Китоб — равзанае ба олами нур ва рӯшноӣ

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикор ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, тарғиби китобхонӣ ва мусоидат ба камоли ҷомеа аст.

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

китоб1Китоб гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда мепайвандад. Дониши башар аз рӯзе, ки навиштанро кашф карданд, дар сангҳо, пӯсти дарахту ҳайвонҳо ва ниҳоят, дар китобҳо гирд омадаанд. Хондани китоб ба инсон тавоноӣ медиҳад. Ин тавоноӣ дар дониши андӯхта зоҳир мегардад. Китоб аст, ки моро бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни милливу умумибашарӣ ошно месозад. Китоб аст, ки мо шахсият, афкор ва осори барҷогузоштаи Афлотун, Конфутси, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Хаём, Мавлоно, Бедил, Аҳмади Дониш ва дигаронро мешиносем.

Китоб болу пар мебахшад, аз зулмот, ҷаҳолат, нодонӣ наҷот мебахшад, аз шаби ахтарсӯзи гумроҳӣ ба сӯи фурӯғи субҳи доноӣ роҳнамун месозад. Он офтобест, ки дилҳоро, мағзҳоро, роҳҳоро, фазои зиндагиро гарму равшан мекунад.

 РЕШАИ МО ФАҲМИ МОСТ

Агар сангеро ба осмон ҳаво диҳем, он ба ҳамон андоза боло меравад, ки неруе пушти он бошад. Вақте неруи болобарандаи санг тамом шуд, ба замин суқут мекунад. Аммо як гиёҳи ба назар нозуку нотавон аз миёни хоку санг сар берун меорад, ҳатто асфалту сементро шикаста, қомат боло мекунад. Агар як инсон ҳам ба андозаи ҳамин гиёҳи кӯчак реша дошта бошад, аз зери ғаризаҳо, пучиҳо, ҳавасрониҳо, ғафлатҳо… сар мебарорад ва ифтихор меофарад. Яъне, решаи мо ҳамон фаҳм, алоқа ва интихоби мост.

Китобро хотира ё ҳофизаи башар низ мегӯянд. Ин ҳофиза аз решаи мо об хӯрдааст, бо решаи мо зиста ва пастиву баландии рӯзгор, донишу маҳорати ниёконамонро то ба мо расонидааст. Мутолиаи чунин китобҳо моро бо асли хеш, роҳи тайкардаи миллат ошно месозад. Мо наметавонем дар фазои холӣ ифтихор кунем ё бо табли дигарон бирақсему бо ҳамин худро хушҳол бисозем. Китоби рӯзгори гузаштаи моро навиштанд, мо бояд китоби имрӯзи хешро бинвисем ва ба ояндагон вогузор намоем.

Шоҳнома китоби зиндагии ниёкони мост. Дар он таърихи давлатдорӣ, бунёдкорӣ, паҳлавонӣ, қаҳрамонӣ, муборизаву набардҳо бо душманони дохиливу хориҷӣ инъикос ёфтааст. Мо бояд на танҳо ин китобро бихонем, балки Шоҳномаи даврони худро низ бинависем.

Ҳамин нуктаро ба инобат гирифта, Томас Карлила барҳақ таъкид мекунад, ки «Рӯҳи тамоми даврони гузашта дар китоб нуҳуфта аст». Ин рӯҳро ҳис кардан, ҳурмат намудан, арҷ гузоштан фарз аст. Мо дар сурате ин рӯҳро дармеёбем, ки китоб хонем. Аз китоб таърихи миллати худро биёмӯзем, дар ин баробар бо таърихи ҷаҳон ошно шавем.

 ПЕШГИРӢ АЗ ЗАВОЛИ АҚЛ

Мо — одамон фаҳмиш ва хислатҳои аҷибе дорем. Масалан, аз нодонӣ ваҳшате надорем, вале аз он метарсем, ки моро нодон гӯянд. Китоб хеле кам мехонем ё тамоман намехонем, вале донотарошӣ мекунем.

Мо ҳамеша нигарони он ҳастем, ки фарзандонамон ба гапи мо гӯш намедиҳанд, саркашӣ мекунанд, вале ҳеҷ гоҳ фикр намекунем, ки онҳо пайваста моро мушоҳида мекунанд, хислату рафтори моро таҳти назар мегиранд. Онҳо танбалӣ, фориғболӣ, китоб нахондани моро мебинанд ва пайравӣ мекунанд.

Нависандаи машҳури олам Волтер мегӯяд, ки варақҳои китоб мисли болҳое ҳастанд, ки тавассуташон рӯҳи мо ба олами нур ва рӯшноӣ парвоз мекунад. Китобхонӣ, пеш аз ҳама, тахайюлро фаъол месозад, иттилоот ва донишро афзун мегардонад.

Бо гузашти умр хотираи мо заиф мегардад, дидаву шунида, воқеаҳои аз сар гузаронида ва ҳатто симои одамонро фаромӯш мекунем. Вале китоб хондан мағзи моро варзиш медиҳад, хотираамонро барқарор месозад, фаъолияти мағзро беҳбуд мебахшад. Муҳимтарин хосияти бо китоб зистан, бо китоб нафас кашидан он аст, ки намегузорад ақл завол ёбад.

 КИТОБ ОРОМИШ МЕБАХШАД

Бо як ҳамсабақам, ки солҳо дидор надида будем, вохӯрдам. Ӯ ба китоб­ҳои дар дастамбуда ишора карда гуфт:

- Ҳоло ҳам китоб мехонӣ?

- Бале, – посух додам. Вақте фаҳмид китобхонаи шахсиамро таъмир кардааму дар ҷустуҷӯи китобҳои нав ҳастам, бо афсӯс гуфт:

- Дар ду линга китоб доштам, хонаамро таъмир кардаму надонистам чӣ кор кунам. Ба усто додам, ки ба хонааш барад, занаш дар танӯр алов карда, нон мепазад.

Ин гапро шунида, дуд аз димоғам баромад, хаёл кардам, ки ҳамроҳи он китобҳо дар танӯр сӯхтам…

Нависанда ва файласуф Мак Луҳон менависад: «Кайфияти зиндагии шуморо ду чиз таъин мекунад: китобҳое, ки мехонед ва инсонҳое, ки мулоқот мекунед». Имрӯз дастрас кардани китоб аз китобхонаҳо ва интернет хеле осон аст. Мо ҳамеша китоби мавриди ниёзи худро пайдо мекунем. Аз китобҳое, ки чопхонаҳо нашр кардаанд ва нусхаи электронии онҳо истифода мебарем. Вале китоб­ҳое, ки нашриёт чоп мекунад, баъзе вижагиҳоро дорост. Аввал ин ки вақте китобро ба даст мегиред, эҳсоси хуб шуморо фаро мегирад. Ҳатто бӯи муқова ва авроқи он ба мағзи инсон оромиш мебахшад. Сониян, вақте китобро мехаред, бароятон азизтар мешавад, зеро ҳар чизе ки ройгон ба даст меояд, осон аз даст меравад.Аз ҷониби дигар, вақте китоби электрониро мехонед, чашмонатон хаста мешаванд.

Муҳимияти дигари харидану хондани китоб дар он зоҳир мегардад, ки ҳаққи муаллифону ноширон ҷуброн мешавад.

Арабҳо зарбулмасале доранд: Китоб боғест, ки дар ҷайб ҷой мегирад. Вақте мо вориди ин боғ мегардем зиндагиамон беҳтар мегардад, адабамон афзун мешавад, огоҳии бештаре касб мекунем. Моҳиятан хондани китоб беҳтар аз тамошои филм аст. Он моро бо ҷузъиёти бештар ва дунёи фарохтар ошно месозад.

Биноан, китоб хондан даркор!

ВОРИС, «Садои мардум»