Китоб — равшангари дилҳо

№45 (3839) 12.04.2018

Чанде пеш дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари  ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои кишвар дар  мавзӯи «Китоб — равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис­тон», ки аз 15-уми апрел то 15-уми май  ба нақша гирифта шудааст,  доир гардид.

Дар он вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ш. Орумбекзода, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Қ. Ғуломзода, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Қ. Бӯриев, директори ПИТФИТ Ш. Комилзода, адибон Алӣ Бобоҷон ва Азизи Азиз, директори нашриёти «Адабиёти кӯдакон» С. Завқӣ ва дигарон маърӯза намуда, оид ба фестивали зикр­шуда, ки «Сайри китоб» номгузорӣ шудааст, ибрози ақида карданд.

Дар доираи чорабинӣ лои­ҳаи «Системаи бақайдгирӣ ва муроҷиати электронии истифодабарандагони китобхона» аз тарафи корманди китобхона Фирдавсӣ Толибов ва масъули ширкати «ВАВИЛОН» Алиҷон Баротов муаррифӣ гардид.

Дар ҷамъбаст иштирокчиёни оид ба беҳтар ба роҳ мондани кори китобхона, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона, таҳия ва нашри адабиёти кӯдакона, ҷудо намудани маблағ барои хариди китоб пешниҳодҳо намуданд.

Беҷода Гуленова