Ҳикояҳо аз «Маснавии Мавлавӣ» Ибрат аз таърих

№12 (3962) 29.01.2019

Ғоратгарони турк  вориди русто шуданд. Ду нафар аз ашрофи деҳаро дастгир карданд, якеро даст бастанд ва омодаи куштани дувумӣ шуданд

Ӯ гуфт: — Чаро мехоҳед фақат маро кушед?

Гуфтанд: — Барои он ки рафиқат тарсаду ибрат гирад ва ҷойи тиллои худро ба мо нишон диҳад.

Гуфт: — Сармояи ман аз ӯ зиёдтар аст, намешавад, то ӯро бикӯшеду ман ибрат гирам ва ҷойи тиллоҳоямро ба шумо нишон диҳам.

 Сайд ва тақсими «боадолатона»

Се сайёд, ки ба азми шикор ба кӯҳу дашт рафтанд, сараввал ба се шикор даст ёфтанд: гови кӯҳӣ, бузи кӯҳӣ ва харгӯш. Шер рӯ ба гург карду гуфт: — Ту аз ҷониби ман вакил бош ва онҳоро боадолатона миёни мо тақсим кун.

Гург аз лиҳози ҷуссаву танумандӣ шикорро тақсим кард: шикори бузург барои шер, шикори кучак барои рӯбоҳ ва шикори миёна барои худаш.

Шер ба хашм омад  ва бар ӯ париду дарондаш. Гург бар ҷурми ин «беадолатӣ» пора — пора шуд.

Рӯ ба сӯйи рӯбоҳ карду гуфт: — Ту шикорро тақсим кун. Рӯбоҳ таъзиме карду гуфт: — Қурбонат гардам, гов барои чошт, буз барои наҳор ва харгӯш барои шоми шумо бошад.

Шер хандиду гуфт: — Офарин, ин адолатро аз куҷо омӯхтӣ?

Рӯбоҳ гуфт: — Аз бадани пора – пораи гург.

 Андозаи риш

Сартарош зимни ба тартиб овардани риши Мавлоно пурсид: — Чӣ гуна ришатонро қайчӣ кунам?

Мавлоно дар ҷавоб гуфт: — Ба ҳамон андозае, ки мардро аз зан фарқ карда шавад… Ман ба дарвешони қаландар ҳасад мебарам, ки дар байнашон ришдореро намебинам. – Сӯфиён риши бузург доштанро афзалтар медонанд, вале то он даме ки сӯфӣ риши худро шона мекунад, хирадманд ба Худованд мерасад.

 Хонае чун қабр

Падар мурда буд ва тобути ӯро ба сӯйи қабристон мебурданд. Фарзандаш фиғону нола мекард ва мегуфт: — Эй падар, туро ба хонае мебаранд, ки на фарш дораду на ҳасир, на нон дораду на таом, на шамъ дораду на чароғ ва…

Дар ин миён кӯдаке рӯ ба падари худ карду гуфт: — Падарҷон, ин майитро ба хонаи мо мебаранд?

 Исботи гуноҳи дузд

Марде ҳамсари бадкору дузд дошт. Ҳар чӣ ба хона меовард, ҳамсараш талаф мекард

Рӯзе мард ба хона гӯшт овард ва зан он гӯштро кабоб карду хӯрд.

Мард гуфт: — Эй зан, меҳмон омадаст, гӯшт куҷост? Зан дар посух гуфт: — Гурба гӯштро хӯрд.

Мард бедиранг ба ғуломи худ гуфт: — Тарозуро овар ва ин гурбаро баркаш.

Гурбаро баркашид, ним ман буд. Мард гуфт: — Гӯште, ки ман овардам ним ман буд, гурба ҳам ним ман аст. Агар ин гурба аст, пас гӯшт куҷо шуд?

 Марди ҳаросон аз марг

Рӯзе марди содае назди ҳазрати Сулаймон омад.

Сулаймон гуфт:- Чӣ шуда?

Мард посух дод: — Азроил назари хашмолуд ба ман кард ва донистам, ки мехоҳад ҷонам биситонад.

Гуфт: — Чӣ мехоҳӣ?

Мард посух дод: — Ба бод фармон деҳ, то маро ба Ҳиндустон барад, шояд дар он ҷо аз марг халосӣ ёбам.

Сулаймон хостаи ӯро иҷобат кард.

Рӯзе баъд Сулаймон ба Азроил гуфт: — Чаро ба он бечора ба хашм нигаристӣ?

Азроил гуфт: — Нигоҳи ман аз хашм набуд, балки аз тааҷҷуб буд, зеро Худо ба ман фармуда буд, имрӯз дар Ҳиндус­тон ҷони ӯро гирам ва ман дар шигифт будам, ки он мард наметавонад ба Ҳиндустон равад. Имрӯз ӯро он ҷо дидам ва ҷонаш ситондам.

Таҳияи  Абдухолиқ  МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»