Корбасти вожаи дурафш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

№142 (3936) 24.11.2018

парчам1Дар «Шоҳнома» тамоми рукн ва оини давлатдорӣ ба таври возеҳ тасвир ёфтааст. Ҳаким Фирдавсӣ фазилату маърифат, азму ирода, матонату ҷасорат ва ҷойгоҳи баланди ниёконро хеле ҷолиб тасвир намудааст.

Дурафш аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ ифодагари шукӯҳу шавкати ҳокимият, иқтидору ифтихор, баёнгари ҳувияти миллӣ ба шумор мерафт. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ мафҳуми дурафш ҷойгоҳи хоса дошта, тасвири он басо густурда аст.

Муҳаммад Ғиёсуддин дар «Ғиёс-ул-луғот» ин вожа-дурафшро чунин маънидод кардааст: «Дурафш порчаи қумоши сегӯша, ки ба зар мунаққаш карда, бар сари алам банданд. Ва чун маънии дурафшидан ва ларзидан аст, инро низ дурафш аз он гӯянд, ки аз бод меларзад. Ва олатест, ки бад-он дар чарм сӯрох кунанд, онро ба ҳиндӣ суталӣ гӯянд».

Дар луғати «Деҳхудо» омадааст: «дирафш — фӯтае, ки дар рӯзи ҷанг бар болои дастори худ печанд, ки ба туркӣ дулуға гӯянд. Дурафш дар асл порчаи қумоше буда сегӯша, ки ба зар мунаққаш карда, бар сари алам ва кулоҳи худ мебастаанд ва ба туркӣ байрақ гӯянд ва он порча ҳамеша аз бод дар ҷунбиш буда, меларзад».

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин вожа дар шакли дурафш ва дирафш дучор мегардад ва рамзи давлат ва сипоҳро ифода менамояд:

Ҳама рӯйи кишвар дурафш асту пил,

Бубинад кунун шаҳриёр аз ду мил.

Биёвар сипоҳу дирафши маро,

Ҳамон тахту зарринакафши маро.

Аз ин байтҳо аён мегардад, ки мардуми форс-тоҷик дурафшро гиромӣ ва дар набардҳо, ҳангоми зарурат, ҳатто ба дандон медоштанд.

Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон Дирафши коваёнӣ будааст, ки онро ахтари ковиёнӣ низ номидаанд.

Шоҳ Фаридун он байрақро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот ороста буд ва арабҳо онро ҳангоми истилои Эрон ба ғорат бурданд. Фирдавсӣ ба ин маънӣ ишора карда, ибораи «дирафши коваёнӣ» — ро хеле зиёд ба кор бурдааст:

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «коваёнӣ дурафш».

Тавре зикр шуд, дар «Шоҳнома» доираи тасвири дурафш ниҳоят густурда аст. Шоир тамоми паҳлуи он — ороиш, аз кадом матоъ омода шудан, бо кадом филизоту ҷавоҳирот ороста шуданашро ба таври ҳайратангез тас­вир намудааст.

Аз ашъори шоир маълум мегардад, ки шоҳони эронӣ ба ороиши дурафш аҳамияти хоса зоҳир намуда, матоъҳои аълосифат­ро интихоб мекардаанд. Дар «Шоҳнома» бештар ибораи дурафши парниён дучор мешавад. Маълум мегардад, ки дурафшро бештар аз парниён тайёр мекардаанд.

Аз муҳтавои байти зер зоҳир аст, ки пардаи дурафш аз матои парниён ва дебои чинӣ, ки матоъҳои аълосифат буданд, омода мегардид:

Зи бас найзаву парниёнӣ дурафш,

Ситора шуда сурху зарду бунафш.

Тавре аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ниёкони мо дурафшро бо филизот ва ҷавоҳироти қиматбаҳо, пеш аз ҳама, бо зар (тилло) оро медоданд. Найзаи дурафшро аз тилло мекарданд, ки он қудрату тавоноиро ифода менамуд. Аз таъсири нури офтоб ҷилою дурахши он зиёд мегардид, ки шодиву фараҳ мебахшид ва қуввати рӯҳу ҷисмро зиёд карда, омили зафармандӣ мешуд.

Шери заррини дурафш ифодакунандаи шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ, ҷасорату матонат аст. Ин рамзҳо боиси баланд гаштани рӯҳияи лашкар ва ғолибияти он мегардиданд:

Дурафше паси пушт пайкаргуроз,

Сараш моҳи симину боло дароз .

Пардаи дурафшро бо сангҳои қиматбаҳо оро медоданд. Дар байти зерин бо санги қиматбаҳои гуҳар оро дода шудани дурафш омадааст:

Яке шерпайкар дурафши бунафш,

Дурафшон гуҳар дар миёни дурафш.

Моҳиятан дурафшро, ки мояи ифтихору воситаи баланд бардоштани рӯҳияи лашкар буд, дар боми қасру кӯшкҳо, девори дижҳо ва манораҳо меафрохтанд. Дар набардгоҳ низ ҷойи дурафш ҳамеша баланд буд. Он ҳатман аз қади сипоҳиён ва пилону сутурону аспон бояд баландтар меистод. Ҳамчунин, барои афзалияти худро ба гурӯҳи муқобил нишон додан, қади онро бузург месохтанд:

Чу пайдо шуд он фарру авранги шоҳ,

Дурафши бузургеву чандин сипоҳ.

Фирдавсӣ барои ифодаи ин паҳлуҳои дурафш номи мавҷудот ё ҳайвонҳои бузургҷусса ва қавипайкар — аждаҳо, шер, пил, паланг, гург, гуроз, говмеш, дарахт, моҳ, офтоб, ахтарро ба кор мебаранд.

Дар «Шоҳнома» пайкари дурафш бештар ба аждаҳо монанд карда шудааст:

Дурафшаш бидид аждаҳопайкар аст,

Бар он найза бар шери заррин сар аст.

Ташбеҳ ба пил:

Ҳанӯз андарин буд, ки гарде бунафш,

Падид омад он пилпайкар дурафш.

Ташбеҳ ба паланг:

Дурафше бароварда пайкарпаланг,

Ҳама аз дурафшаш биёзад ба ҷанг.

Ташбеҳ ба гург:

Зи теғи далер он ҳаво шуд бунафш,

На пайдост он гургпайкар дурафш.

Ба ғайр аз ин, Фирдавсӣ дурафшро ба ҷирмҳои осмонӣ низ монанд кардааст, ки ба бузургӣ ва шаҳомати он алоқаманд аст:

 Ташбеҳ ба хуршед (офтоб):

Яке зард хуршедпайкар дурафш,

Сараш моҳи заррин, ғилофаш бунафш.

Ташбеҳ ба моҳ:

Дари хайма дар пеши пардасарой,

Яке моҳпайкар дурафше ба пой.

Барои дурафш рангҳое интихоб мегарданд, ки дӯстдошта, зебо, рӯҳафзо ва фараҳангез бошанд.

Дурафши аввалинро Фаридун бо зару ҷавоҳирот оросту рангҳои сурху зарду бунафш зад ва онро дурафши ковиёнӣ номид:

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «коваёнӣ дурафш».

Ранги сурх рамзи озодӣ, хушбахтӣ, рӯсурхӣ, ранги зард рамзи офтоб, гармӣ (чунки Эрон кишвари офтобӣ буд) ва ранги бунафш шодию фараҳро ифода мекард. Ранги сафед рамзи сулҳу оромиш, хушбахтӣ, покизагӣ аст. Дар забон ҳам ибораҳои бахти сафед, роҳи сафед истеъмол мешавад, ки маънои хушбахтиро дорад. Ин ранг ҳам дар дурафши мо аз қадимтарин даврон истифода мегардид:

Чу барзад зи дарё дирафши сафед,

Ситора шуд аз тирагӣ ноумед.

Ҳамчун муродифоти дурафш - ахтар, парчам, ливо, алам, роят, байрақ, ялав, дулуғаро истифода мебаранд, вале дурафш, ахтар, парчам калимаҳои тоҷикӣ ва ливо, алам, роят арабӣ; байрақ, ялав, дулуға туркӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, вожаи дурафш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин хотир, месазад, ки ин мавзӯъ мавриди пажӯҳиши густурда қарор гирад.

Сафаргул Ҳалимова, номзади илмҳои филология, устоди кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ