Истиқлолият ифтихор аз давлатдории миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонд

№121 (3601) 24.09.2016

4444415 (1)Дастовардҳои замони соҳибис­тиқлолии кишвар хеле зиёданд ва дар доираи як матлаб бозгӯйӣ онҳо аз имкон берун аст. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз Тоҷикис­тон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо карда, дар сиёсати хориҷӣ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чанд пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳи ин гуфтаҳост. Яке аз дастовардҳои қобили мулоҳиза ба шарофати Истиқлолият ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонидани раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Ин омил боис гардид, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибис­тиқлол бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз Ватану ватандорӣ ва аз рамзу муқаддасоти миллии хеш — Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор намояд. Ба андешаи инҷониб, марҳилаи сифатан нави такомули соҳаи тандурустӣ низ маҳз дар даврони соҳиб­истиқлолии мамлакат шурӯъ гардид, ки бемайлон идома дорад. Шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дод ва маҳз ин ғамхориву таваҷҷуҳ соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонид.

Дар робита ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, ки чанде пеш таҷлил гардид, ба сифати табиб ва сарвари муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳа бамаврид медонам, ки ба таври мухтасар дастовардҳои ба соҳаи тандурустӣ рабтдоштаро бозгӯйӣ намоям. Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ омода намудани мутахассисони болаёқат, дастрасии кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияи навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад. Ҳамин аст, ки дар давоми 25 соли Истиқлолият аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва бо роҳи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо дарназардошти зиёд шудани майлу рағбати ҷавонони кишвар ба шуғли табибӣ ва мавҷудияти талабот, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли ҷорӣ илова ба нақша боз 400 нафар довталабро қабул намуда, доир ба рушди инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла ба охир расонидани сохтмони бинои нави таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасони он тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардид. Давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо дастгириҳои ҳамаҷониба ба мо – табибон шароит фароҳам овард, ки иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонем.

Имрӯз дар мамлакат беморхонаву бунгоҳҳои тиббии ба талабот замон ҷавобгӯ сохта, бо таҷҳизоти навтарини истеҳсоли ширкатҳои машҳури олам, ки пештар истифода аз онҳо бароямон афсона буд, ҷиҳозонида шудаанд. Шоҳидем, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохтори тандурус­тии кишвар низ мавриди ислоҳот қарор гирифт ва ин раванд то имрӯз пайгирона идома ёфта истодааст. Дар натиҷа, заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушду таҳкими кумаки авва­л­ия­и тиббиву санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фармасевтӣ муҳайё карда шуданд. Агар ин раванд­ро, ки 25 соли соҳибистиқлолӣ бемайлон ҷараён дорад, гурӯҳбандӣ намоем, он дар нав­бати аввал, таҷдиди сохтор, фароҳам овардани шароит барои кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои бистарикунонӣ бо лавозимот, тақвияти неруи кадрии соҳа, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани усулҳои нави маблағгузорӣ, татбиқи усулҳои нави ташхису табобат бо истифодаи технологияҳои муосир, барқарорсозии саломатии маъюбон ва умуман, беморон, инчунин рушди заминаи иттилоотии идоракуниро дар бар мегирад. Ҷиҳати тавсеа бахшидани ин раванд бо дарназардошти хусусиятҳои хоси соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо торафт беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва солимии аҳолӣ мебошад. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои зикршуда тамоюли беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, паст шудани сатҳи беморшавии аҳолӣ ва кам шудани шумораи бемориҳои сироятӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар робита ба ин, кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаи касбии хешро баҳри рушди беш аз пеши соҳа равона намуда, таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмиро бештар ба роҳ монданд. Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданам бесабаб нест, зеро расидан ба сатҳи баландтари пешрафт ва таъмини рушди бесобиқа тарбия кардани кадрҳои миллии соҳибкасбу баландихтисос ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯро тақозо дорад. Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато карданро надорад». Ин суханони ҳидоятсоз ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад ва бояд сармашқи фаъолияти ҳар як корманди соҳа бошад. Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино масъалаи мазкур дар сархати авлавиятҳо қарор дошта, ҷиҳати иҷрои ин ва дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мешавад.

Вобаста ба моҳияти соҳиб­истиқлолӣ бояд зикр намоям, ки дар шароити торафт афзудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошад. Маҳз дар ин марҳила арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса касб менамояд. Тӯли солҳои Истиқлолият мо бисёр рӯзҳои сахт ва маҳрумияту маҳдудиятҳоро таҳаммул кардем, бо роҳбарии Пешвои муаззами хеш Ватану давлати худро ҳифз намуда, суботу оромии онро таъмин сохтем ва маҳз ба шарофати азму иродаи устувори ин абармард тадриҷан ба шоҳроҳи рушди устувор баромадем. Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, соҳибистиқлолӣ дар назди мо вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон зери васояти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромад. Акнун, зарур аст, ки ба хотири ояндаи Ватан пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро таҳким бахшида, беш аз пеш дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардем.

Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номус аст.

Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино