Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба сифати таҳсилот таъсири мусбат мерасонад

№107 (3587) 16.08.2016

personality_tests_conceptДар асри XXI, ки асри инкишофи босуръати илму техника ва дигар соҳаҳо мебошад, ҳар як соҳа навовариву дигаргуниро тақозо мекунад. Дар Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, дар ҳама ҷанбаи ҳаёт ҳар сол навовариву дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад, ки далели пешравии давлат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки инкишофи ҳар як давлат ба сатҳи рушди илму маорифи он вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, барои пешрафти ин соҳаи муҳим ҳар сол тадбирандешӣ менамоянд.

Ташкили имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки ба сифати таҳсилот дар ҳама зина таъсири мусбат мерасонад, аз ҷумлаи онҳост. Президенти кишвар дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ зикр карданд, ки таъсисёбии Маркази миллии тестӣ (ММТ) талаби замони муосир буда, минбаъд ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод бетаъсир намемонад. Таъсиси ММТ ба рафъи мушкилоти соҳа ва аз байн рафтани як силсила зуҳуроти манфӣ, қабл аз ҳама, коррупсия, мусоидат кард. Ҳамрадиф бо ин, имтиҳонҳои дохилшавӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик ва шаффоф сурат мегиранд. Ин, пеш аз ҳама, ғамхорӣ дар ҳаққи сокинони маҳалҳои дурдасти мамлакат мебошад, зеро онҳо барои роҳкиро ва дигар хароҷоти иловагӣ маблағ сарф намекунанд. Назорат дар ин самт қатъӣ буда, дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ камераҳои мушоҳидавӣ гузошта шудааст. Барои боварию эътимод ҳосил намудан ба одилонаю шаффоф гузаштани имтиҳонот ба волидон имконият дода шудааст, ки рафти имтиҳонсупории фарзандонашонро дар толорҳои махсус тариқи мониторҳо мушоҳида кунанд.

Бартарияти дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар он аст, ки ҳар як довталаб метавонад ҳангоми аз қайд гузаштан 12 ихтисоси бо ҳам наздик ё 12 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб намояд, на монанди солҳои пешин як донишгоҳ ва як ихтисосро.

Соли ҷорӣ дар Маркази миллии тестӣ якчанд навгонӣ ва имтиёз ҷорӣ шуд. Аз ҷумла, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, ба имтиёз соҳиб шуданд. Маҳдудияти имтиёзи забони имтиҳонсупорӣ ҳангоми интихоб кардани ихтисосҳои филологӣ ва филиали муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе аз байн бардошта шуд.

Рақамҳои оморӣ гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд. Агар соли 2014 шумораи умумии довталабон 52408 нафарро ташкил диҳад, ин нишондод соли 2015 ба 73700 нафар ва имсол ба 83597 нафар расид.

Сафи духтарони донишҷӯйшуда низ сол ба сол афзуда истодааст. Ҳиссаи духтарони аз қайдгузашта аз шумораи умумии довталабон соли 2015 нисбат ба 2014-ум 4,44 фоиз бештар аст.

Бовар дорем, ки минбаъд низ ин низом такмил меёбад.

 Раҳмон Шораҳматов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари литсейи рақами 3-юми шаҳри Исфара