Китобхонаи миллӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа

№135 (4085) 09.11.2019

Мирализода А. (2)Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар заминаи арзишҳои таърихии ниёкон, унсурҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи ориёӣ ва бо дарназардошти ормонҳои таърихии миллат, ҳимояи манфиатҳои давлат, эҳтиром ба арзишҳои эътироф­шудаи умумибашарӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ  инчунин, аз таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигари дунё таҳия шуда, аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (04.11.2019) роҷеъ ба аҳамияти таърихии ин санади тақдирсози миллат иброз намуданд: «Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъи­кос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст».

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Конститутсияро дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба ҷомеаи мутамаддин бори дигар исбот намуданд, ки халқи тоҷик, воқеан ворисони арзандаву посдорандаи арзишҳои ниёкони хеш, хосса яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон Куруши Кабир мебошад. Ин чеҳраи мондагори миллат нахустин бор дар таърихи инсоният намунаи Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳти унвони «Устувонаи Куруш» қабул намуда, мутобиқи он дар шоҳаншоҳии паҳновари худ баробарҳуқуқии бошандагони қавму халқиятҳои сершумор ва дорои урфу оину эътиқодоти мухталифро таъмин намуд ва он то ба ҳол сарманшаи Эъломияи ҳуқуқи башар ва мояи ифтихори қавмҳои ориёист.

Қабули Конститутсия ва дар заминаи он қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёди марбут ба соҳаҳои хоҷагидории мамлакат дар зарфи 25 сол худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияти миллии мардуми кишварро таҳким бахшида, баҳри ҳифзу ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои деринаи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Баргузории Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар Китобхонаи миллӣ (22 октябри соли 2019) бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсули татбиқи мароми созандаи Қонуни олии кишвар буда, намунаи барҷастаи саҳми Тоҷикис­тон дар ҳифз ва густариши фарҳанги оламшумули ориёист. Меҳмонон, ки аз ақсои олам барои иштирок дар симпозиум ба Душанбеи гулрез омада буданд, аз зебоиву шукуфоии пойтахти кишвар мафтун гашта, ин иқдомро ҷиҳати роҳандозии корҳои тадқиқотӣ оид ба фарҳанги бостон корнамоии беназири таърихӣ ва Пешвои муаззами миллатро фарзанди шоистаи давру замон, аз дудаи Куруши Кабир, фарҳангсолору бунёдкор, аз «чеҳраҳои мондагор»-и таърихи ориё­таборон арзёбӣ карданд.

Хушбахтона, дар зарфи 25 соли татбиқи Конститутсия фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа хеле боло рафта, дар ин самт мунтазам тадбирҳои суд­манд андешида мешаванд, зеро татбиқи Конститутсия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳз ба фарҳанги ҳуқуқии мардум алоқаманд аст. Мусаллам аст, ки раванди рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳамкории соҳаҳои кишвар далолат мекунад. Чунончи дар банди 59 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018 омадааст: «Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад».

Дар ин замина саҳми китобхонаҳо ҳамчун марказҳои илмиву фарҳангӣ, махзани ганҷинаи ҳикмату андарз ва таҷрибаи рӯзгор дар самти таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бориз арзёбӣ гардида, хурсандиовар аст, ки дар даврони соҳиб­истиқлолӣ дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва алалхусус бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кишвар китобхонаҳои оммавию илмӣ кушода шуда, мардумро ба мутолиа ва рушди неруҳои инсонӣ даъват мекунанд. Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» аз 1 августи соли 2003, №32 Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии фарҳангӣ, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз лиҳози вазифаҳои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои ҳамин шакли китобхонаҳо мутобиқат менамояд.

Ба хотири дастрасии мардум ба санадҳои меъё­рӣ-ҳуқуқии кишвар, таҳияи лоиҳаи қонунҳои марбут ба соҳаи китобдорӣ, додани тавсияҳои ҳуқуқӣ ба хонандагон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази иттилооти ҳуқуқӣ фаъолият карда, яке аз толорҳо барои адабиёти соҳаи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст. Инчунин, барои дастрасии хоҳишмандон дар муассиса веб-барномаи «Маркази иттилооти ҳуқуқӣ» бо фарогирии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол буда, пойгоҳи он мунтазам таҷдид мешавад. Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 ноябри соли равон бахшида ба 25-уми солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор ва дар он масоили мубрами соҳаи ҳуқуқшиносӣ матраҳ гардид, аз зумраи тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, хоса насли ҷавон, маҳсуб мешавад.

Ба бахти мардуми шарафманди кишвар, самараи татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон имрӯзҳо сурурбахши қалбҳо, нурбахши дидаҳо, умедбахши наслҳо буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ, иброз доштанд ки:

«Бо гузашти бисту панҷ сол аз қабули ин санади бунёдии давлати соҳибис­тиқлоламон мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, ки дар Конститутсияи он инъикос ёфтааст, ҷавобгӯйи марому мақсади олии мардуми кишвар ва ҳадафҳои стратегии ҷомеа мебошад».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои таърихии миллати худро амалӣ ва барои наслҳои минбаъда давлати аз ҳама ҷиҳат пешрафта ва ҷомеаи фарҳангсолору инсонпарварро ба мерос хоҳем гузошт.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,

директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

профессор