Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм фаъолиятро густариш мебахшад

№95 (3732) 10.08.2017

Кумитаи  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 243800 нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 52061 нафар донишҷӯ ва хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва манфиати онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешавад. Дар ин бора ва умуман фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ Рамазон Одиназода дар Пленуми якум, ки чанде пеш баргузор шуд, ҳисобот дод.

Инчунин, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, вобаста ба зиёд намудани шумораи аъзои иттифоқи касаба, бастани шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳои соҳавӣ, ҷоннок намудани ҳамкории сохторҳои иттифоқҳои касаба дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шӯрои Иттифоқи касаба, бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар мушкилиҳои соҳа ибрози андеша намуд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонзода аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ баҳри рушди ҳамкорӣ тамоми чора андешида мешавад.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул  ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мушаххас гардиданд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»