Дар тарбияи насли наврас ҳама масъулем

Косташавии ахлоқ аз куҷо ибтидо мегирад?

№12 (3158) 05.02.2014

Таълиму тарбияи фарзанд масъалаи муҳим буда, фаъолияти дастаҷамъонаи падару модар, мактабу давлат ва ҷомеаро тақозо дорад. Тарбияи фарзанд ба  гурӯҳи ҳуқуқ ва  уҳдадориҳои  конститутсионии ҳар як падару модар  мансубанд. Ин принсип дар қисмҳои якуми моддаҳои 33 ва 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки падару модар дар оиладорӣ баробарҳуқуқанд ва барои тарбияи фарзандони худ масъулият бар дӯш доранд.

Дар моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои иҷро накардани ин талабот нисбати падару модар ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тариқ,  заминаҳои комили ҳуқуқӣ мавҷуданд, то ин ки насли наврас ҳамаҷониба ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Мақсади ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танҳо муҷозоти волидайн набуда, балки таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, илмомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошад. Наврасоне, ки одобу ахлоқ ва дониши кофӣ доранд, намуна ва аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд. Аз таълиму тарбия дур мондани наврасон боиси костагии ахлоқу одоб гардида, онҳо даст ба амалҳои номатлуб, ҳатто ҷиноят, мезананд.

Аз суҳбат бо сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Маҳмадзоир Наруков маълум гардид, ки ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон соли гузашта 725 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012- ум 100 адад ё 16 фоиз зиёд мебошад. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон гуногунанд. Дар амалҳои  ҷиноятии вазнин иштирок доштани онҳо низ ба қайд гирифта шудааст. Чунончӣ, соли гузашта як ҳолати одамкушӣ аз ҷониби онҳо ба қайд гирифта шуд, соли 2012 –ум панҷ ҳолати чунин ҷиноятро ноболиғон содир карда буданд.

Аз амалҳои содирнамудаи онҳо дуздӣ (433 ҳолат) бештар мебошад. Ғоратгарӣ, авбошӣ, расонидани зарар ба саломатӣ намудҳои дигари ҷиноятанд, ки ноболиғон бештар ба он даст мезананд.

Соли гузашта аз ҷониби кормандони милитсия шаш ҳолат ошкор гардид, ки наврасон ба тайёр кардан ва истеъмоли моддаҳои нашъадор машғул буданд.

Дар 725 ҳолати содиршавии ҷиноят, ки  порсол ба қайд гирифта шуда буд, 738 нафар  ноболиғон иштирок доштанд. Аз ин ҳисоб 52 нафар духтарони ноболиғ мебошанд. Аз полковник Маҳмадзоир Наруков фаҳмидан хостем, ки духтарон ба кадом намуди ҷиноят бештар даст мезананд.

Маълум шуд, ки духтарон бештар дуздӣ карда, зиёдтар «дӯстдор»-и телефонҳои мобилӣ ва ҷавоҳирот будаанд. Бо ҳар восита онҳо баъзе нафарони зудбоварро фиреб медиҳанд ё меҳмони нохондаи чунин шахсон  мешаванд. Фурсати муносибро истифода бурда, аз хона бо дасти холӣ берун намеоянд. Ҳар чизи каме арзишдоштаро ба ҷайб мезананд. Маъмулан чунин  духтарони ноболиғ кӯчагард мебошанд, рағбат ба хондан ё касбукор надоранд.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи  кӯдакро танзим  менамоянд, бояд ба ин раванд мусоидати бештар дошта бошанд. Мутаассифона, баъзе ноболиғоне, ки хонандагони мактаб ва дигар муассисаҳои таълимиянд, ҷиноят содир намудаанд. Чунончӣ, соли гузашта аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 198 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, се хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ ва ҳафт нафар аз муассисаҳои миёнаи махсус бо амалҳои гуногуни ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуданд.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳо 515 нафар  ноболиғонеанд, ки кору таҳсил намекунанд ва чор нафарашон такроран ҷиноят содир  намудаанд. Чунин ноболиғони нокораю оворагардро калонсолон барои иҷрои амалҳои ҷиноятии худ истифода  мебаранд. Бештар  калонсолон онҳоро дар дуздӣ, авбошӣ, ҳамчунин авбошии гурӯҳӣ истифода карда, мақсадҳои ғаразноки худро иҷро кардан мехоҳанд. Соли гузашта 22 амали ҷиноят, ки калонсолон дар якҷоягӣ бо ноболиғон содир намудаанд, ба қайд  гирифта шуд. Аз ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо содир шудааст, қаллобӣ (12 адад),  ғоратгарӣ (22 адад), авбошӣ (61 адад) ва ғайра мебошанд.

Соли 2013 нисбати ноболиғон 526 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баррасӣ гардид. Зиёдшавии амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ноболиғон бештар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷаи дур мондан аз таълиму тарбия, беназоратии падару модарон наврасону ноболиғон ба амалҳои ношоям ва ҷиноят даст мезананд. Чунончӣ, дар  муноқишаҳои гурӯҳӣ ноболиғон низ иштирок  мекунанд ё онҳоро истифода мебаранд. Порсол дар ҷумҳурӣ 16 ҳолати муноқишаи гурӯҳӣ ба қайд гирифта шуд, ки нуҳ ҳолати он дар шаҳри Душанбе рӯй дода буд.

Вақтҳои охир амалҳои  номатлуберо қисме аз ҷавонону наврасон тақлид мекунанд, ки ба фарҳангу муқаддасоти миллии мо бегонаанд. Чанде пеш гурӯҳи ҷавонону ноболиғоне аз ҷониби кормандони милитсия ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оварда шудаанд, ки беҳудагардию авбошӣ мекарданд. Баъзеи онҳо ҷойи бадани худро холкӯбӣ карда буданд. Холкӯбӣ ё тасвири ҳар гуна нақш дар бадан дар ҳеҷ давр хоси одат, рафтору одоби мардуми мо набуд. Он аз нигоҳи дини ислом низ  мамнӯъ мебошад. Ин қабил наврасон, ки ба «гулкорӣ»-и бадани худ машғуланд, чӣ мехоҳанд? -Нишон додани нерую бартарӣ ё ақлу дониш?  Маълум, ки ақлу заковат дар одоб, рафтори нек, аз бар кардани илму дониш ба даст меояд. Инсон бояд ботинан зебо бошад.

Овардани ин мисолҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки барои таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон корҳои  фаҳмондадиҳиро ҷоннок бояд кард. Вобаста ба ин масъала  полковник Маҳмадзоир Наруков дар идомаи суҳбат гуфт, ки  аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор соли 2013 –ум 3190 маротиба рейди амалиёти муштарак таҳти номгӯйи шартии «Наврас», «Оворагард» гузаронида шуд. Дар натиҷа 13580 нафар ноболиғон барои ҳуқуқвайронкунӣ муайян карда шуданд. Доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби риоя накардани вазифа ва уҳдадориҳо нисбати 6310 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо фиристода шуд. Аз ин ҳисоб 5494 нафар ба маблағи 228 ҳазору 178 сомонӣ ҷарима шуданд. Онҳое, ки такроран ҷиноят содир намудаанд, дар қайди мақомоти милитсия ва таҳти назорат мебошанд.

Порсол дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аз он кишвар 75 нафар кӯдакони ноболиғ оварда шуданд. Онҳо кӯдаконе ҳастанд, ки бо ҳар сабаб бепарастору бе ҷойи муайяни зист монда буданд.

Ба қабулгоҳ -таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти мазкур порсол 323 нафар ноболиғ оварда шуд, ки онҳо асосан  ба оворагардӣ, талбандагӣ машғул буда, қисме гум шуда буданд. Аз ин шумора 309 нафарашон ба оила баргардонида, 14 нафари дигар ба мактаб- интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ фиристода шуданд.

Полковники милитсия Маҳмадзоҳир Наруков дар иртибот ба таълиму тарбияи наврасон иброз намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мактабу донишгоҳҳо суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Бо вуҷуди ин, ӯ андешидани тадбиру чорабиниҳоро нокофӣ меҳисобад. Дар мавриди таълиму тарбияи насли наврас маърифати кулли ҷомеа зарур аст. Беҳбуди таълиму тарбия ба ҳамкориву  робитаи зичи се  ниҳод – оила, мактаб, ҷомеа вобастагӣ дорад ва дар ин раванд масъулиятшиносии баланд лозим аст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»