳои бозорӣ амалкунанда вобаста ба синну соли захираҳои меҳнатӣ, ҷинсият ва характеристикаҳои фазоии онҳо мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудаанд. Дар таҳқиқот, ҳамчун мисоли иқтисоди амсилавӣ, бори нахуст тағйирёбии лаппишноки миқдори меҳнаткашон ошкор карда шудааст. Барои функсияи потенсиалии онҳо дар намуди муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартиби якум амсилаи математикие сохта шудааст, ки он ба синфи нави муодилаҳои дифференсиалӣ нисбат дода мешавад.

Ҳамин тариқ, профессор М. Юнусӣ дар асоси амсилаҳои физикӣ-риёзӣ, экологӣ-риёзӣ ва иқтисодӣ — риёзисохта барои муодилаҳои дифференсиалӣ масъалаҳои нав гузошта, ҳал намудааст, ки онҳо назарияи математикии масъалаҳо бо шартҳои аввалаи функсионалӣ ном гирифтаанд. Ин масъалаҳо ҳангоми таҳқиқи равандҳои бо муодилаҳои дифференсиалӣ ифодашаванда саҳми беандоза калон доранд. Масъалаҳо бо шартҳои аввалаи функсионалӣ на танҳо барои муодилаҳои дифференсиалии одӣ, балки муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартибҳо низ татбиқ карда шудаанд. Назарияи математикии масъалаҳо бо шартҳои аввалаи функсионалӣ, ба ғайр аз равандҳои биологӣ, иқтисодӣ ва гармигузаронӣ боз дар масъалаи алоқамандии ҳиссачаҳои элементарии ядродор татбиқ ёфтааст.

М. Юнусӣ аз рӯи натиҷаҳои илмӣ дар бисёр конгрессу симпозиуму конференсияҳо ва семинару нишастҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад намудааст. Махсусан, иштироки ӯ дар ҷамъомадҳои илмии ба масъалаҳои амсиласозии риёзӣ бахшидашуда, ки дар Берлин (солҳои 1988, 1998, 2018), Ҷумҳурии Чехословакия (1989), (1992, 2000), Гамбург (1995), Регенсбург (1996), Единбург (1999), Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992, 2000), Женева (2001), Тсюрих (2001), Шарҷа (2001), Пекин (2002), Ҷумҳурии Лаҳистон (2005), Фаластин (2006), Исломобод (2007, 2013, 2017), Кейптаун (2010), Ҳайдаробод (2010), Деҳлӣ (2012), Вашингтон (2014), Боку (2015) ва Москва, Санкт- Петербург, Киев, Тошкент ва ғайра баргузор гаштаанд, хотирмон ва босамар буданд.

М. Юнусӣ натиҷаҳои илмии худро дар зиёда аз 400 монографияву мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсиву дастурҳои методӣ ҷой додааст, ки онҳо дар бонуфузтарин нашрияҳои ватаниву хориҷӣ ба табъ расидаанд. Масалан, «Масъалаҳои устувории сифатӣ ва танзимӣ дар амсилаҳои динамикии агросенози пахта» (Москва, 1982), «Идоракунии оптималӣ дар баъзе масъалаҳои гармӣ ва массагузаронӣ» (Душанбе, 1987), «Методҳои оптимизатсионӣ» (Душанбе, 1988), «Амсилаҳои математикии мубориза бар зидди зараррасонҳои агросенозҳо» (Душанбе, 1991), «Амсилаҳои математикии популятсияҳои биологии ҳифзшаванда» (Москва, 1991), «Ҳалли як синфи масъалаҳои ғайрилокалӣ» (Москва, 1991) «Иқтисодиёти амсилавӣ» (Душанбе, 2005) ва ғайра аз зумраи он асарҳои илмиеанд, ки аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои сазовор гирифтаанд.

Инчунин, М. Юнусӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи риёзиёти татбиқӣ хизматҳои шоён ба анҷом расонидааст. Шогирдони вай дар бисёр муассисаҳои илмию таълимӣ, истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ, тарҳрезию барномасозӣ ва ғайра кору фаъолият доранд. Ӯ баҳри таҳким ва тақвияти илм шогирдонро пайваста ба омӯзишу пажӯҳиш ҳидоят менамояд. Таҳти роҳбариаш 14 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда шудаанд. Ҳоло роҳбарии илмии зиёда аз 10 нафар аспирант, унвонҷӯй ва докторантро бар уҳда дорад, ки аксари онҳо омодаи ҳимоя мебошанд. Ҳамчунин, семинари шаҳрии «Проблемаҳои муосири информатика ва технологияи иттилоотӣ»- ро низ сарварӣ менамояд, ки дар он олимону унвонҷӯёни соҳа аз донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дастовардҳояшонро барои баррасӣ пешниҳод менамоянд.

Осори илмии М. Юнусӣ берун аз кишвар низ шуҳрат пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, солҳои 1979 — 1998 узви Ҷамъияти риёзидонҳои амрикоӣ (AMS) ва соли 1995 узви Ассотсиатсияи математикҳо ва механикҳои Аврупо (GAMM) пазируфта шудааст. Соли 1999 ӯ узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардид. Солҳои 1996 — 2001 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия раисии Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадиро аз рӯи ихтисоси «Амсиласозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо» ба уҳда дошт. Баъди ташкил шудани Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба зиммаи ӯ раисии Шӯрои диссертатсионӣ (6D.КОА-013) дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисосҳои 6D060200 — «Информатика» ва 6D070500 – «Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ»-ро вогузор карданд.

М. Юнусӣ дар тӯли фаъолият ба иҷрои корҳои ҷамъиятӣ низ даст задааст. Солҳои зиёд ӯ яке аз ташвиқкунандагони бевоситаи таҳқиқоти илмии ҷамъияти «Дониш» буд. Вазорати маориф ва илми кишвар якчанд маротиба ба ӯ раисии ҳакамони Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагонро аз фанни информатика бовар кард. Дар баланд бардоштани кори мактабҳои тобистонаи физикию математикӣ низ саҳм гузоштааст.

Масъалаи методикаи таълими информатика низ диққати профессор М. Юнусиро ҷалб кардааст. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» таҳти унвони «Информатика барои хурдсолон» шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

Барои натиҷаҳои намоёни илмӣ, тарбияи насли наврас ва корҳои ҷамъиятӣ М. Юнусиро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Соли 1979 ӯ барои амсиласозии риёзии раванд­ҳои табиӣ дар соҳаи илму техника сазовори Ҷоизаи Ҷавонони Тоҷикис­тон гардидааст. Ҳукумати мамлакат хизматҳои ӯро соли 1998 бо ордени «Шараф» ва соли 2007 бо унвони «Арбоби илму техникаи Тоҷикистон» қадр намудааст. Соли 2001 барои хизматҳои барҷаста дар соҳаи риёзиёт сазовори Ҷоизаи байналмилалӣ ва дипломи ISESCO гардид.

Воқеан, Маҳмадюсуф Юнусӣ умри бобаракати хешро сарфи пажӯҳишу парвариш намуда, барои рушди илми риёзӣ ва тарбияи мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳеҷ гоҳ таваққуф накардааст.

Мо — шогирдон ба ӯ ва аҳли хонадонаш тансиҳатӣ, сарбаландӣ, барору комёбӣ орзу намуда, дар эҷоди асарҳои наву китобҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳо барояш неруву тавоноии бардавомро таманно менамоем.

Файзалӣ КОМИЛИЁН, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор.

Саидаъло МИРЗОЕВ, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, дотсент