Китоб — кафили солимфикрии фарзандон

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 8 сол сипарӣ шуд. Дар қонун соҳиби илму маърифат кардани фарзандон яке аз вазифаҳои асосии волидон муқаррар гардидааст. Зеро ҳаёти кӯдак маҳз дар оила оғоз мёёбад ва таҳкурсӣ низ дар ҳамин марҳила гузошта мешавад. Оилаи ботарбия беҳтарин мактабест, ки кӯдак дар он одоби муошират, эҳтироми калонсолон, шафқат намудан ба хурдсолон, масъулиятшиносӣ, покизакорӣ, ростгӯӣ ва худдорӣ аз бадкирдориро меомӯзад. Агар кӯдак аз хурдӣ дар муҳити орому солим ва бофарҳанг тарбия наёбад, дар зиндагии оянда ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мешавад.

Оила шахсияти кӯдакро такмил дода, зиндагии ояндаи ӯро мушаххас месозад. Агар хоҳем, ки оянда аз рафтори фарзанд нигарон нашавем, бояд ӯро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намоем. Фаридуддин Аттори Нишопурӣ дар «Панднома»-аш фармудааст:

Гар ба олам обрӯ мебоядат,

Доимо хулқи наку мебоядат…

Аз хилофу аз хиёнат бош дур,

То бувад пайваста дар рӯи ту нур.

Имрӯзҳо коста гардидани ахлоқи қисме аз ҷавонону наврасон, ба дуздию авбошӣ ва оворагардию талбандагӣ машғул шудани онҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Агар таҳлил кунем, маълум мешавад, ки ин гуна кӯдакон аз оилаҳои носолиманд ё падаронашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанду аз раванди таҳсил ва машғулияти фарзандон огоҳ нестанд. Беҳтарин роҳи ҳифзи кӯдакон аз бадкирдорӣ машғул доштани онҳо ба китобхонӣ мебошад. Нависандаи маъруфи англис Марк Твен дар ин хусус гуфтааст: «Ростгӯтарин, бетамаътарин, муфидтарин ва содиқтарин рафиқ барои ҳар касе китоб аст».

Арбоби намоёни сиёсӣ Элиам Плутарко гуфта буд: «Агар модар набошад, ҷисми инсон сохта намешавад ва агар китоб набошад, рӯҳи башар парвариш намеёбад». Ҳар яки моро лозим аст, ки шавқи китобхонии кӯдаконро бедор намуда, онҳоро ҳавасманд созем, зеро ба китоб майл намудани насли наврас кафили солимфикру болидарӯҳ ба воя расидани онҳо хоҳад буд.

Бахтинисо Ғуломовамураббияи ширхоргоҳ — кӯдакистони № 117-уми шаҳри Душанбе