Ишқи аскари ватан

№24 (4286) 23.02.2021

-----------------23022013_8498953535_o

Шавқу завқ, муҳаббати ҷовидона, шод будани инсон бо Ватан маъно пайдо мекунад. Хидмат кардан ба Ватан бошад, шараф аст. Соли 1973 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба номи хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгорӣ Исмоил Назриев даъватнома омад, ки аз дасти хаткашон аввал ба дасти модар расид. Ларзише тани модарро фаро гирифт, оҳ кашид, қатрае ашк аз чашмонаш чакид:

- Фарзанди ман лоиқ ба хизмати аскарӣ шудааст! — зери лаб садо баровард ӯ.

Дар ин миён Исмоил ҳам аз донишгоҳ баргашт. Модар даъватномаро ба дасти писараш дод:

- Писарам, бояд ба хизмати Ватан равӣ!

Исмоили ба ҳаяҷономада модарашро ба оғӯш кашиду гуфт:

- Меравам, модарҷон!..

Хабари ба хизмати аскарӣ даъват шудани Исмоил Назриев байни ҳамсоягон, хешу табор тез паҳн гашт. Ҳама ба Исмоил хизмати содиқонаро таманно мекарданду дуои нек доданд.

Як рӯз пеш аз рафтани ӯ ба хизмат дар маҳаллаашон тӯй барпо гашт. Ҳамсоя хурсандӣ дошт. Ба тӯй Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов даъват шуда буд.

Исмоил, ки меҳри суруду мусиқӣ дили беқарорашро беқарортар мегардонд, ба базми ҳамсоя омад. Он шаб аз садои булбулсифати Ҳусейн Насриддинов ғизои маънавӣ гирифта, бо табъи болида ба хона баргашт.  Исмоили ҷавон на танҳо ба санъат меҳр дошт, балки бо овози ширадору дилрасаш суруд ҳам мехонд, чун ҳофиз ном бароварда буд.

Пагоҳӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуд. Вале дар Комиссариати ҳарбӣ бо сабаби ба кишвари Афғонистон сафарбар намудани гурӯҳи калони санъаткорони Тоҷикистон ба хизмати аскарӣ рафтани ӯро ду моҳ мавқуф гузоштанд. Ба вай гуфтанд, ки бо ҳунарпешагон бояд ба Афғонистон равад. Таъкид ҳам намуданд, ки ин сафари ҳунарӣ  барои мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ хеле муҳим аст.

Сафар ба кишвари ҳамзабони Афғонистон он замон барои ҳунарпешагони тоҷик ба парвози парандаҳои аз қафас озодшуда шабоҳат дошт. Хабар гирифтан аз ҳоли ҳамзабонон, огоҳ шудан аз вазъи сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон барои ҳунармандон навгонӣ ба ҳисоб мерафт.

Санъаткорон ба шаҳри Кобул омаданд. Хиёбонҳои пургул, нигористонҳои зебои он дар лавҳи хотири Исмоил Назриев ҳамеша нақш бастанд.

Дар ҳайат санъаткорони шуҳратманд Шоиста Муллоҷонова, Бурҳон Муҳаммадқулов, Муслима Боқиева, Абдулло Назриев, Улфатмоҳ Мамадамбарова, Нуқра Раҳматова, рақосаҳо Зӯҳро Каримова, Шарофат Рашидова, Элзара Ҳасанова, Мунаввара Қосимова навозандагон Муборакшо Ҷумъаев, Исмоил Назриев, Гулбек Саодатов иштирок доштанд. Санъаткорони тоҷик як моҳ дар Кобул ҳунарнамоӣ карданд. Онҳо ҳар рӯз ду консерт намоиш медоданд. Афғонҳо ҳунармандонро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд.

Онҳо бо таассуроти баланд ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Сафар ба Афғонистон дар рӯзгори Исмоил Назриев саҳифаҳои наверо кушод. Ӯро барои боз ҳам бештар сайқал додани ҳунараш раҳнамун сохт.

Моҳи декабри соли 1973 аз Комиссариати ҳарбӣ бори дигар ба ӯ даъватнома омад. Ҷаҳонгардӣ ба дили Исмоил Назриев эҳсоси амиқтари  ватандӯстиву ватанпарвариро бедор карда буд. Аз ин рӯ, вай аз дилу ҷон ба хизмати Ватан камар баст. Ӯро ба қисми ҳарбии рақами 53-54 Вазорати корҳои дохилӣ фиристоданд. Он замон бинои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷои Наврӯзгоҳи кунунӣ воқеъ буд. Ҳамин тариқ, хизмат дар қисми ҳарбӣ оғоз ёфт. Рӯзҳои аввал хизмат барои Исмоили дар муҳити озод одаткарда ва дар рӯҳияи  шеъру мусиқӣ ва суруд ба воярасида каме мушкил афтод. Ӯву рафиқонашро лозим меомад, ки саҳарии барвақт аз хоб хезанд, ба машқи бадан машғул шаванд, барои қавӣ гаштани ҷисму ҷон тамрин намоянд. Исмоил, ки одати саҳархезиро аз падари бузургвораш Абдулло Назрӣ омӯхта буд, зуд одат кард.

Машқҳои ҳаррӯза  хеле муфид буданд. Қисмати назариявии омӯзиш низ ҷаҳонбинии наваскаронро зиёд мекард.

Баъди гузаштани муҳлати карантин аскаронро ба ободонии шаҳр сафарбар намуданд. Онҳо, ҳамчунин, тартиботи ҷамъиятиро дар шаҳр назорат мекарданд, вақти холиро бо хондани китоб, навиштани нома ба наздиконашон, тамошои филм сипарӣ менамуданд. Зиндагии аскарон ҷолиб ва хотирмон гузашт. Онҳо бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ҳар як вазифаи ба зиммаашон гузошташударо ба анҷом расониданд.

Қаҳрамони матлаб хеле хуб медонист, ки дар қатори дигар шаҳрҳои калонтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Душанбе низ чун нигини дурахшон маҳсуб меёбад. Вай бо Душанбеи азиз ифтихор ва онро дӯст медошту медорад.

Дар вақтҳои истироҳат дар қисми ҳарбӣ Исмоил Назриев барои рӯҳбаланд гардонидани аскарон сурудҳои азбарнамудаашро месароид. Аскарбачаҳо дар иҷрои ӯ аз суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Набиев, Абдулло Назриев баҳраманд мегаштанд.

Ҷавонӣ айёми пуршӯру шавқ аст. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба суруду мусиқӣ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, сурудҳои дилнавоз бо садои марғуладори аскари ҷавон Исмоил Назриев, ки ишқи Ватанро тараннум мекард, ба рӯҳу қалби аскарон нишоти бештаре меовард, эҳсоси бештар дӯст доштани Модар – Ватанро дар замири онҳо мепарварид. Ӯ месуруд:

Бе хизмати ту ин Ватанам рӯҳ надорад

Ҳар мазраи он шонаи чун кӯҳ надорад.

Фӯлод шаву синасипар шав ту Ватанро,

Аз ҳастии ту, ин чаман андуҳ надорад!

 

Аскарбачамо! Такя ба бозуи ту дорам,

Аз қуввати ту, дар ду ҷаҳон, бим надорам.

Баъди адои қарзи фарзандӣ Исмоил Назриев бо сари баланд баргашт. Хурсандии волидайн ҳадду канор надошт.

Ҳоло ин булбули санъати тоҷик ба пешвози ҳафтодумин баҳори умраш қадам мегузорад. Чашми рӯз накафида аз хоб мехезад, мисли даврони сарбозияш ба варзиш машғул мешавад. Обутоб додани баданро муҳим мешуморад. Ин аст, ки қаду қомати зебову росташ хам назадааст. Боифтихор мегӯяд: касе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат накардааст, ба чӣ будани маънои ҳаёт дуруст сарфаҳм намеравад.

Бону ШОКИРОВА,

 омӯзгор