Комёбиҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест

№26 (3506) 27.02.2016

7x9eo-WhatGrid_04Рушди соҳаи маориф ба пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад. «Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 — ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад», — зикр гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Мо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша эҳсос мекунем ва саъю талош менамоем, ки рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо орем. Дар ноҳия, дар назди шаш муассисаи таълимӣ, бо ҷалби 127 нафар кӯдак Маркази инкишофи кӯдак ташкил шуд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 9, 40 низ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолияти худро оғоз намоянд. Ҳоло тасмим гирифтаем, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эълон гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мактабҳои ноҳия ҳамчун модули нави таълиму тарбия ҷорӣ намоем , — иброз дошт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод  Файзулло Наҷмиддинов.

Иттилоъ пайдо кардем, ки соли 2015 дар 58 муассисаи таълимии ноҳия почтаи электронӣ таъсис дода шудааст. Ин иқдомро мудири кабинети методии шуъбаи маориф Тағоймурод Ғуломов чунин шарҳ дод:

- Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ Консепсияи миллӣ оид ба ташкили ҳукумати электронӣ амалӣ мегардад. Ташкили поч­таи электронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи мо низ аз ҷумлаи тадбирҳои ин раванд маҳсуб мешавад. Инак, муассисаҳои таълимӣ бо компютер таъмин буда, роҳбарони онҳо ба курси омӯзиши компютер, ки дар назди шуъбаи маориф ташкил шуд, ҷалб гардиданд. Онҳо имконият доранд, ки тавассути почтаи электронӣ аз натиҷаи фаъолияти худ ба шуъбаи маориф мунтазам маълумот ирсол намоянд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо вақти худро барои овардани ҳисоботу маълумотномаҳо сарфа накунанд, зеро баъзе деҳаҳои ноҳия, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Бӯстон дар масофаи қариб 40 километр дур аз маркази ноҳия ҷойгир аст.

Бино ба гуфти масъулин, шуъбаи маорифи ноҳия давоми сол 253 нафар омӯзгорро ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фиристода, ба ин мақсад 144000 сомонӣ маблағ сарф намудааст.

Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод низ ба пешрафти соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ менамояд. Баҳри бунёди таълимгоҳҳои наву замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмини мактабҳо бо асбобу ашёи хониш, ҳавасмандии омӯзгорон як қатор корҳо анҷом дода шудааст. Чунончӣ, бунёди бинои нави муассисаи  таълимии №3 дар деҳаи Бӯстон оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Барои муассисаи таълимии №24 ду синфхонаи иловагӣ сохта, дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 23, 26, 29, 32, 44, 46, 47, 48 бунёди синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардиданд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба 12 нафар омӯзгори ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва шаш нафар омӯзгор қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

Чанде пеш, зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода баробари зикри комёбиҳои соҳаи маориф, ҳамчунин иброз дошт, ки раванди фаъолият моро қонеъ намекунанд. Ҳанӯз дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.

- Эроди раиси ноҳия комилан дуруст аст. Кӯшиш менамоем барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва масъулияти омӯзгорон тадбирҳо андешем, — гуфт дар поёни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»